Ӯзбекистон дар 7 моҳ 432-то электромобил импорт кард


Дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ Ӯзбекистон аз кишварҳои хориҷӣ ба арзиши 7,7 миллион доллар 432 электромобил харид кард.
Бино ба хабари кумитаи давлатии омор (статистика), ҳаҷми воридоти электромобил нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 364-то зиёд шуд.
Ӯзбекистон аз ин кишварҳо мошини барқӣ харид кард:
Чин – 388 то;
Туркия – 24 то;
ИМА – 6 то;
Корея – 5 то;
Германия – 4 то;
Литва – 1 то;
Испания – 1 то;
Русия – 1 то;
Ҳонгконг – 1 то;
АМА – 1 то.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ