ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ БА МАМЛАКАТИ ДИГАРГУНИҲОИ ДЕМОКРАТӢ, ИМКОНИЯТҲОИ ВАСЕЪ ВА КОРҲОИ АМАЛӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Ҷавобҳои Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба саволҳои сармуҳаррири рӯзномаи «Янги Ӯзбекистон» Салим Дониёров

Савол.
Мӯҳтарам Президент, пеш аз ҳама, ба Шумо миннатдорӣ изҳор менамоем, ки ба мусоҳиба додан ба рӯзномаамон розӣ шудед.
Маълум аст, ки дар давоми панҷ соли охир дар мамлакати мо дигаргуниҳои бузурги демократӣ амалӣ мешаванд. Консепсияи «Ӯзбекистони нав» ба воқеият табдил меёбад. Шумо ҳамчун сарвари давлат, ташаббускори ин равандҳои иҷтимоию сиёсӣ ва раҳбари ислоҳгар, ки дар маркази онҳо қарор доред, дар навбати аввал мазмуну моҳияти ин дигаргуниҳоро дар чӣ мебинед?
Ҷавоб.
Пеш аз ҳама, бояд қайд кард, ки ҳар як халқ, ҳар як миллате, ки дар назди худ мақсади бузурги бунёди ҳаёти озоду мустақилона, ҷомеаи одилонаро гузоштааст, роҳи душвор, пурмашаққат ва мураккаби рушдро тай хоҳад кард.
Ба оянда бо умед ва эътимоди бузург нигоҳ карда, халқи ӯзбек, ки ҳамеша бо сабру матонат зиндагӣ кардааст, 31‑уми августи соли 1991 ба орзуи муқаддаси худ расид – Ватани азизамон истиқлолияти худро ба даст овард.
Насиб бошад, пас аз рӯзҳои башумор мо 30‑солагии ин санаи фархундаро ҳамчун як ҷашни бузург васеъ таҷлил хоҳем кард.
Дар арафаи ин иди пуршараф дар мамлакати мо тайёрии калон дида мешавад. Дар маҳалҳо корҳои калони созандагӣ ва ободонӣ бурда мешаванд. Аз ҷумла, дар масоҳати беш аз 10 гектари шафати пойтахт боғи Ӯзбекистони нав ва маҷмӯи ягонаи Истиқлол сохта мешавад. Насиб бошад, имсол мо иди аз ҳама бузург ва аз ҳама азизамонро дар ин хиёбони нав ҷашн мегирем.
Бешубҳа, дар солҳои истиқлолият дар кишвари мо дар роҳи бунёди давлат ва ҷомеаи нав корҳои таърихӣ анҷом дода шуданд, бо иродаи шикастнопазир ва иқтидори бузурги мардуми далеру шарифи мо дастовардҳои бузург ба даст оварда шуданд. Дар як муддати таърихии кӯтоҳ Конститутсияи кишвари мо – Қонуни асосии мо таҳия ва қабул карда шуд. Мамлакати мо ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми сазовор ишғол кард. Дар Ӯзбекистон асосҳои давлатдории муосир гузошта, ба сохти конститутсионӣ асос гузошта шуд. Се шохаи мустақили ҳокимият – ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ таъсис дода шуданд. Давлати ба маънои том конститутсионӣ барпо карда шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи ба ҳифзи боэътимоди соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, дахлнопазирии сарҳадҳоямон, ҳаёти осоиштаи халқамон ва манфиатҳои миллиамон қодир ташкил карда шуд. Асъори миллиамон – сӯм ҷорӣ карда шуда, захираҳои тиллову асъор ташаккул ёфт.
Таърихи қадимаи мо, мероси ғании фарҳангӣ, ҳуввияти миллӣ ва арзишҳои маънавӣ эҳё шуданд.
Ман шодам, ки имконияти дар ин равандҳои фаромӯшнашавандаи таърихи муосири мо фаъолона иштирок намуданро пайдо кардам.
Бояд қайд кард, ки дар баробари даст­овардҳои бузург дар рушди мустақил роҳи мо аз баъзе хатогиҳо ва камбудиҳо холӣ набуд. Худи вақт, пуризтироб ва норавшан, равандҳои ба баромадан аз баҳри сохти мустабид ва бунёди ҷомеаи демократӣ нигаронидашуда, мушкилоти гуногуне, ки мо қаблан бо онҳо рӯ ба рӯ нашуда будем – ҳамаи ин дар назди мо вазифаҳои нави мураккаб мегузошт. Ба туфайли дониш ва таҷриба, ирода ва матонат мо асосан онҳоро ҳал кардем, аммо на ҳамеша.
Аз ин рӯ, рушди кишварамонро ба сатҳи нави баландтар бардоштан, барои ин татбиқи ислоҳоти нав ба зарурати объективӣ, аз ҳама муҳимаш вазифаи стратегӣ табдил ёфт.
Дар омади гап, калимаи «нав» барои мо аҳамияти алоҳида дорад. Масалан, ёдовар мешавем, ки яке аз қадимтарин ҷашнҳои мо Наврӯз – Рӯзи нав ном дорад. Арзишҳо ва анъанаҳои марбут ба ин ҷашни бостонӣ дар ҳаёти мо чунон ҷой гирифтаанд, ки мардуми мо дар тӯли асрҳо, чунон ки шоир ва мутафаккири бузург Алишер Навоӣ гуфтааст, «Ҳар шаб баарзиш бошад, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!» бо таманноҳои нек ва ниятҳои пок зиндагӣ мекунанд.
Хуб маълум аст, ки дар ибтидои асри гузашта ниёгони ватандӯсту миллатдӯсти мо ғояҳои «ҷадидизм», яъне ғояҳои навсозӣ ва озодӣ, адолат ва баробарӣ, илму маърифат ва худшиносии миллиро байрақ карда, далерона ба майдони мубориза баромаданд. Маънои тамоми ҳаёти ин шахсони фидокор ин буд, ки мардуми Туркистонро, ки дар гирдоби ҷаҳолат ва пасмондагӣ монда буданд, бо роҳи мусаллаҳ сохтани онҳо бо илмҳои дунявӣ ва касбҳои пешрафта ба роҳи рушди умумбашарӣ бароранд.
Мактабҳо, театрҳо, китобхона ва осорхонаҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо ва ҷамъиятҳои хайриявие, ки ба мақсади барои таҳсил ба хориҷа фиристодани халқи Туркистон ҷадидон таъсис додаанд, мардуми моро аз ҷаҳолати чандинасра бароварда, ба онҳо барои ҳаракати озодихоҳии миллӣ қувваи бемисл бахшидаанд. Мутаассифона, дар кишвари мо барпо шудани диктатураи болшевикӣ, идомаи сиёсати мустамликавии подшоҳӣ имкон надод, ки гузаштагони равшанфикри мо ҳадафҳои худро пурра амалӣ намоянд. Аммо орзуву ниятҳои неки онҳо дар хун ва хотираи таърихии мардуми мо ҳифз шудаанд ва ҳоло ҳам зиндаанд, гӯем айни ҳақиқат хоҳад буд.
Бо ин маъно, дар замири ғояи «Ӯзбекистони нав», ки имрӯз аз қалби тамоми халқ амиқ ҷой гирифта, ба ҳаракати умумимиллӣ табдил меёбад, чунин аҷдодони бузургамон, умуман, орзуву саъю кӯшиш ва ормонҳои алломаҳоямон, ки дар таърихи миллиамон ба давраҳои Якум ва Дуюми эҳё асос гузоштаанд, ниҳонанд, гӯем хато нахоҳем кард.
Таърихи башарият нишон медиҳад, ки равандҳои бедории маънавӣ дар ҳаёти ҳар гуна халқ ба дарки ҳуввияти миллӣ меорад ва рушди иқтисодӣ ва фарҳангии кишварро ба сатҳи нав мебардорад. Ҳамаи мо медонем, ки чунин як падидаи нодири иҷтимоӣ «Эҳё»-ро – бедоршавӣ, аз нав барқароршавӣ, пешрафт меноманд.
Маълум аст, ки замини Ӯзбекистони имрӯза дар замонҳои қадим гаҳвораи ду эҳёи бузург – Якум (маърифат – асрҳои IX–XII) ва Дувум (Темуриҳо – асрҳои XIV–XV) Эҳё буд. Ин як далели таърихист, ки дар илми ҷаҳон исбот ва эътироф шудааст.
Холо дар мамлакати мо боз як ҷараёни муҳими бедоршавӣ ба амал омада истодааст. Аз ин рӯ, калимаҳои «Ӯзбекистони нав» ва «Эҳёи сеюм» дар зиндагии мо ҳамоҳанг садо медиҳанд ва мардуми моро ба ҳадафҳои бузург илҳом мебахшанд.
Имрӯз Ӯзбекистон ба мамлакати дигаргуниҳои демократӣ, имкониятҳои васеъ ва корҳои амалӣ табдил меёбад. Маҳз ҳамин раванд барои ман бузургтарин натиҷаи ислоҳотамон мебошад. Чунки, дақиқии мақсад муҳимтарин меъёрест, ки самаранокии амалҳоро таъмин мекунад.
Агар мо мазмуну моҳияти Стратегияи амалиётро, ки панҷ сол пеш қабул шуда буд, мухтасар ифода намоем, дар ин ҳуҷҷати беназир мо дар назди худ вазифаҳои бузурги барпо намудани Ӯзбекистони нав ва гузоштани таҳкурсии Эҳёи сеюмро ҳамчун мақсади стратегӣ гузоштем.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки бунёди Ӯзбекис­тони нав – ин танҳо ҳоҳишу ният, рӯйдоди субъектив набуда, балки зарурати объективист ва асосҳои амиқи таърихӣ дорад, ки вазъияти мавҷудаи сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маънавию маърифатии мамлакатамон тақозо намуда, ба орзуҳои қадимаи мардуми мо хос, ҷавобгӯи манфиатҳои миллии он мебошад.
Ӯзбекистони нав – ин давлатест, ки мақсади асосии он таъмини ҳаёти озод, некӯаҳвол ва фаровони халқи бисёрмиллати мо мебошад. Ин давлатест, ки ба таври қатъӣ мутобиқи меъёрҳои аз ҷониби умум дар соҳаи демократия, ҳуқуқу озодиҳои инсон эътирофшуда, ки ба принсипҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ асос ёфтааст, рушд мекунад.
Ман намехоҳам дар бораи натиҷаҳое, ки мо дар муддати таърихан кӯтоҳ ба туфайли ислоҳот ба даст овардаем, муфассал ҳарф занам. Перомуни ин мавзӯъ дар матбуоти ватанӣ ва хориҷӣ андешаҳои ходимони бонуфузи давлатӣ ва сиёсатмадорон, коршиносон ва таҳлилгарон мунтазам нашр мешаванд.
Чунин баҳоҳои холисона ҳамаи моро шод мегардонад. Ҳамзамон мехоҳам таъкид намоям, ки мо ин тағйироти демократиро на ба хотири маъқул шудан ба касе, таърифкунӣ, дохил шудан ба рейтингҳои гуногун, балки аз он сабаб амалӣ мекунем, ки равандҳои демок­ратӣ ба худи мо мисли обу ҳаво муҳиманд, бо дарки ҳаёти имрӯза ва дурнамои фардои халқамон, пеш аз ҳама, авлоди ҷавон дар роҳи манфиатҳои миллиамон амалӣ менамоем.
Мо, шаҳрвандони Ӯзбекистон, беш аз ҳама эҳсос мекунем, ки симои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи мо босуръат тағйир меёбад ва дар ҳаёти мо муносибатҳои нав, имконот ва арзишҳои нав ташаккул меёбанд. Аз ҷумла, қобили таваҷҷӯҳ аст, ки «ҳуқуқ ва озодиҳои инсон», «волоияти қонун», «ошкороӣ ва шаффофият», «озодии сухан», «озодии дин ва эътиқод», «назорати ҷамъиятӣ», «баробарии гендерӣ», «дахлнопазирии моликияти хусусӣ», «озодии фаъолияти иқтисодӣ» барин мафҳумҳои фундаменталии демократӣ ва малакаҳои ҳаётӣ ҳоло ба воқеият табдил меёбанд.
Мо бояд як ҳақиқатро ошкоро эътироф кунем: бо мурури замон раванди ислоҳот густариш меёбад ва замони пуршиддат дар наздамон вазифаҳои боз ҳам бузургтарро мегузорад. Худи ҳаёт ба мо бисёр чизҳоро меомӯзонад. Ин аст, ки мо пайваста дар пайи ҷустуҷӯ ҳастем. Табиист, ки дар он ҷое, ки ҷустуҷӯ ҳаст, дар баробари муваффақиятҳо камбудию норасоиҳо низ мешаванд.
Аз ҳама асосиаш, тавре ки мегӯянд, «дар ҳаракат баракат аст», мо зинаи душворро паси сар намудем, яъне, роҳамонро интихоб карда, даст ба корҳои бузург задем. Акнун ҳамаи корҳо ба қотеона идома додани ислоҳотҳо ва расидан ба натиҷаи мантиқӣ вобаста аст. Ин, албатта, осон нест, аммо мо ба ин қодирем. Муҳимаш, дар солҳои баъдӣ барои ба амал татбиқ намудани чунин вазифаҳои мураккаб заминаи сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ташкилию институтсионалӣ фароҳам оварда шуд.
Савол.
Сабаб чист, ки дар мамлакатамон дар ҷараёни ба амал татбиқ намудани ислоҳотҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, маънавию маърифатӣ ба ҷорӣ намудани тамоюли муҳими конститутсионии «Бояд на халқ ба идораҳои давлатӣ, балки идораҳои давлатӣ ба халқ хидмат кунанд» эътибор дода мешавад?
Ҷавоб.
Ман тӯли солҳои зиёд, шурӯъ аз зинаҳои поёнӣ то зинаҳои миёна ва баландтарини идораи давлатӣ дар вазифаҳои пурмасъул кор кардаам. Депутати Олий Маҷлис низ будам. Биноан, бо боварии комил гуфта метавонам, ки ҳамаи камию костиҳои сохтори идораи кӯҳна, мушкилотеро, ки аҳолиро азият медиҳад, нисбат ба дигарон бештар медонам.
Дар сухани ҳикматноки бобои бузургамон Амир Темур «Адолат – асоси давлат ва шиори роҳбарон аст», ки дар пештоқи қароргоҳи Оқсарой, воқеъ дар Шаҳрисабз, ҳак шудааст, маънои амиқ нуҳуфта аст.
Пайдост, ки аз азал панди аҷдоди мо ба насли ҷавон ин будааст: «Зулмро пеша макун, боинсоф бош, ҳисори адолат бунёд намо». Мо низ дар мавриди ислоҳи сохтори судию ҳуқуқӣ такя ба ин талабҳои содаю ҳаётӣ намудем. Хоссатан, ғояи «Бояд дар шуури судя – адолат, дар забонаш – ҳақиқат, дар дилаш – покӣ бошад»-ро ба миён гузоштем ва ба татбиқи он шурӯъ намудем.
Дар ин маврид бояд бигӯям, ки дар мамлакатамон идораҳои давлатию ҳокимиятӣ тӯли солҳои зиёд аз халқ дур шуда буданд.
Аз нигоҳи сиёсию ҳуқуқӣ ба давлат чунин таъриф дода шуд: «Мақомоте, ки хоҳишу иродаи халқро ифода менамояд». Давлатро кӣ ташаккул медиҳад? Халқ ва намояндагони мухтори он. Биноан, давлат ва мақомоти он бояд қабл аз ҳама ба кӣ хидмат кунад? Албатта, ба халқ, ба шаҳрвандоне, ки бо боварӣ ба соҳибмансабони гуногун овоз додаанд.
Ба ин маънӣ, халқамон ба розӣ будан аз хидмати давлат ҳамаҷониба ҳақ ва сазовор аст.
Ҳокимияти давлатии дар асоси ана ҳамин тамоюлҳо барпо гардида, ба маънои томаш ҳокимияти халқӣ ва демократӣ маҳсуб меёбад. Решаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавию маърифатии чунин давлату ҷамъият мустаҳкаму нерӯманд мешавад. Ин аст, ки мо сабук гардондани бори гарони халқ, сари вақт ҳаллу фасл намудани мушкилоти ӯ, беҳ сохтани сифату дараҷаи ҳаёти одамонро мақсади асосии кулли ислоҳотҳоямон қарор додаем.
Вақте ман ба сифати роҳбар ба кор шурӯъ намудам, соли 2017‑ро дар мамлакатамон «Соли мулоқот бо халқ ва манфиатҳои инсон» эълон кардем. Фикр мекунам, дарки он ки дар ин номгузорӣ ҳамин саъю кӯшишҳо таҷассум ёфтаанд, душвор нест.
Албатта, мо ҳоло наметавонем бигӯем, ки сохтори кӯҳнаро батамом тағйир дода, ба мақсади худ расидаем. Барои ин вақт лозим. Такрор мегӯям, мо ҳамеша дар ҷустуҷӯем. Дар ин роҳ қадамҳои аввалинро ниҳода истодаем. Вале онҳое, ки мегӯянд: «Ин дигаргуниҳои муваққатист, ҳамааш гузашта меравад», хато мекунанд. Ин аз самтҳои устувори сиёсати дурандешона, прагматикӣ ва халқии Президент ва командаи ӯст, ки онро бо ҳамроҳии халқамон, албатта, то охираш мерасонем, роҳи бозгашт нест.
Дар асл натиҷаи муҳимтарине, ки мо имрӯз ноил гардидем, ин аст – ислоҳотҳои демократиамон ба худ ранги бебозгашт гирифтанд.
Дар фаъолияти мақомоти давлатиамон рӯшодгӯиву ошкорбаёнӣ то рафт вусъат пайдо мекунад. Сенатору депутатҳо, вазиру ҳокимон, шахсони мансабдори ҳамаи зинаҳо бо халқ ошкоро вомехӯранд, бо ғаму ташвишҳои онҳо на дар рӯйи коғаз, балки дар амал ҷиддӣ машғул мешаванд. Яъне, дари мақомоти давлатӣ, қабл аз ҳама барои халқ, ҳар як шаҳрванд боз мешавад, бо онҳо мулоқоти фаъол анҷом медиҳанд.
Мо мавҷудияти мушкилоти вобаста ба меҳнати маҷбурӣ, хусусан, меҳнати бачаҳо, бекорӣ, муфлисӣ, коррупсия, таъмини аҳолӣ бо манзили зист, таълим ва тибро ошкоро эътироф карда, онҳоро якҷо бо аҳли ҷомеаи васеъ ҳаллу фасл менамоем.
Имрӯз дар одамон ба адолат ва ҳақиқат боварӣ пайдо мешавад. Онҳо ба фаъолияти кории роҳбарони дараҷаҳои гуногун баҳои холисона медиҳанд, камбудиҳояшонро ошкоро танқид мекунанд. Ин ба рушди миллии мо аҳамияти муҳим дорад. Ба қавли шоири номиамон Эркин Воҳидов: «Ҳақиқати талх хуб аст, аммо хуб нест дурӯғи ширин».
Имрӯз ҷамъият, одамон бедор мешаванд. Ҷамъияти маънан бедор нерӯи муқтадир аст.
Худ қазоват кунед, оё чанд сол пеш ин натиҷаҳоро тасаввур кардан мумкин буд? Не, албатта. Биноан, ҳамаи асосҳоро дорем, бигӯем, ки Ӯзбекистони имрӯза Ӯзбекистони дирӯза нест, халқи имрӯзаамон низ халқи дирӯза нест.
Дар айни ҳол набояд ҳақиқатеро фаромӯш кунед: Ӯзбекистони кунунӣ ба маънои томаш ҳанӯз он Ӯзбекистони наве нест, ки мо орзу мекунем. Ҳоло барои ба ин марра расидан дар пешамон роҳи дуру пурмашаққате истодааст. Роҳамон то ин вақт осон набуд, минбаъд низ осон нахоҳад шуд. Вале мо набояд аз далерона ба пеш рафтан, агар лозим ояд, дар ниҳояти кор бо назардошти манфиатҳои халқамон, аз қабул кардани қарорҳои ғайрианъанавӣ биҳаросем.
Мана, солҳои охир доир ба бисёр масъалаҳо, аз ҷумла, доир ба баромадан аз баҳри тартиботи куҳна, мисли «бақайдгирӣ», «стикер» барои баромадан ба хориҷи кишвар, меҳнати маҷбурӣ, пешбинии фармоиши пахта ва ғалла қарорҳои басе муҳим қабул кардем.
Агар бо таъбири халқ, содатар гӯем: бо ин замину осмон як нашудааст. Баръакс, ҳолатҳои бюрократия, сӯиистеъмоли вазифа, тамаъкорӣ коҳиш ёфта, ҳаёти ҷамъиятамон озод шуд, одамон сабук нафас кашиданд. Халқамон, аҳли ҷомеаи ҷаҳон ҳам ин иқдомоти моро баланд арзёбӣ мекунанд.
Ӯзбекистони нав қабл аз ҳама муносибат ва ҷаҳонбинии нави иқтисодӣ мебошад. Биноан, сохтори иқтисодии мамлакатамон куллан нав карда мешавад, сарфи назар аз мушкилот ба татбиқи механизмҳои бозорӣ шурӯъ намудем.
Дар ҳоли ҳозир мушкилоте ба мисли тавассути банкоматҳо ба пули нақд табдил додани пули карточкаҳои электронӣ, дар «бозори сиёҳ» – як хел, дар бонкҳо дигар хел будани курси асъори миллӣ, хариди асъори хориҷӣ, гирифтани шаҳрвандӣ, дар таърих монд.
Ислоҳотҳо ба манфиати ҳамаи қишрҳои аҳолӣ таъсири мусбат доранд: соҳибкорон барои рушди тиҷорати худ ба озодӣ ва имкониятҳои нав ба нав соҳиб мегарданд, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва кластерӣ ба соҳибони ҳақиқии ҳосили рӯяндаи худ табдил меёбанд. Ҳол он ки дар давраи сохтори мустабиди собиқ бе амри «боло» қадаме ба пеш гузошта наметавонистем. Аҳвол то ба дараҷае расид, ки то боми хонаамон пахта коштем, вале косаамон сафед нашуд. Мактаббачагонро низ ба пахтачинӣ ҷалб намудем. Ба қавли шоири дӯстдоштаамон Абдулло Орипов, ки бо дард гуфта буд: «Дар милён ҷӯяк саф кашида ӯзбек» сад сол қадро дол карда пахта чиндем.
То ба наздикӣ ҳар сол тахминан 6–7 миллион одам маҷбуран ба пахта сафарбар карда мешуд. Мана, се сол аст, ки онҳо бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нестанд. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд, мо ба ин соҳа усулҳои санҷида ва самарабахши иқтисоди бозор, аз ҷумла, низоми кластерро ҷорӣ кардем. Бо кӯмаки кластер аз ҳар як гектар майдони пахта 50 сентнерӣ, аз як гектари ғалла 100 сентнерӣ ҳосил рӯёнданием. Ба ин марра, албатта, хоҳем расид.
Сад афсӯс, мушкилоте бояд зуд роҳи ҳалли худро меёфтанд, дар дигар соҳаҳо низ зиёд буданд. Бо кайфияти ҳамааш хубу соз онҳоро нодида гирифтан мумкин буд. Вале ин ба худамон, халқамон, ояндаамон хиёнат мешуд.
Рӯйирост гуфтаниям: табиатам сохтакориро намепазирад. Халқамон ба ман бовар кард, сафед кардани ин боварӣ, фароҳам овардани шароити сазовори ҳаёт ба халқу кишварамон мазмуну мундариҷаи ҳаёти ман аст. Ман, ки барои тақдири миллионҳо инсонҳо бори масъ­улиятро бар дӯш гирифтаам, наметавонам дар бахши ислоҳот роҳи дигарро пеш гирам, ҳамаашро мисли пештара ба ҳоли худ гузорам.
Такрор мегӯям: ҳамаи корҳои дар пеш истодаро бояд бо нерӯи худамон анҷом диҳем, ҳеҷ кас аз берун омада мушкили мову шуморо ҳал намекунад.
Савол.
Дар зинаи рушди имрӯзаи мамлакат вазифаҳои устувортарини дар пеш истода кадомҳоянд?
Ҷавоб.
Моҳи декабри соли сипаригардида дар Муроҷиатномаи ба Олий Маҷлис ирсолдошта дар ин хусус батафсил гуфта будам. Биноан, ба суолатон мухтасар ҷавоб медиҳам.
Вазифаи устувори якум: дар мамлакатамон сиёсати иҷтимоӣ аз самтҳои муҳиму устувори сиёсати давлатӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Дар ҳоли ҳозир баланд бардоштани сатҳи зиндагии одамон, афзудан ба фаровонии халқ, барои ин фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба вуҷуд овардани манбаъҳои даромад, коҳиш додани камбағалӣ, обод кардани шаҳру деҳот аз самтҳои муҳимтарини стратегияи иқтисодӣ маҳсуб меёбанд.
Дар кишварамон сохтори куллан нав ва ба худ хоси ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ фароҳам оварда шуд. Шумо, журналистон, албатта, аз ин бахубӣ огоҳед. Вақтҳои охир усулҳои корбарии «дафтари оҳанин», «дафтари занон», «маҳаллабаъй» ва «хонадонбаъй» айнан ба ҳамин мақсад ҷорӣ шудааст. Дар ин асос на нишондиҳандаҳои номафҳум доир ба мушкилот, балки мушкилоти мӯҳтоҷон – ҳар як шаҳрванд, занону духтарон ва ҷавонон дар ҷойи худ омӯхта мешавад, онҳо саривақтӣ ва пурсамар ҳал мегарданд.
Анъанаҳои нек, аз қабили дастгирии пиронсолон, маъюбон, инсонҳои ба вазъи ночор афтода, ғамхорӣ ба онҳо имрӯз бо мазмуну маънои нав ва ҳаракатҳои амалӣ такмил меёбанд. Дар ин хусус, хоссатан, барномаҳое ба мисли «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод», «Панҷ ташаббуси муҳим», «Ҳар як оила – соҳибкор», «Ҷавонон – ояндаи мо» натиҷаи мусбат медиҳанд.
Танҳо дар доираи «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» соли 2021 дар 7 ҳазору 794 маҳаллаю деҳоти шаҳру ноҳияҳои мамлакат қимати умумиашон 20,8 миллиард сӯмина корҳои таъмирию ободсозӣ ба амал татбиқ мегарданд. Бояд таъкид кард, ки дар тӯли таърих барои обод кардани деҳоту маҳаллаҳоямон ҳеч гоҳ ба ин миқдор пул ҷудо нашудааст, аз ҳама муҳимаш ба рушди онҳо ба ин дараҷа аҳамияти калон дода нашуда буд.
Барои ба амал татбиқ намудани чунин корҳои васеъмиқёс роҳбарон аз дафтарҳои кории шинаму бароҳати худ баромада, ба поён дар сатҳи маҳаллаҳо кор мекунанд.
Хусусияти дастгирии иҷтимоии манзилдор дар он аст, ки ба ҳар як инсони мӯҳтоҷ, бо назардошти ниёзҳои реалии ӯ, имкони кӯмак кардан ба вуҷуд меояд. Дар ин маврид ба дар канор намондани инсонҳои ба ин тоифа мансуб рӯйи эътибор гардонда истодаем.
Пешниҳоду ташаббусҳо мисли пешина на аз «боло», балки бештар аз поён шуда истодааст. Дар татбиқи онҳо бошад, даст ба ҳам додани зинаҳои поёнӣ, миёна ва болои идораи давлатӣ натиҷаи матлуб мебахшад. Бино ба ин, манзараҳои иҷтимоии ҷамъиятамон куллан тағйир меёбанд. Аз ҳама муҳимаш, боварии одамон ба ҳаёт, меҳнат, тақдир ва ояндаи худ зиёд мешавад.
Ман ин гуна дигаргуниҳоро нишондиҳандаи асосии сифатии рушди ҷамъият меҳисобам.
Албатта, баъзе нуқсону камбудиҳо дар низоми ҳифзи иҷтимоӣ мавҷуданд. Мо онҳоро зина ба зина бартараф месозем, низомро такмил медиҳем, тавре мекунем, ки натиҷаи хуб диҳад, ба ин мақсад нерӯҳои солимро сарҷамъ месозем.
Дар ба амал татбиқ намудани чорабиниҳои пайгиронае, ки дастгирии моддии мақсадноки шаҳрвандони мӯҳтоҷро дар назар дорад, эътибори асосӣ на бо дотатсия таъмин кардани қишри камтаъмини аҳолӣ, балки ба шароит фароҳам овардан ба пайдо кардани манбаи даромад ба онҳо нигаронида мешавад.
Вазифаи устувори дуюм: муайян кардани нуқтаҳои пешравӣ дар соҳаи рушди иқтисодӣ ва рӯйи эътибор гардондан ба онҳо, бад-ин тариқ, афзудан ба рақобатпазирии иқтисодиёти Ӯзбекистони нав нақши муҳим дорад.
Мисолан, бигирем соҳаи бофандагиро, ки барои мо басе муҳим аст. Корхонаҳои мо дар ин соҳа ба шарти ҳамаҷониба омӯхтани кулли ҷараёнҳои технологӣ, шурӯъ аз расондани пахта то коркарди он ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, якчанд баробар афзудани ҳаҷми содироту фоида дар ин самт метавонанд бо истеҳсолгарони кишварҳои пешрафта рақобат кунанд.
Ба мақсади ба манфиати халқу кишварамон истифода бурдани сарватҳои зеризаминӣ – ашёи хоми канори модар-­замин, бо такя ба технологияҳои замонавии самарабахш нерӯҳои истеҳсолӣ барпо мегарданд.
Ба туфайли саъю ҳаракатҳоямон дар ин росто солҳои охир объектҳои бузургу нодире, аз қабили маҷмаи азнавкоркарди гази Қандим, заводи металлургияи Тошканд ба кор шурӯъ кард. Нерӯи истеҳсолии маҷмаи металлургияи кӯҳии Навоӣ ва комбинати металлургияи Ӯзбекистон вусъат пайдо кард. Ба сифати идомаи ин корҳоямон хабар доред, ки ба наздикӣ бо ҳамкории ширкатҳои пешқадами хориҷӣ сохтмони фабрикаи нави мистозакунии комбинати металлургии Олмалиқ (қимати лоиҳавиаш баробар ба 2 млрд. доллари ИМА) оғоз ёфт.
Мо ҳангоми модернизатсия ва девирсификатсия кардани иқтисодиётамон, дар ҷараёни хусусигардонӣ танҳо на ба фурӯхтани корхонаҳо, балки ба афзудани рақобатпазирии онҳо, ба қаробатҷӯйиҳои куллан наве, ки ба таҳким бахшидани манфиатҳои миллиамон дар бахши иқтисодӣ хидмат карда тавонанд, рӯйи эътибор мегардонем. Хусусан, дар фурӯхтани активҳои давлатӣ кафолатҳое басе муҳиманд, ки шаффофӣ, самаранокӣ ва иштироки аҳли ҷомеаи васеъро таъмин карда метавонанд.
Вазифаи устувори сеюм: ҳоло дар давраи пандемияи глобалӣ ҳифзи тандурустии аҳолӣ, аз ҷумла, ба гирдоби мушкилоти худ нагузош­тани соҳибкорон яке аз мақсадҳои асосии мост. Зеро дар паси ҳар як сохтори соҳибкорӣ чандин ҷойи корӣ, даромади оилаҳо, тақдири имрӯзу фардои одамон қарор дорад.
Дар Ӯзбекистони Нав вақтҳои охир теъдоди субъектҳои тиҷоратии хурду хусусӣ ду баробар афзуд, беш аз 50 фоизи корхонаҳои ин соҳа дар се соли охир созмон дода шуданд. Ин бошад дар мамлакатамон ба афзудани нерӯи қишри муҳими иҷтимоӣ – синфи миёна замина фароҳам овард.
Ин аст, ки дастгирии тиҷорат, ҳифзи соҳибкорӣ ва мулки хусусӣ аз масъалаҳои умдаи кулли ислоҳоти иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Соҳибкорон суханони зебову баландпарвозро доир ба дастгирии онҳо бисёр шунидаанд, акнун таъсири амалии ин гапҳоро бояд дар фаъолияти рӯзмарраашон ҳис кунанд.
Замони танҳо дар вақти андозҷамъкунӣ ва санҷишҳо аз аҳли тиҷорат ёд кардан ба қафо монд. Аз ин дидгоҳ, доир ба мақбулсозии қонунгузории андоз мо хеле корҳоро анҷом додем, вале ҳанӯз дар пешамон вазифаҳои калон истодаанд. Мо, албатта, онҳоро ба амал татбиқ менамоем.
Аз ҷониби баъзе мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҳолатҳои дахолаткунӣ ба кори соҳибкорон, истифода аз «ҳуқуқи телефон», тазйиқ овардан ба онҳо ба назар мерасад. Мо сари нуқта гузоштан ба ин мушкилот кор мекунем. Агар мо соҳибкоронро дастгирӣ накунем, ба онҳо шароит фароҳам наоварем, ба теъдоди корхонаҳои хусусӣ наафзоем, вазъи буҷаи маҳаллии шаҳру ноҳияҳо беҳ намегардад.
Ҳамаи мо бояд як ҳақиқатро амиқ дарк намоем: дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ роҳи пурсамартарини афзудан ба фаровонии шаҳрвандону халқ, мақсади ниҳоии бунёди Ӯзбекистони нав мебошад.
Боварӣ дорам, ки дар ҳаллу фасли нуқсону камбудиҳои ин соҳа беш аз пеш озод кардани ҳаёти мамлакат, вусъат бахшидани рӯшодгӯйиву ошкорбаёнӣ ва назорати иҷтимоӣ нақши муҳим мебозад.
Вазифаи устувори чаҳорум: пандемия ба давраи дар кишоварзӣ ба амал баровардани дигаргуниҳо рост омад. Ин давр таъмини амнияти озуқаворӣ, дар асоси талабҳои замон ривоҷ додани сектори аграрӣ барои тамоми инсоният, аз ҷумла барои мо ҳам ба вазифаи аз ҳама пурдолузарб табдил ёфта истоданашро равшан тасдиқ намуд.
Мамлакатамон бобати хоҷагии кишоварзӣ ба иқтидори бузург, таҷриба ва анъанаҳои бой молик аст. Аммо муддати тӯлонӣ дар ин сохтор мувофиқат ба иқтисодиёти бозор ва механизмҳои рағбатноксозии моддӣ ҷорӣ карда нашуд, барои ривоҷи он маблағ ва инноватсияҳои илмӣ ба таври кофӣ ҷалб нагашт. Дар натиҷа мадори замин хушкид, ҳосилнокии хок пас рафт.
Тасаввур намоед, дар давраи истиқлолият, яне 30 соли охир аҳолии Ӯзбекистон 15 миллион нафар афзуд. Ин аҳолии як мамлакати миёна аст. Дигар ин ки бо мурури замон ва дигаргуншавии ҳаёт талаб ва эҳтиёҷоти истеъмолии одамон муттасил боло меравад. Зиёд шуда нарафтани замин ва обамон табиист, албатта. Ин гуна захираҳо нафақат дар мо, балки дар тамоми дунё маҳдуданд. Бинобар ҳамин мо бояд акнун ақл, иқтидори зеҳнӣ, дониш ва таҷрибаҳоямонро афзун гардонда, айнан ҳамин омилҳоро ба нуқтаҳои сабзиши иқтисодӣ ва манбаъҳои захиравӣ табдил диҳем.
Ин аз ҳисоби чӣ мешавад? Албатта ба ин аз ҳисоби дониш ва таҷриба, хонишу омӯзиши доимӣ, ҷустуҷӯ, майл ба навигарӣ, ҷорӣ сохтани технологияҳои нав, самаранок пеш бурдани ислоҳот муваффақ шудан мумкин.
Аз ҳамин сабаб мо дар соҳаи аграрӣ ба трансформатсияи умумию сохторӣ шурӯъ кардем. Ин соҳаро ба яке аз драйверҳои асосии иқтисодиёт табдил додан – мақсади асосии мо. Бо ин мақсад дар Стратегияи рушди кишоварзӣ, ки бо назардошти солҳои 2020–2030 кор карда бароварда шудааст, вазифаҳои асосӣ бобати рушди сохтор аниқу равшан муайян карда шудааст.
Хусусан, нақшаи дар даҳ соли охир кишоварзӣ, сектори озуқаворӣ ва деҳаҳаро босуръат тараққӣ додан ба нақша гирифта шудааст.
Тавассути дар соҳаи аграрӣ дар асоси тамоман нав ташкил кардани корҳо дар роҳи баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатбардории сохтор, дар ин самт офаридани ҳазорон ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ҳаёт дар қишлоқҷойҳо қадамҳои муҳим гузошта мешаванд.
Вазифаи устувори панҷум: дар давраи пандемия нигоҳ доштани солимӣ ва ҳаёти халқамон барои мо муҳимтарин вазифа шуда мондааст. Бо ин мақсад аз буҷаи давлатӣ барои соли 2021 3 триллион сӯм захира ташаккул дода шуд. Аз ҳисоби ин маблағ чораҳои зиёд дар соҳаи тиббиёт, аз ҷумла, чораҳои эмкунии аҳолӣ алайҳи коронавирус ба амал бароварда мешавад.
Дар тамоми муассисаҳои табобатӣ ба афзунсозии хидматҳои масофавӣ, ба тарзи электронӣ ташкил кардани корҳо дар полик­линика ва касалхонаҳо, дар байни марказҳои тиббиёти ихтисосонидашудаи ҷумҳурӣ ва филиалҳои онҳо хидмати телемедитсинаро ба роҳ гузошта, барои диагностика ва муолиҷа боз ҳам васеъ намудани имкониятҳо эътибори алоҳида нигаронида мешавад.
Чораҳои пурзӯрсозии зинаи ибтидоии тиббӣ, хусусан, дар деҳа ва маҳаллаҳо ба давраи нав бардоштани хидмати тиббӣ андешида мешавад. Аз ҷумла, дар зинаи ибтидоӣ ба ҷои воҳиди штатии шифокори амалиёти умумӣ «бригадаҳои тиббӣ»-е ташкил карда мешаванд, ки аз шифокори оилавӣ ва 5 нафар ёрдамчиёни ӯ аз ҳисоби ходимони тиббиёти миёна ташкил карда шудааст.
Ҳарчанд дар мамлакатамон барои кушодани клиникаҳои тиббии хусусӣ имкониятҳои васеъ офарида шудааст, дар ҷойҳо оиди хидматҳои гемодиализӣ, диагностикаи тиббӣ ва реабилитатсия беморхонаҳо намерасанд. Аз ҳамин сабаб барои афзунсозии лоиҳаҳо дар асоси шарикии хусусӣ-­давлатӣ, таъмини 170‑то иттиҳодияҳои тиббии ноҳия ва шаҳрҳо бо томографҳои компутерӣ, барои истифода аз онҳо баланд бардоштани малакаи ходимон корҳои амалӣ оғоз ёфтанд.
Боз як муаммои дигар дар тиббиёт – нарасидани кадрҳои баландмалака мебошад. Аз ин рӯ эътиборан, аз соли таҳсили нав квотаи қабули ординатураи клиникӣ ду баробар афзуд. Ҳокимияти вилоятҳо дар омодасозии ҳамин гуна мутахассис-­шифокорон барои ҳудуди худ аз буҷаи маҳаллӣ грантҳо ҷудо менамоянд.
Дар мамлакатамон оиди трансплантатсия кардани узвҳои инсон ба кор карда баровардани асосҳои қонунӣ шурӯъ намудем. Пештар, бинобар мавҷуд набудани базаи меъёрию ҳуқуқӣ дар ин самт, шахсе, ки донорӣ мекунад ақрабои наздики бемор набошад, ба трансплантатсия рухсат дода намешуд. Аксарият шаҳрвандонамон ин гуна ҷарроҳии тиббиро дар хориҷ мегузаронданд, онҳое, ки барои баромадан ба хориҷ қурбашон намерасид, ба ҳоли ногувор меафтоданд.
Яке аз масъалаҳое, ки моро ба вазъи душвор мегузорад, ҳолати коррупсионӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Танҳо соли гузашта дар сохтор талаву тороҷ намудани бештар аз 30 миллиард сӯм маблағ аниқ гашт ва айбдорон ба ҷазо кашида шуданд. Аз ин сабаб, дар ин соҳа ба татбиқи сохтори назоратии таъсирнок, пеш аз ҳама, пурзӯрсозии назорати ҷамъиятӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Баланд бардоштани маданияти тиббии аҳолӣ, тарғиби васеи тарзи солими зиндагӣ дар байни одамон нафақат дар соҳаи тиббиёт, балки дар назди тамоми ҷамъияти мо вазифаи асосӣ мебошад.
Ҳар як инсон дар бораи саломатиаш бояд аввало худаш фикр кунад, ғамхорӣ намояд. Дар шароите, ки пандемияи коронавирус дар тамоми дунё, аз ҷумла, дар диёрамон давом мекунад, аҳамияти ин беқиёс аст.
Аз ин боис асло ҳақ надорем ба бепарвоӣ ва лоқайдӣ роҳ гузорем. Коронавирус ҳоло ҳам дар паҳлуи мост, бо мо зиндагӣ мекунад. Барои ҳамин дар мамлакатамон марказҳои тиббиёти дахлдор, захираи кофии дорувор ва воситаҳои ҳимоявӣ ташаккул дода шудааст. Дар ҳудудҳо 60‑то истгоҳи кислород ба кор андохта шуда, оиди муттасил бо кислород таъмин намудани реаниматсия ва зершӯъбаҳои муолиҷавии интенсивӣ корҳо босуръат пеш бурда мешаванд. Дар кишварамон оиди кор карда баровардани ваксина корҳои амалӣ сар шуданд.
Дар ҷумҳуриамон эътиборан аз 1-уми апрел ҷараёни эмкунии аҳолӣ алайҳи коронавирус муттасил давом дорад.
Аз фурсат истифода карда, бори дигар халқамонро даъват менамоям ба саломатиашон бо камоли масъулият нигариста, дар чорабиниҳои эмкунӣ алайҳи коронавирус фаъолона иштирок намоянд.
Вазифаи устувори шашум: Мо дар шароити нав ба пурзӯрсозии корҳои маънавию маърифатӣ майл мекунем. Ин гуна ҳаракат – барои рушди имрӯза ва ояндаамон пойдевори мус­таҳкам аст.
Аз ин маъно, барпои Ӯзбекистони нав – маънои таърихи наздик ва дур, бойигариҳои нотакрор ва нодири фарҳангиамонро боз ҳам амиқ омӯхта, ба онҳо такя карда, роҳи тараққиёти миллии мустақилонаи хеш дар давраи нав давом доданамонро дар худ муҷассам менамояд.
Солҳои охир дар самтҳои маданию гуманитарӣ – соҳаҳои маданият, кино, рақс ва санъати тасвирӣ, адабиёт ва рушди китобхонӣ чи гуна корҳоро ба амал баровардем, ба халқи мо маълум, албатта. Хусусан, ташкил ва ба дараҷаи баланд гузаронда шудани анҷумани байналхалқии мақом, ҷашнвораҳои бахшичигӣ ва ҳунармандии миллӣ дар тарғиби васеи Ӯзбекистони нав дар ҷаҳон аҳамияти муҳимро касб кард.
Барои тадқиқи холисона ва ҳаққонии таърихи миллиамон дар рӯзҳои мо Маркази тадқиқи бойигариҳои мадании хориҷ оиди Ӯзбекистон, дар ҳузури Академияи улум Маркази таърихи нави Ӯзбекистон, телеканали «Таърихи Ӯзбекистон» фаъолият мебаранд.
Бо мақсади омӯхтан ва тарғиб намудани мероси динӣ ва илмӣ-тадқиқотии бузурги муҳадасамон, ки баҳри ривоҷи дини ислом хидмати беқиёс кардаанд, дар Самарқанд ва Сурхондарё марказҳои илмӣ-тадқиқотии байналхалқии Имом Бухорӣ ва Имом Тирмизӣ, айни замон дар шаҳри Тошканд Академияи байналхалқии исломи Ӯзбекистон, Маркази илмӣ-тадқиқотии Имом Мотурудӣ фаъолият пеш мебаранд.
Маркази сивилизатсияи ислом дар Ӯзбекис­тон, ки дар шаҳри Тошканд барпо мегардад, маркази илмию маърифатие мешавад, ки дар амиқ омӯхтан ва ба дунё тарғиб сохтани мероси бойи динию маънавии халқи мо, тарбия намудани авлоди ҷавон дар рӯҳи арзишҳои миллию умумибашарӣ нақши муҳим мебозад.
Мо дар замони мураккаб ва шиддатноки ҳозира бо баҳисобгии торафт зиёд шуда истодани мавқеъ ва таъсири корҳои маънавию маърифатӣ ба боз ҳам пурзӯрнамоии фаъолиятамон дар ин соҳа аҳамияти алоҳида медиҳем.
Қарорҳои Президент «Дар бораи ташкил кардани бунёди мақсадноки пуштбонии маънавият ва эҷод» ва «Дар бораи чораҳои куллан такмилдиҳии сохтори корҳои маънавию маърифатӣ», ки моҳи марти соли равон қабул гардиданд, ба ҳалли самараноки вазифаҳо дар ҳамин соҳа нигаронида шудаанд.
Ӯзбекистони нав дар ташкилотҳои байналхалқиву минтақавии нуфузнок дар қатори соҳаҳои дигар ташаббусҳо оиди масъалаҳои маънавию маърифатиро низ ҷасурона ба миён мегузорад. Таъкиди ин бамаврид аст, ки ташаб­бус оиди қабул карда шудани резолютсияи «Маърифат ва фарохдилии динӣ», ки дар сессияи 72‑юми Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби мамлакатамон пеш гузошта шуд, аз ҷониби ҷамоатчигии байналхалқӣ дастгирӣ ёфт. Ба наздикӣ қабул карда шудани резолютсияи мазкурро алоҳида қайд кардан лозим.
Айни замон дар саммити дар шакли видеоанҷуман суратгирифтаи Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон бо мақсади рағбатноксозии шахсоне, ки дар рушди соҳаҳои илму фан, таълим, маданият ва санъат, инчунин ваҳдати дунёи туркӣ саҳми муносиб гузоштаанд, боз як ташаббуси муҳим пеш гирифта шуда, Мукофоти байналхалқии ба номи Алишер Навоии Шӯрои туркӣ таъсис ёфт. Ин нишони ҳурмат ва эҳтироми бузургест нисбати Алишер Навоӣ, ки фахру ифтихори тамоми туркизабонҳост, ҳамчунин ба халқест, ки ин зоти бузургро тарбия карда ба воя расондааст.
Савол.
Дар барпо намудани Ӯзбекистони нав ба сиёсати беруна, ба рушди робитаҳои дӯстона бо давлатҳои дур ва наздики дунё аҳамияти алоҳида дода мешавад. Дар ин бора ҷиҳатҳои ба ҳам вобаста ва ҳамоҳанги сиёсати дохилию берунӣ дар чӣ намоён мегардад?
Ҷавоб.
Пеш аз ҳама таъкид кардан бамаврид аст, ки мо аз рӯзҳои аввали қадам гузоштанамон ба давраи навсозии мамлакатамон ба пешбурди сиёсати кушод, прагматикӣ ва амалии сиёсати берунӣ, ба мустаҳкамсозии муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои рушдёфтаи дунё, хусусан, давлатҳои ҳамсоя аҳамияти устувор медиҳем. Ӯзбекистон дар даврае, ки гузашт, ба ҳамин роҳи стратегӣ содиқ монда, ӯҳдадориҳояшро дар назди шарикон ва созмонҳои байналхалқӣ пурра иҷро менамояд.
Дар давраи таърихан кӯтоҳи гузашта мавқеъ ва нуфузи сиёсии мамлакатамон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва миқёси ҷаҳон хеле назаррас гашт. Дар дунё нисбати Ӯзбекистони нав рӯҳи боварӣ ва майл ба тамоюлҳои ҳамкорӣ пурзӯр гашт.
Дар навбати аввал, дар муносибатҳоямон бо давлатҳои ҳамсоя муаммоҳое, ки тӯли солҳо ҷамъ гардида буданд, ҳал гардиданд. Сарҳадҳо кушода шуданд. Ҳамсоя бо ҳамсоя, ака бо укааш, падар бо фарзандаш, ақрабо бо ақрабояш робитаҳои кандашударо барқарор карда, равуо аз як мамлакат ба мамлакати дигарро оғоз намуданд. Масъалаи виза ҳал гардид. Робитаҳои тиҷоратӣ-­иқтисодӣ ва маданӣ-­гуманитарӣ бо суръат рушд меёбанд.
Мамлакатҳоямон, ки аз азал ба якдигар хешу табор ва бародар буданд, оиди бисёр масъалаҳои минтақавӣ ва глобалӣ, ҳамкорӣ ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодӣ ҳаракатҳоро сар карданд. Дар сиёсатшиносии ҷаҳон ибораи «Рӯҳи Осиёи Марказӣ» пайдо гардид.
Вохӯрии машваратии навбатии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 5–6-уми августи соли равон дар Туркманистон баргузор гардид, ба ин ҷараён мазмун ва қувваи нав бахшид, ки ин ба эътибор молик аст.
Худи ҳамин мисолҳо ба якдигар чи қадар вобаста ва ҳамоҳанг будани сиёсати дохилию беруниро нишон медиҳад. Аз ҳама муҳимаш, ҳамин ҳамоҳангӣ дар сиёсати дохилию беруниамон бо назардошти манфиатҳои халқи мо ба амал мебарояд ва натиҷаи инро одамҳои оддӣ низ дар ҳаёт ва тақдири худ ҳис менамоянд.
Боз як ҷиҳати муҳим он аст, ки Ӯзбекистон имрӯз бо сиёсати дурбинонаи худ ба иштирокдори фаъоли ҷараёнҳои сиёсӣ дар минтақаамон ва ҷаҳон табдил ёфт. Ҳамкориҳоямон бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории ислом барин ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ ба зинаи нав баромад.
Мамлакатамон узви Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон гардид, дар Иттиҳоди ҳамкории иқтисодии Евроосиё мақоми назаррасро соҳиб гашт. Ӯзбекистон дар таърихи худ бори аввал ба узвият оиди ҳуқуқҳои инсони СММ пазируфта шуд ва дар сессияи 46‑уми он, ки дар шакли видеоанҷуман 22-юми феврали соли 2021 дар шаҳри Женева баргузор гардид, бомуваффақият иштирок намуд.
Соли гузашта мамлакатамон бори аввал ба ташкилоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раисӣ намуд ва ба пандемия нанигариста, бештар аз 60‑то чорабиниҳои байналхалқӣ, ки дар доираи ИДМ ба назар гирифта шуда буданд, самаранок сурат гирифтанд, наздик 70‑то ҳуҷҷати муҳим қабул гашт.
Ӯзбекистон дар фаъолгардонии ҷараёнҳои интегратсия ва ҳамкорӣ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ торафт нақши муҳимтар мебозад.
Таклиф ва ташаббусҳои нав, ки аз ҷониби мамлакатамон дар анҷумани байналхалқии рӯзҳои 15–16-уми июли соли равон дар шаҳри Тошканд таҳти мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: вобастагии минтақавӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо» баргузоршуда ба миён гузошта шуд, нафақат таваҷҷӯҳи давлатҳои ин минтақаҳо, балки эътибори ҳамҷамъияти ҷаҳонро ба худ кашид. Дар он, аз ҷумла, масъалаи барпои роҳҳои нақлиётии нави Осиёи Марказӣ ва уқёнуси Ҳиндро пайвасткунанда мавриди муҳокима қарор гирифт. Конфронс рӯҳи Тошкандро дигарбора намоён намуд.
Дар ин рӯзҳо Консепсияи фаъолияти сиёсати берунии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон такмил меёбад. Дар ин ҳуҷҷати муҳим дар рӯҳи шарикии стратегӣ ва боварии тарафайн ба боз ҳам мустаҳкамсозии дӯстии бисёрасра ва некҳамсоягӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз самтҳои устувори сиёсати берунии мост, эътибори муҳим нигаронида шудааст. Ӯзбекис­тон бо шарикҳои асосии хориҷии худ Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Туркия, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳиндустон, Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва дигар давлатҳо робитаҳои манфиатноки бисёрҷабҳа ва ба ҷонибҳо манфиатбахшро вусъат мебахшад.
Ӯзбекистон ба сифати ҳамсояи наздики Афғонистон аз зудтар дар ин мамлакат устуворшавии сулҳу барқарорӣ манфиатдор аст.
Маълум, ки Ӯзбекистон дар солҳои 2021–2022 ба Созмони ҳамкории Шанхай раисӣ менамояд. Ҳоло мо баҳри бо савияи баланд гузаронидани ин тадбири муҳими сиёсӣ корҳои ҷиддии омодагиро пеш мебарем.
Муваффақиятҳоямон дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, озодии сухан ва эътиқоди динӣ, ҳамчунин баробарии гендерӣ зимни ҳамкорӣ бо созмонҳои бо нуфузи байналхалқӣ муттасил таҳким меёбад.
Бо мақсади дастгирӣ ва мустаҳкамсозии робитаҳо бо ҳамватанҳоямон, ки дар бисёр мамлакатҳои дунё умр ба сар мебаранд, бунёди «Ватандошлар» ташкил гардид.
Дар ҷамъиятамон корҳое, ки ба мустаҳкамсозии муҳити ҳамҷиҳатию фархдилӣ нигаронида шудаанд, аз ҷиҳати сифат ба давраи нав бардошда мешаванд. 30-юми июл, ки ҳар сол ба сифати Рӯзи дӯстии байналхалқӣ қайд мегардад, дар Ӯзбекистон «Рӯзи дӯстии халқҳо» эълон гардид. Имсол ин ид дар мамлакатамон бори аввал васеъ таҷлил ёфт. Инро низ ба сифати ҳодисаи муштарак, ки омилҳои сиёсати дохилию беруниро муттаҳид месозад, қабул кардан мумкин.
Чун дар тамоми дунё, дар мамлакатамон низ ба ҳалли муаммоҳои экологӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Таҳти шарикӣ бо давлатҳои ҳамсоя ва ҷомеаи ҷаҳон ҳаракатҳо дар роҳи нармсозии таъсири фоҷиаи экологие, ки бинобар ҳалокати баҳри Арал ба вуқуъ омадааст, қатъиян давом мекунанд.
Дар ҷойҳои хушкидаи баҳр дар масоҳати садҳо ҳазор гектар ҷангал ва буттазорҳо барпо мешаванд, дар ҳудудҳо Наздиарал корҳои азими сохтмону ободгариҳо амалӣ мешаванд. Дар ин самт фаъолияти бунёди Трасти бисёрсамта оиди таъмини амнияти инсон дар минтақаи Наздиарал, ки таҳти ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ташкил гардидааст, нақши муҳим мебозад.
Чун сухан дар ин бобат аст, ташаббуси муҳими Ӯзбекистон оиди Ҳудуди инноватсия ва технологияҳои экологӣ эълон карда шудани минтақаи Наздиарал ва қабул карда шудани резолютсияи махсуси Ассамблеяи СММ дар ин самт, инро рӯзи 18-уми майи соли 2021 бо як овоз маъқулкунии Ассамблея мавриди қайд мебошад. Дар кор карда баровардани ин резолютсия ИМА, Русия, Чин, Туркия, Озарбойҷон барин давлатҳои нуфузнок, ба сифати ҳаммуаллиф иштирок намудани ҷамъ 50 мамлакат ба ин ташаббус чӣ қадар таваҷҷӯҳ зоҳиркунии ҳамҷамъияти ҷаҳонро далолат медиҳад.
Савол.
Равшан аст, ки самарабахшии ислоҳот аз бисёр ҷиҳат ба кадрҳои роҳбарикунанда, бахусус, аз дониш ва таҷриба, савияи сиёсӣ ва маданияти ҳокимони маҳаллӣ вобаста аст. Ба ин маънӣ фаъолияти кории намояндагони ҳокимият, ки дар маҳалҳо вакили Президент маҳсуб меёбанд, оё Шуморо қонеъ месозанд?
Ҷавоб.
Ман дар ин бобат дар Муроҷиатномае, ки соли гузашта ба Олий Мажлис равона карда будам, махсус истода гузаштаам. Норасоии дониш ва таҷриба, салоҳияти сарварӣ, фидокорӣ барои кори халқу кишвар нафақат барои ҳокимон, балки барои роҳбарони хурду бузурги тамоми зинаҳо аз масъалаҳои мураккабест, ки маро азият медиҳад.
Шумо дуруст гуфтед, самаранокии ислоҳот дар маҳалҳо, пеш аз ҳама, аз ҳокимон– аз дониш ва таҷрибаи онҳо, аз хусусиятҳои соҳибкориашон вобаста мебошад. Аз ҳама муҳимаш онҳо бояд сазовори эътимоди одамон бошанд. Аҳолӣ дар маҳалҳо бо дарназардошти кор, хидмат ва маданияти муомила, савияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии роҳбарон ба ҳокимияти давлатӣ баҳо медиҳад. Лекин агар кушоду равшан бигӯем, на ҳамаи ҳокимон, умуман, тамоми роҳбарони зинаҳои поёнӣ дар байни халқу кишвар сазовори обрӯву эътибори зарурӣ ҳастанд.
Мутаассифона, аксар роҳбарон дар байни халқ будан, бо дарду ташвишҳои мардум зиндагӣ карданро кори дуюмдараҷа меҳисобанд. Бинобар ҳамин, онҳо дар ҳаллу фасли бисёр масъалаҳо заиф ва оҷиз мемонанд.
Дар асл мулоқот бо халқ, зиндагии доимӣ дар ғаму ташвиш ва мушкилоти одамон бояд вазифаи нахустин ва муқаддаси ҳар кадом роҳбар бошад. Маданияти роҳбарӣ ва идоракунӣ, дониш ва таҷрибаҳои ҳаётӣ аз куҷо оғоз мегиранд? Ин таҷрибаҳо бевосита аз мулоқот сар мешаванд. Бахусус, агар роҳбарони зинаҳои поёнӣ ҷаҳонбинии худро тағйир дода, бо шаҳрвандони оддӣ ҳампаҳлӯ ва бо соҳибкорон дӯствор кор накунанд, мо ҳар қадар нирӯ ва маблағи зиёд харҷ кунем, фармон ва қарорҳо қабул карда, шароит фароҳам оварем, пешрафти ислоҳоти мо дар маҳалҳо душвор мегардад.
Ҳоҷати пинҳон кардан нест, мо ҳоло дар замони бағоят душвор, пуртаҳлука ва рақобати бешафқат зиндагӣ дорем. Дунё бо чунон шиддат дигаргун мегардад, ки таҳлил ва башоратҳои дирӯзаи сиёсиву иқтисодӣ ба ҳақиқати имрӯз мувофиқ намеоянд. Зиддиятҳои тарафайн, «талошҳои тиҷоратӣ», мушкилоти экологӣ торафт пурзӯр мегарданд. Дар чунин шароити мураккаб мансабдороне, ки ҳамдард, ҳамнафаси халқу кишвар нестанд, ҳақиқатҳои оддии тақозои ҳаётро дарк намекунанд, ба сифати роҳбар оянда надоранд. Ба зиммаи онҳо наметавон бо эътимод ягон вазифаи масъулиятнокро гузошт.
Замоне ман низ чун ҳоким кор кардаам. Шароити он даврро бо имкониятҳое, ки имрӯз ҳастанд, наметавон қиёс кард. Дар бисёр масъалаҳо дасту пойи мо баста буд, ҳама корро лозим меомад бо дарназардошти кайфияти роҳбар ҳаллу фасл кунем. Аз ҳама бадаш барои ҳалли мушкилоти зинаҳои поёнӣ валломатҳое, ки дар ҳуҷраҳои хушҳавои идораҳои болоӣ менишастанду аз дарду ташвишҳои мардуми деҳот, ёхуд овулҳо куллан бехабар буданд, вазъияти маҳалҳоро тасаввур карда ҳам наметавонистанд, қарор қабул мекарданд. Имрӯз бошад, ҳокимон ваколати мустақилона қарор қабул намудан, мустақилона кор кардан доранд. Аз онҳо чун пешина аз Тошканд ризоият гирифтан, бо муттасаддиёни идораҳои марказӣ маслиҳат кардан, барои корҳои ночиз иҷозат пурсидан талаб карда намешавад.
Ҳоким, роҳбар низ ҳамчун инсон масъалаеро надонистан, ёхуд аз назар дур карданаш, ба саҳву хато роҳ доданаш мумкин аст, инро метавон дарк кард, вале агар ӯ ин хатоҳояшро эътироф накунад, барои дуруст кардани онҳо саъю ҳаракат нанамояд, барои омӯхтан, ба тарзи нав кор кардан, афзудани дониш ва таҷрибаи худ саъй накунад, ба манфиатпарастӣ ва маишат дода шавад, аз ин ҳолат куллан наметавон чашм пӯшид.
Талаби асосии ман ин дарки одамон, бо шодиву ташвишҳои онҳо зистан, ба вазъияти атроф бо чашми халқи оддӣ назар дӯхтану баҳо додан ва аз мардум ҷудо нашудан аст. Танҳо дар чунин вазъият идоракунии ҳудуд ё худ соҳа ва қарорҳои муҳим қабул кардан самараи хуб хоҳад дод.
Мизони фаъолияти ҳар як роҳбар ин мақсади асосии худ донистани орзуву умедҳои халқ ва онҳоро мунтазам ба ҳаёт татбиқ кардан мебошад.
Дар байни ҳокимон ва вазирон, роҳбарони ширкат ва бонкҳо ба камол расидани вакилони авлоди нави фаъол, чашмикордон, амиқандеш маро хурсанд мекунад. Онҳо бо халқ мулоқоти кушод доранд, ташаббус зоҳир мекунанд, нишондоди болоро интизор нашуда, худашон мустақилона ва далерона кор мебаранд.
Мутаассифона, баъзе роҳбарон ва мутасаддиён ба худбинӣ дода мешаванд, ҳавобаландӣ мекунанд ва пай намебаранд, ки пояшон аз замин канда шудааст. Ин барои онҳо фоҷеаи ҳақиқист. Бешубҳа, дар сафи мо барои ин гуна роҳбарон ҷой нест ва буда ҳам наметавонад. Ин нафақат тақозои Президент, балки дар айни вақт талаби халқ ва ҳаёт аст.
Савол.
Шумо мунтазам таъкид мекунед, ки барои роҳбари давлат мулоқоти бевосита бо халқ аҳамияти бағоят муҳим дорад. Вале дар ҳаёт оё бинобар тамоми масъалаҳо имкони бо халқ суҳбат кардан, фикри ӯро гирифтан ҳаст? Шумо ана ҳамин «холигоҳ»-ро чӣ гуна сарпур месозед?
Ҷавоб.
Ман аз рӯзи аввали ҳамчун Президент ба кор сар кардан ба ҳамкорони худ қатъиян таъкид намудаам, ки суханони баландпарвози ба аҳволи воқеӣ куллан алоқанадошта ва рақамҳои «зебо»-ро намеписандам.
Ҳар қадар талх ва сахт набошад, ман мехоҳам маълумоти дуруст ва ҳаққонӣ дошта бошам. Ин барои қарорҳои дуруст қабул кардан ба ман кӯмак мерасонад.
Бешубҳа, ин талабро на ҳама дарк кардаанд, то ҳол саъю кӯшищҳои ба тарзи кӯҳна маълумотдиҳӣ мушоҳида мешаванд. Вале ман барои роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо ҳаракат мекунам. Бо бисёриҳое, ки ин ҳақиқатро идрок накардаанд, хайрбод гуфтем. Дар ин масъала талаб ҳамеша ҷиддӣ хоҳад буд.
Ҷараёни ислоҳоти кунунӣ, ки ба таъмин сохтани ояндаи халқи мо, манфиатҳои Ватанамон, фардои ҷамъият ва бахти фарзандонамон нигаронида шудаанд, инро тақозо доранд. Дар ин бобат мо ҳақ надорем бо роҳи дигар равем.
Бори дигар такрор мекунам, ҳар касе, ки дар байни роҳбарон ва мутасаддиён ин талаби ҷиддиро дарк накунад, бо вуҷуди тамоми мушкилот, мо бо ӯ кор карда наметавонем.
Мақсади асосии ҳар як сафари ман ба саросари мамлакат ин аз донистани тарзи зиндагӣ ва нафаси халқ иборат мебошад. Ин масъалаи бағоят муҳим аст. Барои ҳамин ҳам дар бисёр ҳолатҳо ҳангоми сафар зарур меояд, самти роҳи худро дигар бикунам. Фикр мекунам, ин «хатсайр»-ҳои ғайричашмдошт ва дар ягон ҳуҷҷат қайд нагардида, роҳбарони маҳалҳоро ба ҳушёрӣ ва дақиқкорӣ даъват менамояд.
Мутаассифона бо вуҷуди чандин бор гуфтану огоҳ кардан дар маҳалҳо ҳанӯз пеш аз ташрифи ман кӯчаву майдонҳоро тозаву озода мекунанд, дар як шаб дар назди биноҳо «сабзазор» ва «гулзор»-ҳо пайдо мешаванд, умуман, чашмбандӣ ва корҳои фиреби назар идома доранд. Чашмбандӣ, азият додани одамон, вобастагӣ ба суханони сохтаву баландпарвоз тӯли солҳо ба хуни баъзе роҳбарон он қадар омехтааст, ки халосӣ аз онҳо душвор мегардад.
Вале бо ҳар кадом роҳе набошад, бояд ба ин иллатҳо хотима гузошта шавад. Зеро чунин ҳолатҳо ба табиати асили халқи мо, ки ростгӯ буда, ба гапҳои сохта ва корҳои бофта эътимод надорад, мувофиқат намекунад.
Кори идораҳои ҳокимияти маҳаллӣ набояд бо омаду рафти Президент хатм ёбад, балки баръакс пас аз ташрифи ӯ аз нав оғоз бигирад ва ҳатто аз аввала бештару беҳтар бошад. Танҳо дар ҳамин сурат дар кори мо суръат ва сифат мешавад, мо барои натиҷаи ниҳоӣ кор карданро меомӯзем. Пештар ҳокимон дар муддати аз сафар то сафар бо хотири ҷамъ, ба таъбире кайфу сафо карда мегаштанд, ҳоло бошад онҳо дар назди худ мақсад ва вазифаҳои аниқ гузошта, дар асоси малиҳат бо халқ аз таҳти дил кор мекунанд. Зеро онҳо медонанд: Президент дафъаи навбатӣ бинобар ҳар як масъала, албатта, натиҷаи аниқро талаб мекунад.
Мо дар зинаи нави тараққиёти мамлакат барои ҳар чи зудтар ҳаллу фасл кардани вазифаҳои муҳим масъулияти шахсӣ ва ҷавобгарии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти дигари идораи давлатӣ ва муовинони роҳбарони иттиҳодияҳои хоҷагиро мустаҳкам, вазифаву ваколатҳояшонро дақиқ, ҳамчунин, барои афзудани самаранокии фаъолияти онҳо низоми навро ҷорӣ менамоем. Ба ин кор аҳамияти махсус медиҳем. Бинобар ин мақсад қарори махсус низ қабул кардем. Муайян карда шуд, ки муовинони роҳбарони ба тоифаҳои болоӣ дахлдор барои самаранокии фаъолияташон дар самт ва соҳаҳои ба онҳо вобаста дар назди Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон шахсан ҷавобгар ва дар назди Девони Вазирон ҳособотдиҳанда мебошанд. Ба тарзи дигар бигӯем, акнун муовинони роҳбарони зинаҳои гуногун дигар наметавонанд, дар сояи сарвари худ умри осуда ба сар баранд. Минбаъд онҳо низ барои вазифаҳои аниқ ҷавоб медиҳанд. Масъулияти шахсӣ ва ҷавобгарӣ барои тамоми ходимони идораҳои роҳбарикунанда мизони асосӣ мегардад.
Ҳоли ҳозир ба кори дар маҳалҳо ҳаллу фасл кардани мушкилоте, ки мардумро азият медиҳанд, эътибори махсус медиҳем. Ҳокимони вилоят, ноҳия ва шаҳрҳо ҳафтае ду рӯз шаҳрвандонро қабул мекунанд. Ҳамчунин, низоми рӯзҳои қабул ба роҳ монда мешавад.
Умуман, дафтари кории ҳар як ҳоким бояд ба «Қабулхонаи халқ» табдил ёбад. Маҳз, дар чунин ҳолат ҳар кадом роҳбар аз аҳволи воқеии ҳудуд пурра хабардор мешавад, дар кори худ ба натиҷа ва самара муваффақ мегардад.
Бешубҳа, ҳоло манбаъҳои ошкоро ва шабакаҳои рӯшоди ахбор, ки ба донистани масъалаву муаммоҳои мардум, барои бартараф сохтани ташвишҳои одамон кӯмак мерасонанд, зиёданд. Бахусус, телевизион, матбуот, Интернет, нафаси ҳаёт, ба таъбире «задани набз»-и ҳар як соҳаро аниқу равшан ифода мекунанду дар ин бобат аҳамияти муҳим доранд. Шахсан худи ман навгониҳоеро, ки дар расонаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, мутолиа мекунам, аз тариқи онҳо бо фикру ақидаҳои муҳим, воқеаву ҳодисаҳое, ки сазовори диққату эътибори ҷомеа мебошанд, ба қадри имкон, саъй менамоям, бевосита шинос шавам.
Агар ба таври хулоса бигӯем, дар даврони мо, ки технологияҳои замонавии иттилоотӣ инкишоф ёфтаанд, аз ҳаёти воқеӣ куллан ҷудо шудан ғайриимкон аст. Бо вуҷуди ин бо халқ ба ҳар намуд, бигирем, ба сифати тадбири ба нақша гирифташуда, ё худ ташрифи ғайричашмдошт ба маҳалла, ноҳия, ягон муассиса, умуман, фикр мекунам, мулоқоти бевосита ҳамеша зарур мебошад.
Тамоми муаммоҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандон, ҷомеаҳои васеъ ҷиддан муҳокима мегарданд, аз ҷониби мо эътибори ҷиддиро тақозо доранд. Онҳоро инкор кардан мумкин нест. Бешубҳа, ба ҳолатҳои вобаста ба вайроншавии қонун дар ҷамъият, ноадолатӣ, муносибати беписандона ба ҳуқуқҳои инсон ва тамаъгарӣ наметавон бепарво шуд. Хоҳ муаммои доимӣ, хоҳ мушкилоти ҷузъӣ бошад, бояд зуд ба тамоми онҳо муносибат зоҳир карда, ҳар кадоми онҳо ҳаллу фасл карда шаванд.
Чунончӣ, солҳои охир дар мамлакати ба ислоҳоти куллӣ рӯовардаи мо муборизаи муттасил бар муқобили тамаъгарӣ, ки қотили тараққиёт ба шумор меравад, идома дорад. Агар ба мисолҳо муроҷиат намоем, дар соли 2020‑ум барои ҷиноятҳое, ки аз ҷониби мансабдорони дараҷаҳои мухталиф содир шудаанд, 1723 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Зараре, ки аз ҷониби онҳо расид, 500 миллиард сӯмро ташкил дод. Дар панҷ моҳи соли 2021‑ум бошад, нисбати 1696 нафар мансабдор парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Зарари аз онҳо расида 450 миллиард сӯмро ташкил медиҳад.
Шубҳае нест, ки ин зарари моддӣ аз айбдорон ситонда шуд. Сиёсате, ки ба аз ҳаёти ҷамъияти мо маҳв сохтани балои тамаъгарӣ нигаронида шудааст, минбаъд низ қатъиян идома хоҳад ёфт.
Савол.
Дар мамлакатамон ба масъалаи барои аҳолӣ хеле муҳим ва ҳаётӣ – бунёди манзилҳои замонавӣ, аз ҷумла, сохтмони хонаҳои арзон эътибори махсус дода мешавад. Вусъати корҳои ин самт минбаъд чӣ гуна хоҳад буд?
Ҷавоб.
Дар мамлакати мо солҳои охир барои бунёди манзилҳои замонавӣ метавон гуфт даври нав оғоз ёфт. Дар чор соли охир нисбати солҳои аввал 4–5 баробар бештар сохта шудани хонаҳо, танҳо соли равон таъмин гардидани 54 ҳазор оила бо хонаву манзилҳои нав мисоли равшани вусъати корҳои бинокорӣ мебошанд. Вазифаҳои бузург, ислоҳоте, ки мо барои розӣ кардани халқамон дар назди худ чун мақсадҳои нек гузоштаем, ҳамчунин худи ҳаёти кунунӣ беш аз пеш афзудани суръат ва сифати сохтмони манзилҳои замонавиро тақозо дорад. Бояд махсус таъкид кард, ки мо пештар бо дарназардошти талабҳои замон ба бунёди манзилҳои истиқоматӣ чунин муносибати ҷиддӣ зоҳир намекардем, чун имрӯз корҳои васеъмиқёсро татбиқ намесохтем. Мо дар ин роҳ қадамҳои аввалин гузошта соҳиби таҷрибаи бузург мешавем. Дар тамоми минтақаҳо барои аҳолӣ хонаву манзилҳое сохта мешаванд, ки зебову шинам буда, дорои тамоми шароитҳои замонавӣ мебошанд. Ба ҳаёти мо мавҳум ва таъбирҳои нави «хонаҳои арзон», «хонаи оқил», «шаҳри оқил», «хидматҳои рақамӣ» ворид мегарданд.
Дар оянда бунёди манзилро бояд ба дараҷае бардорем, ки тамоми табақаҳои аҳолӣ ба харидани хона ва дар ин бобат ба имкони интихобкунӣ соҳиб бошанд.
Бешубҳа, дар ин бобат мушкилоти мухталиф низ вуҷуд доранд ва мо якҷо бо мақомоти идораҳои маҳаллӣ онҳоро ҳаллу фасл мекунем.
Чунончӣ, бо вуҷуди он ки дар ҷойҳои холии байни хонаҳои бисёрошёна ба бинокорӣ, сохт­мони иморатҳо мораторий гузошта шудааст, буридани дарахтон, танг намудани ҳудудҳои сабз бисёриҳоро ба ташвиш овардааст. Бино бар бепарвоӣ, ё худ манфиатпарастии баъзе роҳбарон дар мавзеъҳои истиқоматӣ ҷойҳои сайру гашти мардум, макони машғулшавӣ бо варзиш, маҳалҳои якҷо бо фарзандон истироҳаткунии волидон торафт танг мешаванд.
Бешубҳа, мо нисбати чунин ҳолатҳо чораҳои қатъӣ меандешем. Бино бар ҳамин ҳам дар Тошканд ва дигар шаҳрҳои бузург чорабинии дар ҳудудҳои берун аз шаҳр сохтани хонаҳо андешида мешаванд. Ба амалиёти дар мавзеъҳои истиқоматӣ бидуни гузаронидани шабакаҳои инфрасохтори коммуналӣ – газ, энергияи электр, оби ошомиданӣ ва канализатсия ба роҳ мондани сохтмони биноҳои нав барҳам дода мешавад.
Савол.
Дар мамлакати мо барои таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон, таълим гирифтан ва меҳнат кардани онҳо, ба ҳаёт татбиқ сохтани дониш ва қобилияташон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешаванд. Соли 2021‑ум дар кишвари мо «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» эълон гардид, ки боз як ифодаи амалии ин корҳо мебошад. Ба фикри Шумо дар ҷараёни бунёди Ӯзбекистони нав мавқеъ ва вазифаҳои асосии ҷавонон аз чиҳо иборат хоҳад буд?
Ҷавоб.
Ҷавонон такягоҳ ва пуштибони асосии халқамон мебошанд. Барои самарабахш ба амал татбиқ сохтани ислоҳоти васеъмиқёси мо онҳо чун нерӯи ҳалкунанда ба майдон мебароянд. Маҳз, писарону духтарони дорои донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои аввалдараҷа, донандагони хуби технологияҳои инноватсионӣ, забонҳои хориҷӣ барои беш аз пеш инкишоф додани мамлакат мақоми пешрав доранд.
Равшан аст, ки ҷавонон ба навандешӣ, истифодаи ғояҳои нав ба нав, ба амал татбиқ сохтани онҳо, ҳаллу фасли эҷодӣ ва ғайритабиии муаммоҳо дилбастагӣ доранд. Бинобар ҳамин ҳам ҳоли ҳозир мо ба донишомӯзии намояндагони насли наврас, барои ба амал татбиқ сохтани истеъдод ва қобилияти онҳо дар соҳаҳои илму фан, инноватсияҳо, адабиёт, санъат ва варзиш, иштироки фаъолашон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии ҷамъият фароҳам овардани тамоми шароитҳо аҳамият медиҳем.
Дар яке аз ҳадисҳои мубораке, ки ниёи мо Имом Бухорӣ ҷамъ овардааст, гуфта мешавад: «Дониш дар кӯдакӣ нақш дар санг аст».
Аз таърих хуб маълум аст, ки алломаҳои бузурги мо ба чунин ҳикматҳо амал карда, дар соҳаи илму фан ба кашфиётҳои беназир муваффақ шуда, ба пешрафти тафаккури умумибашарӣ саҳми беқиёс гузоштанд.
Чунин анъанаҳои муборакро идома дода, дар мамлакат тарбия карда, ба воя расондани Хоразмиён, Фарғониён, Беруниҳо, Ибни Синоҳо, Мирзо Улуғбекҳо, Навоиҳои нав нафақат вазифа, балки фарзи муқаддаси мо дар назди тахрих ва оянда аст.
Мо дар ин роҳ корҳои бузургро оғоз кардем. Дар мамлакат ба мақсади тайёр кардани кадрҳои рақобатбардори дорои дониш ва таҷрибаи баланд миқдори мактабҳои олӣ ба 141 адад расонида, филиали 26 муассисаи таълими олии хориҷӣ кушода шуд. Ҳанӯз соли 2016‑ум миқдори мактаби олӣ дар ҷумҳурӣ 77‑торо ташкил медод. Дар муддати кӯтоҳ дар ин бобат қариб ду баробар пеш рафтем, бидуни шубҳа, дастовардҳои ҷавонони мо натиҷаи саъю ҳаракатҳоямон дар роҳи зиёд кардани салоҳияти зеҳнии тамоми ҷамъият, беш аз пеш қарин шудан ба дониш ва ҳунарҳои замонавӣ мебошанд.
Тӯли панҷ соли охир квотаи қабул ба таълими олӣ се баробар зиёд карда шуд. Соли равон барои 182 ҳазор нафар ҷавон имконияти донишҷӯ шудан фароҳам омад. Ин маънои онро дорад, ки фарогирии умумӣ 28 фоизро ташкил дод. Худатон қиёс бикунед, ин рақам 4 сол пеш ҳамагӣ 9 фоизро ташкил медод. Дар ин бобат грантҳои давлатӣ аз 21 ҳазор ба 47 ҳазор афзуд, мо таҷрибаи соли гузаштаи худро ба зинаи нав бардошта, барои ба мактабҳои олӣ дохил шудани 2 ҳазор нафар духтари оилаҳои эҳтиёҷманд грантҳои махсус ҷудо кардем, ки ин намунаи эътибори амалӣ барои таъмин сохтани ояндаи ҷавононамон мебошад.
Мо нақша дорем то соли 2030 фарогирии мактаббачагон, хатмкунандагони литсей ва коллеҷҳоро бо таълими олӣ то 50 фоиз афзоиш диҳем ва мо албатта ба ин ноил хоҳем шуд.
Соли равон дар Тошканд донишгоҳи «Ӯзбекистони нав», ки ба талаботи баланди байналмилалӣ ҷавоб медиҳад, ташкил карда шуд. Ин донишгоҳ барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари мо намуна хоҳад буд. Дар ин ҷо ҷавонони донишманд ва боистеъдоди мо таҳсил мекунанд.
Мо ба рушди ҳамоҳанг ва мутавозуни ҳамаи марҳилаҳои низоми муттасили таълиму тарбияи миллӣ таваҷҷӯҳи махсус медиҳем. Натиҷаи чунин ислоҳот аст, ки дараҷаи фарогирии кӯдакони мо бо таҳсилоти томактабӣ дар чор соли охир ду баробар афзуда, аз 27,7 фоизи пешина то 60 фоиз ва шумораи кӯдакистонҳо се маротиба афзуда, ба беш аз 14 000 нафар расид.
Ҳозир дар мамлакати мо дар низоми таълими мактабӣ дар асоси ғояи «Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб сар мешавад» дигаргуниҳои калон ба амал омада истодаанд. Дар шаҳри Тошканд ва ҳудудҳоямон шумораи мактабҳои президентӣ мактабҳои эҷодӣ ва ихтисосонидашуда меафзоянд.
Дар доираи барномаи «Панҷ ташаббуси муҳим», марказҳои «Баркамол авлод» барои пурмазмун гузарондани вақти холии ҷавонон имсол 36 000 маҳфилҳои иловагӣ таъсис дода шуда, тақрибан 874 000 бачаҳо ба онҳо ҷалб карда шудаанд. Илова бар ин, ба муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо ва марказҳои таълимӣ тақрибан 100 000 адад анҷомоти бадеӣ ва варзишӣ, компютерҳо ва қариб 600 000 китоб оварда шуданд.
Хусусан, ба рӯи об баровардани ғояву ташаб­бусҳои писарону духтарони наврас дар соҳаи соҳибкорӣ, бо кор ва манбаи даромад таъмин намудани онҳо дар миқёси давлат эътибори калон дода мешавад. Ба туфайли чунин таваҷҷӯҳ, шумораи соҳибкорони то 30‑сола дар чор соли охир 5 маротиба афзуда, аз 500 000 гузашт, ки ин бешубҳа дар рушди ин соҳа нақши муҳим дорад. Танҳо дар соли ҷорӣ ба зиёда аз 92 ҳазор нафар ҷавон барои лоиҳаҳои соҳибкорӣ ба маблағи 2,3 триллион сӯм қарзи имтиёзнок ҷудо карда шуд, ки ба боз ҳам васеъ гардондани сафи ҷавонони мо хидмат хоҳад кард.
Ҳазорон писару духтари мо дар курсҳои касбомӯзӣ, ки дар маҳаллаҳо ташкил карда мешаванд, касбҳои муосиреро, ки дар бозори меҳнат ба онҳо талабот зиёданд, аз худ мекунанд.
Аз соли равон вобаста ба имконот ва самти рушди ҳар як ноҳия дар деҳаҳо аз 10 хол то 1 гектар ҷудо кардани замин ба ҷавонон оғоз ёфт. Дар натиҷа ба беш аз 230 ҳазор нафар ҷавоне, ки дар деҳа зиндагӣ мекунанд, 61 ҳазор гектар майдон ҷудо карда шуд. Илова бар ин, барои кишти такрорӣ ба 170 000 ҷавон боз 75 000 гектар замини аз ғалла холишуда ҷудо карда шуд.
Корҳое, ки дар чаҳорчӯби «Дафтари ҷавонон», барномаҳои ҷавонон доир ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар байни онҳо ва ҳавасмандгардонӣ ба худбандкунии онҳо амалӣ мегарданд, нақши муҳим пайдо мекунанд. Дар давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ барои ҳалли мушкилоти 430 000 писару духтаре, ки ба «Дафтари ҷавонон» шомил карда шудаанд, 300 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Аз ҷумла, пули контракти беш аз 2000 донишҷӯе, ки фарзанди оилаҳои ба «дафтари оҳанин» воридшуда мебошанд, пардохта мешавад.
Аз соли равон тартиби пурра аз буҷа ба кордиҳандагон баргардондани андози иҷтимоӣ, ки аз ҷониби онҳо ба кормандони то 25‑сола пардохта шудааст, ҷорӣ карда мешавад. Дар натиҷа, дар нимаи дуюми соли ҷорӣ 170 миллиард сӯм ва соли оянда 500 миллиард сӯм дар ихтиёри соҳибкорон, ки 240 ҳазор нафар ҷавонро бо кор таъмин кардаанд, боқӣ мемонанд.
Дар асоси низоми нав, ки ба дастгирии ҷавонони донишҷӯ нигаронида шудааст, ба 62 000 нафар писару духтаре, ки бо хобгоҳ таъмин нестанд, аз буҷет 50% -и иҷораи ҳармоҳа пардохт карда шуд.
Албатта, кори мо дар ин самт на танҳо пайваста идома дорад, балки ба зинаи нав бароварда мешавад. Инро Фармон «Дар бораи чораҳои иловагии дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва минбаъд баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии онҳо» аз 13 июли соли 2021 тасдиқ мекунад.
Ин санад фароҳам овардани беш аз 30 имтиёзи иловагӣ ва имконот барои ҷавонони кишвари моро пешбинӣ мекунад. Мехостам дар бораи яке аз ин имкониятҳо ҳарф занам. Пули қарордод барои таҳсили соли аввали писарону духтарон аз оилаҳои эҳтиёҷманд дар муассисаҳои таълими олӣ дар соли таҳсили 2021–2022 аз Буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад. Аз ин имконият метавонанд фарзандони зиёда аз 4000 оила дар саросари кишвар истифода баранд. Ба ин максад аз бюджет 29,2 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Дар мамлакати мо ба дастгирии бачаҳое, аз волидон ҷудо шудаанд, ба таҳсил, шуғл ва таъминот бо манзил, пайдо намудани ҷойгоҳи шоиста дар ҷомеа, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ ва нерӯи кадрии «Хонаҳои меҳрубонӣ», мактаб-­интернатҳои махсус ва «Шаҳри кӯдакон» таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.
Аз ҷумла тарбияи бачаҳо дар «Хонаҳои меҳрубонӣ» дар муҳити оилавӣ, тарбияи онҳо ҳамчун одамони бомаърифат, соҳиби касб, дорои фазилатҳои баланди ахлоқӣ, ба Ватану халқи худ содиқ вазифаи муқаддаси ҳамаи мост. Ҳамаи инро ба назар гирифта, дар «Хонаҳои меҳрубонӣ» ва мактаб-­интернатҳои махсус низоми нави баланд бардоштани самаранокии корҳои таълиму тарбия, инчунин ба рӯи об баровардани орзуву саъю кӯшиши тарбиягирандагони чунин муассисаҳо – «Дафтари меҳр»-ро ҷорӣ менамоем.
Ба ғайр аз ин, тартиби бо манзил таъмин кардани бачаҳои ятим ва бепарастор муқаррар карда шудааст. Ба ин гуна кӯдакон, ки манзили барояшон вобастакардашуда надоранд ва ҳамчун ба манзил эҳтиёҷманд дар ҳисоб меистанд, дар расидан ба 18‑солагӣ хонаҳои якҳуҷрагӣ бо масоҳати на камтар аз 25 метри мураббаъ ҷудо карда мешавад, дар ҳолати байни шахсони болиғи ин тоифа вуҷуд доштани ақди никоҳ, ба онҳо хонаи 2‑ҳуҷрагӣ бо масоҳати умумии на камтар аз 50 метри мураббаъ ҷудо карда мешавад.
Ба фикрам, ҳамаи ин ислоҳоти ба иҷтимоиёт нигарондашуда бо саъю кӯшиши неки халқамон ҳамоҳанг мебошанд, ки онҳо чунин фазилатҳои инсонӣ, ба мисли меҳру оқибат, саховатмандии самимона ва ғамхорӣ ба наздиконро баланд қадр мекунанд. Дар ин робита кас беихтиёр суханони шоири бузург Алишер Навоиро ба ёд меорад: «Дилеро ба даст овардан баробари обод кардани Каъба аст.»
Новобаста аз он ки ман ба кадом шаҳр ё деҳаи Ватанамон ташриф меорам, ҳамеша бо ҷавонон вомехӯрам. Дар сӯҳбати ошкоро ва самимӣ ман ба саломатӣ, таҳсил, орзуву умедҳо, шароите, ки дар деҳаву маҳаллаҳои онҳо фароҳам оварда шудаанд, таваҷҷӯҳ менамоям.
Меъёрҳо ва параметрҳои зиёде барои арзёбии рушди кишварҳо ва халқҳо мавҷуданд. Аммо барои ман муҳимтарин меъёр камолот ва хушбахтии ҷавонони мост.
Нафас, суръат ва шиддати Ӯзбекистони навро ман қабл аз ҳама дар азму шӯҷоат, фикру пешниҳодоти далерона ва комёбиҳои ба даст овардаи писарону духтаронамон мебинам.
Ба наздикӣ, 30 июн, дар Рӯзи ҷавонон, вақте бо намояндагони насли ҷавон бори дигар вохӯрдам, аз ҷустуҷӯҳои онҳо дар соҳаҳои гуногун воқиф гардида, хеле шод гаштам.
Боварии комил дорам, халқу давлате, ки фарзандонаш доимо дар талошу ҷустуҷӯянд, ба сӯйи марраҳои баланд ҳаракат доранд, ба мақсадҳои дар пеш гузоштааш, албатта, мерасад. Зеро, чунин ҳаракатҳо фардо ба мавҷҳои муқтадир табдил ёфта, ҳаёти имрӯзу фардоямонро обод мекунад, ба баландшавии сатҳи шууру тафаккурамон мусоидат менамояд.
Савол.
Дар мамлакатамон солҳои охир вақте сухан аз пешрафтҳо дар боби таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон меравад, дар навбати аввал корҳои васеъмиқёсе ба забон гирифта мешаванд, ки доир ба хондан, дониш гирифтан, меҳнат кардан, ҳифзи тандурустӣ, ба рӯйи об баровардани тавону истеъдоди занону духтарон, ҳифзи модару кӯдак, баробарии гендерӣ ба амал татбиқ мешаванд. Сабаби ин чист?
Ҷавоб.
Сабаби ин, албатта, одист. Зеро, дар дунё дараҷаи тараққиёт ва маданияти ҳар гуна халқу давлатро муносибат ба занону духтарон муайян менамояд.
Зан агар бошад, ҳисори муқаддасе бо номи оила, неъмати бебаҳое чун фарзанд вуҷуд дорад. Агар занонамон хушбахт бошанд, оилаю ҷамъиятамон низ хушбахт мешавад.
Занону духтарон дар ҳамаи ҷабҳаю соҳаҳо бо мардон баробарҳуқуқанд, дар мамлакате, ки онҳо бо ҳурмату эҳтироми зиёд ба сар мебаранд, албатта, сулҳу осоиш, рушду тараққиёт хоҳад шуд.
Ин аст, ки халқи мо аз азал ба зане, ки тимсоли Модар аст, арҷ мегузорад.
Зоти муҳтараме, ки тӯли асрҳо дар дили одамизода ҳисси меҳрро ҷо карда, ӯро дар рӯҳи зебоипарастӣ, садоқату вафо тарбия мекунад, низ модарони моянд.
Дар ин ҳаёт тамому пешрафту комёбиҳои мо ба туфайли модарони мӯнису ғамхори мост. Биноан, мо ҳамеша дар назди занону духтаронамон бо ҳисси қарздорӣ ба сар мебарем. Ба онҳо ҳар қадар меҳрубонӣ кунем ва эътибор диҳем, меарзад.
Қариб ними аҳолии кишварамонро модарону хоҳарони азиз ташкил медиҳанд. Мо дар пиёда кардани сиёсати давлатӣ доир ба таъмини манфиат ва ҳуқуқи қонунии онҳо, баланд бардоштани нуфузу ҷойгоҳашон дар ҷамъият, такя ба чунин арзишҳо мекунем.
Солҳои охир, дар ин росто 24 ҳуҷҷат, аз ҷумла, 2 қонун, 6 фармон ва қарори Президент, 16 қарори Девони Вазирон қабул гардид, ки ифодагари эътибори ғамхорӣ ба хоҳарбузургу хоҳарони моянд.
Занони муҳтарами мо дар ҳамаи ҷабҳаю соҳаҳои ҳаёт фаъол ширкат ҷуста, ба барпо намудани Ӯзбекистони нав саҳми беназир мегузоранд. Ҳамаамон хуб медонем, ки дар байни онҳо депутат ва сенаторон, вазиру ҳокимон, Қаҳрамонони Ӯзбекистон, омӯзгорони халқӣ, шоирони мардумӣ, артистони халқӣ ҳастанд.
Имрӯз дар мамлакатамон сохторҳое, ба мисли Комиссия оиди баробарии гендерӣ, Кумитаи масъалаи занону духтарон ва баробарии гендерии Сенати Олий Маҷлис бобати ҳифзи манфиатҳои хоҳарбузургу хоҳаронамон, нақши муҳим доранд.
Дар мамлакатамон ба масъалаҳои таъмини занону духтарон бо ҷойи корӣ, манзили зист, беҳсозии сифати хидматрасонии тиббӣ ба онҳо аҳамияти алоҳида дода мешавад. Дар ин росто созмон додани марказҳои бозомӯзии касбу ҳунар барои занон, татбиқи барномаи хонаву ҷойи арзон аҳамияти муҳим касб менамояд. Ҳар сол бадалҳои ибтидоии манзили зисти занони шароити зиндагиашон вазнин аз ҳисоби буҷаи давлатӣ пардохта мешавад.
Хоҳарбузургу хоҳароне, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъоланд, дар соҳаҳои гуногун дастовардҳое доранд, дар тарбияи насли солиму комил саҳм мегузоранд, ба муносибати 8 март – Рӯзи байналхалқии занону духтарон, Рӯзи истиқлол ва ҷашнҳои гуногуни касбӣ бо мукофотҳои олии давлатамон, ҳамчунин, нишони сарисинагии «Мӯътабар аёл» сарфароз гардонда мешаванд.
Теъдоди духтароне, ки бо мукофоти давлатии ба номи Зулфия мукофотонида шудаанд, ба 374 нафар расидааст. Ин мукофот низ ба рағбатноксозии онҳо нигаронда шудааст.
Тавре, ки дар боло таъкид намудем, бино ба сохтори «Дафтари занон» доир ба коҳиш додани камбағалӣ ва хотима додани бекорӣ дар байни занон пайгирона чораҳо андешида мешаванд.
Савол.
Дар кишварамон ба вакилони насли бузургсол, файзу фариштаи хонадонҳоямон – собиқадорони муҳтарам ғамхории алоҳида зоҳир карда мешавад. Фикри шуморо бобати идомаи ин амалҳои нек донистан мехостам.
Ҷавоб.
Ман ҳар боре ки аз ҳаёти тинҷу осуда ва озоду фаровон меандешам, бо шукру сипос намояндагони чанд наслро пеши назарам меорам, ки то ба ин рӯзҳои рӯшан расидан бурдборона меҳнат кардаанд, бо таҳаммули кӯҳвор имтиҳон ва машаққатҳои ҳаётро пушти сар гузоштаанд. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд моро то ба ин рӯзҳои рӯшан расонданд. Ин иқдоми онҳо бо ҳеч чиз чен карда намешавад. Ин ҷасорат, фидокорӣ ва қаҳрамонист. Биноан, аҷдоди марду олиҷаноби гузаштаамонро бо қадршиносӣ ва ҳурмату эҳтироми зиёд ёд кардан, арҷ гузоштан ба собиқадорони муҳтараме, ки дар қайди ҳаётанд, қарзи муқаддаси мост.
Аз ҳама муҳимаш, ин гуна корҳои савоби мо барои ҷавононамон ҳам ба мактаби тарбия ва ибрат табдил меёбад.
Албатта, ба шумо, журналистон хуб маълум – дар кишварамон барои дастгирии намояндагони авлоди куҳансол, мазмуннок умр гузаронидани онҳо бобати офаридани шароитҳои зарурӣ корҳои зиёд карда мешаванд. Хусусан, душворӣ ва муаммоҳо вобаста ба расмигардонии пенсия ва нафақаҳо, дар вақташ пардохтани онҳо, истифода аз хидматҳои гуногуни иҷтимоӣ бартараф гардиданд. Падар ва модарони куҳансоламон, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, аз ҷониби бунёди «Нуронӣ» аз нигоҳи моддӣ ва маънавӣ рағбатонида мешаванд.
Ҳифзи солимии авлоди куҳансол, барои ба санатория ва хонаҳои истироҳат воқеъ дар ҷумҳуриамон рафтанашон додани роҳхатҳои имтиёзнок, табрик сохтани онҳо дар рӯзҳои ид, ҳамеша иззату ҳурмат намудани мӯйсафедон ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Такроран мегӯям, дар назди ин хел инсонҳо, ки дар вақташ тамоми қуввату ғайрат, дониш ва салоҳияташонро ба равнақи Ватан, фаровонии халқ бахшидаанд, мо як умр қарздорем. Барои боз ҳам файзнок гардондани ҳаёти нурониёни муҳтарамамон, барои бо таҷрибаи бой ва маслиҳатҳои худ дар ҳаёти иҷтимоиамон, хусусан, тарбияи ҷавонони Ӯзбекистони нав боз ҳам фаъолтар иштирок карданашон имкониятҳои иловагӣ меофарем.
Ин масъалаҳоро алоҳида таъкид карда гузаштанам беҳуда нест, албатта.
Модоме мо дар ҷараёни барпо кардани Ӯзбекистони нав розӣ кардани халқи худро наздамон вазифа гузоштаем, инро дар ҳаёти худ ҳис кардани ҳар як аъзои ҷамъиятамон барои мо бағоят муҳим аст.
Дар ин рӯзҳо дар тамоми қаламрави мамлакатамон баргузор шуда истодани вохӯрӣ миёни се авлод, дар онҳо фаъолона иштирок кардани нурониёни муҳтарамамон, аз таҷрибаҳои ҳаётию меҳнатӣ, аҳамият ва қадру қимати осудагӣ ва рӯзҳои равшани имрӯза фикр баён кардани онҳо барои ҷавононамон чун мактаби воқеии тарбия хидмат менамояд.
Савол.
Дар арафаи иди аз ҳама бузург ва аз ҳама азиз – ҷашни истиқлолият дар саҳифаҳои рӯзномаамон ҳамватанонамон, ки намояндагони касбу кори гуногунанд, орзуву ниятҳои худро баён менамоянд. Шумо аз рӯзҳои аввали ба истиқлолият даст ёфтани Ватанамон ҳамчун роҳбаре, ки дар ҷараёнҳои барпои давлат ва ҷамъияти нав фаъолона иштирок кардааст, дар рӯзҳои мо бошад, ҳамчун ташаббускори консепсияи Ӯзбекистони нав ва пешвои миллие, ки дар роҳи ба амал баровардани он халқи моро ҷасурона ба пеш мебарад, ба сифати Президент ба муносибати ин ид ба халқи мо чӣ ният ва дархостҳо баён кардан мехостед?
Ҷавоб.
Албатта, ба муносибати 30‑солагии истиқлолияти мамлакатамон мо оиди тамоми соҳа ва сохторҳо ҷамъбасти тараққиётамонро амиқ сарҳисоб намуда, нақшаҳои ояндаамонро боз ҳам аниқтар муайян менамоем.
Хусусан, дар диёрамон таъмин кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар як инсон, ноил шудан ба боз ҳам озод ва фаровон зиндагӣ кардани халқамон баъд аз ин ҳам мақсади асосии мо шуда мемонад.
Бузургтарин мақсади ман, ки ба сифати Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон маъною мазмуни фаъолиятамро ташкил менамояд – дар роҳи ба амал баровардани орзу-умедҳои халқи мо, ки мехоҳад тинҷ ва осоишта, озод ва фаровон ҳаёт ба сар барад, аз сидқи дил фидокорона хидмат кардан иборат мебошад.
Дар назди халқу диёрамон, ки ба ҳамаамон ризқу насиба дода, дар оғӯши меҳр парвардааст, мо ҳамеша қарздорем. Ноил шудан ба ризоияти халқи азиз ва муҳтарами мо – бароямон бузургтарин саодат мебошад. Зеро халқ аз мо розӣ бошад, Офаридгор низ розӣ мешавад.
Ба амал баровардани ҳамин гуна корҳои бузург, ки чи қадар аждодамон орзуву ният карда гузаштаанд, модоме ба мо насиб кардааст, ин ба ҳар як ҳамватанамон, ки худшиносиро дарк кардааст, магар бахт ва шарафи воқеӣ нест?
Бовариам комил, мо меҳри бепоён ва садоқатамонро нисбати ин Ватани ҷоноҷон ливои муқаддас намуда, тамоми дониш ва таҷрибаамон, ақл ва заковатамонро ба кор андохта, ягона халқ, ягона миллат шуда, ба мақсадҳои накӯи худ, албатта, мерасем.
Ӯзбекистони нав дар майдони ҷаҳон ба мамлакате табдил меёбад, ки ба салоҳияти пурзӯр, обрӯю эътибори муносиб молик буда, ҳарҷониба обод ва фаровон аст.
Ман ба ин нафақат бовар мекунам, балки дар ин роҳ баҳри сафарбар сохтани
тамоми дониш ва таҷрибаам, қувваю ғайратам ҳамеша тайёрам. Тамоми ҳамдиёронамонро ба ҳамин гуна сафи бузург – қарор гирифтанашон дар қатори бунёдкорони Ӯзбекистони нав даъват менамоям.
Аз имконияти имрӯза истифода карда, халқи бисёрмиллатамонро ба наздикшавии Иди истиқлолият аз самими қалб муборакбод менамоям.
Ба ҳар як хонадон, ба ҳар ҳамватанамон тинҷӣ-­хотирҷамъӣ, файзу баракат, бахту саодат доимо ёр буданашро орзу менамоям.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ