Дидори се авлод


Рӯзи 19 август дар шаҳр тадбири маънавӣ-маърифии “Дидори се авлод” баргузор шуд.
Чи тавре, ки аз номи тадбир равшан аст, дар ин рӯз пиронсолон, миёнсолон ва ҷавонони фаъол аз саросари вилоят ҷамъ омаданд. Онҳо нахуст дар зери оҳангҳои ватандӯстона дар пояи муҷассамаи Амир Темур дар Хиёбони донишгоҳ гулдастаҳо гузоштанд.
Дар қисми дувуми тадбир иштироккунандагон бо фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии “Роҳи абрешим” ва Маркази ахбор-китобхонаи шаҳр ба номи А. Пушкин шинос шуданд. Кормандони донишгоҳ ва китобхона ба ҳозирон дар бораи дирӯзу имрӯзи муассисаи худ, дар бораи ҷанбаҳои фаъолияти худ маълумот доданд.
Сипас, иштироккунандагон бо автобусҳои замонавӣ барои тамошои дигаргуниҳои шаҳр раҳсипор шуданд. Дар ҳар автобус якнафарӣ роҳнамо барои маълумот додан оиди ҷараёни ин бунёдкориҳои шаҳр буд. Онҳо аз ҷараёни сохтусози “Samarkand City” ва шаҳраки зебои Қорасув дидан карданд. Тамошогаҳи навбатӣ Корхонаи металлургияи Самарқанд буд.
Баъди сайру саёҳат барои иштироккунандагони тадбир дар Қасри фарҳанги “Нурафшон” дастурхони пур аз нозу неъмат боз шуд. Вақте, ки пиронсолон дар назди “Нурафшон” аз автобус берун шуданд, ҷавонон бо гулу гулдастаҳо онҳоро пешвоз гирифтанд. Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов низ аз онҳо истиқбол кард.
Ҳокими вилоят дар суханронии худ дар бораи тағйироту ислоҳоти ҳамаҷониба дар вилоят ва саросари кишвар, сиёсати раисҷумҳур, дастоварду камбудиҳои соҳаҳо ҳарф зад. Ҳокими собиқи вилоят Алишер Мардиев низ аз дигаргуниҳои рӯз сухан гуфт.
Дар поёни тадбир навозандагону сарояндагони шаҳру пойтахт, аз ҷумла, Асадулло Атоуллоев, Мардон Мавлонов, Гулбаҳор Эрқулова ва ғайра барои ҳозирон барномаи консертии худро тақдим карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ