Саломатӣ

Сабзавоти шифобахш

Олимони Британияи Кабир номгӯйи 10 маҳсулоти хӯроквории фоиданокро тартиб доданд. Дар ҷойи аввали ин рӯйхат помидор қарор дорад. Сабаби дар ҷойи якум қарор гирифтани он бошад, помидор барои беморони рагу дил фоиданок буда, аз пайдоиши варами номақбул (саратон) огоҳ месозад, ки дар замони ҳозира хеле муҳим аст.Дар таркиби помидор ва шарбати он:– крахмал – 0,15 фоиз,– қанд – 1,8-4,1 фоиз,– бофтаҳо – 0,55-0,84 фоиз,– каротиноидҳо,– кислотаҳои органикӣ,– витаминҳои бисёри С, РР, каротин,– кислотаҳои никотиниву фолиевӣ,– намакҳои минералӣ,– равғани эфирӣ ва ғайра мавҷуд мебошад.Одам рӯзе 200 грамм помидор хӯрад, организм бо меъёри якрӯзаи каротин таъмин мегардад. Аз рӯйи оҳандорӣ помидор аз гӯшти мурғ, маҳсулоти моҳигӣ ва шир болотар аст. Помидори тару тоза ҳазми таомро беҳтар гардонида, ташнагиро мешиканад. Фишори хунро паст месозад, пеши роҳи зиёдшавии як қатор микрорганизм ва мағорро мегирад.Дар натиҷаи тадқиқотҳо исбот шудааст, ки истеъмоли мунтазами помидор, шарбати он ва кетчуп хавфи гирифтории бемориҳои саратони ғадудҳои таносули мард, рӯдаҳои ғафс ва рост, ғадудҳои шуш ва синаро кам мегардонад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ