МО БОЯД МАДАНИЯТИ ХӮРОКХӮРИРО ОМӮЗЕМ!ё худ тартиби рӯзи бачаҳоро чӣ гуна бояд ташкил кард?

Яке аз омилҳои солим ба воя расидан ва донишазхудкунӣ истеъмоли таоми босифат аст. Хонандагон, абитуриенту донишҷӯён, умуман, касоне, ки бо фаъолияти ақлӣ сарукор доранд, бояд ба тартиби хӯрокхӯрӣ риоя намоянд. Ман инро дар худам санҷидам ва хостам донишу таҷрибаи андӯхтаамро бо дигарон баҳам бинам. Одат кардан ба хӯрокхӯрӣ дар як вақти муайян ва истироҳати ҳамарӯза, ки ба ҳазми таом кӯмаки аввалиндараҷа мерасонад, хеле зарур аст.
Маданияти хӯрокхӯрӣ асосан аз нонуштаи пагоҳӣ, таоми серғизои нисфирӯзӣ ва хӯроки сабуки шом иборат мебошад.
Ҳоло шоҳиди он мегардем, ки ҷавонон лаваш, гамбургер, чизбургер ва хотдог барин хӯрокҳои зудомодашавандаеро, ки аз чӣ гуна гӯшт омода шуданашон маълум нест, истеъмол мекунанд.
Азбаски чунин хӯроквориҳо дар кӯча, бозор ва истгоҳҳо зери чангу ғубору дуд омода мешаванд, нисбат ба фоида зарарашон зиёд аст. Масалан, чипсҳои картошка аз углевод, равған ва воситаҳое, ки мазаи сунъӣ медиҳанд, омода мешавад, ё сосис, сардил, колбаса, паштетҳо маҳсулотеанд, ки «равғани рустӣ» доранд. Чил фоизи маҳсулоти мазкур аз равғани чарбу иборат аст. Онҳоро бо зираворе мепӯшонанд, ки тамъи гӯштро медиҳанд.
Барои солимии бачаи мактабхон асалчой хеле фоидабахш аст. Барои ин дар наҳор ба ӯ бояд ним соат пеш аз нонушта 30-50 гр. асали ба оби ширгарм омехташударо нӯшонд. Асалчой то вақти нонушта ба танаи бача паҳн шуда, ба ӯ нерӯ мебахшад.
Равғани зайтун ва творог низ хеле фоидабахш аст. Ҷойи онро ягон маҳсулот намегирад. Истеъмоли ангури навъи кишмиш, писта, бодом, чормағз, нони хушк, дӯлоначой барои нонушта фоидабахш аст. Ин навъи меваҳо ба чашм ва мағзи сари инсон ғизоҳои асосиро мерасонанд. Истеъмоли чормағз шамолхӯрии мағзи сари инсонро, ки ба дигар ҳамаи узвҳо «супориш» медиҳад, бартараф мекунад ва гардиши хунро дар он беҳтар мегардонад.
Бодом ғизои мушакҳо буда, ҳолати гардиши хунро дар он беҳтар месозад. Писта бошад, ба фаъолияти ҷигар таъсири мусбат мерасонад, онро пурқувват мегардонад. Истеъмоли чунин маҳсулот дар охири моҳҳои тирамоҳ, зимистон ва баҳор, ки дар ин вақт норасоии витаминҳо ба организми инсон ба дараҷаи ҳисшаванда аст, хеле зарур мебошад.
Ба бачаҳо, хусусан, наврасон, хӯроки нисфирӯзии серғизо тавсия карда мешавад. Хусусан, барои онҳо омода кардани хӯрокҳои ғанӣ аз сафеда айни муддаост.
Бахусус, истеъмоли яхнии гов, ки манбаи калсий ба ҳисоб меравад, барои наврасон аз фоида холӣ нест.
Наврасон, ки организми онҳо дар рушду ривоҷ аст, бояд ба тартиби рӯз риоя намоянд.
Қоидаҳои асосии тартиби рӯзи бачаҳо ба тарзи зайл аст:
– ҳама рӯз дар як вақти муайян ба хоб рафтан ва аз хоб хестан;
– субҳ машғул шудан бо ҳаракатҳои ҷисмонӣ;
– истеъмоли хӯроки босифати чормаҳалӣ дар вақти муайян;
– сайр пеш аз хоб дар ҳавои тоза;
– дар вақти муайян машғул шудан бо мутолиаи китоб.
Бачаҳое, ки ба тартиби рӯз риоя менамоянд, тарзи ҳаёти солимро аз сар мегузаронанд.

М. СОАТОВ,
дорушинос.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ