Президенти Ӯзбекистон бо Канслери Олмон рушди вазъияти минтақаро баррасӣ намуд

18 август Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Канслери Федералии Олмон Ангела Меркел мулоқоти телефонӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат сарони ду кишвар масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ намуда, оид ба вазъи кунунии минтақа дар заминаи таҳаввулот дар Афғонистон табодули назар карданд.
Мувофиқати мавқеъ ва равишҳои ду кишвар дар масъалаҳои пешгирии шиддати вазъ ва хушунат дар ин кишвар, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли сиёсии муноқишаи Афғонистон алоҳида қайд гардид.
Аҳамияти идома додани мутобиқати наздик ва ҳамкории фаъоли байниидоравӣ дар масъалаҳои амалӣ гардондани амалиёти башардӯстона оиди бо нақлиёти ҳавоӣ эвакуатсия кардани шаҳрвандон аз Афғонистон ба Олмон бо тарнзит ба воситаи ҳудуди Ӯзбекистон қайд гардид.
Созишнома дар бораи нигоҳ доштани робитаҳои мунтазам дар сатҳи олӣ ва баланд оид ба масъалаҳои рушди минбаъдаи вазъият дар минтақа ба имзо расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ