Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор…

Имрӯз зодрӯзи собиқадори маорифи халқ, марди фарҳангдӯсту хирадпарвар, фарзанди олими забоншинос ва муҳаққиқи шеъру адаб Тӯрақул Зеҳнӣ, шодравон Фарҳод Зеҳнӣ мебошад

Омӯзгор машъали фурӯзонест, ки ба ботини одамон нур мебахшад. Омӯзгор мисли боғбонест, ки навниҳолакону наврустаҳои боғи зиндагиро бо меҳру муҳаббати беандоза мепарварад, то онҳо беосеб ба камол расанд ва меваҳои пурсамар ба бор оранд.
Беҳуда нест, ки ниёгони шуҳратманди мо, бузургони адабиёти қадиму пурғановати оламшумуламон дар тамоми давру замонҳо омӯзгор, муаллим, устодро ситоиш кардаанду ҳамду саноҳо хондаанд. Камолиддин Биноӣ устодро «аз падар пеш» гузоштааст. Шайх Саъдии Шерозӣ «ҷабри устодро беҳ зи меҳри падар» гуфтааст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,
Шавад тира аз бехирад рўзгор.
Дар ҷомеа инсонҳое, ки ҳаёти худро ба таълиму тарбияи насли ҷавон бахшида, як умр пешаи омӯзгориро касб кардаанд ва аз қафои пеша соҳибэҳтиром гардидаанд, ангуштшуморанд. Яке аз чунин инсонҳо, собиқадори маорифи халқ, шодравон Фарҳод Тӯрақулович Зеҳниев (Зеҳнӣ) буд.
Ф.Зеҳниев 23-юми августи соли 1929 дар деҳаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд (ҳоло шаҳри Самарқанд) дар оилаи забоншинос ва муҳаққиқи шеъру адаб Тӯрақул Зеҳнӣ ба дунё омадааст. Модараш, муаллима Ҳамида Ҷалолова нахустфарзанди худро бо меҳри беандоза калон мекард.
Ф.Зеҳниев баъд аз хатми мактаби ҳафтсолаи зодгоҳ ва Омӯзишгоҳи педагогӣ фаъолияти меҳнатиро соли 1952 ба ҳайси омӯзгори мактаби ҳафтсолаи рақами 35-и ноҳияи Самарқанд (деҳаи Галаосиё) оғоз намуд. Дар ин таълимгоҳ то моҳи сентябри соли 1955 кор кард. Сипас, фаъолияти педагогиашро дар мактаби рақами 25-и зодгоҳ идома дод.
Вай аз соли 1956 то соли 1961 дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсили илм намуд. Баъд аз гирифтани маълумоти олӣ чанд муддат дар мактаб – интернати варзишии рақами 12 тарбиячӣ буд ва баъд ба мактаби зодгоҳаш ба кор гузашта, то синни нафақа, беш аз сӣ сол дар таълиму тарбияи насли наврас саҳм гузошт.
Фарҳод Тӯрақулович дар давоми фаъолияти корӣ борҳо бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, дар соли 1984 бошад, бо медали “Собиқадори меҳнат” мукофотонида шуд.
Ф. Зеҳниев баъди ба нафақа баромадан низ дар мактабу маҳалла барои тарбияи насли наврас кӯшиш ба харҷ медод. Панҷ нафар фарзанд Фаршед, Нигина, Заррина, Манучеҳр ва Маҳшедро бо ҳамсараш Хайринисо Мирзоева таълиму тарбияи хуб дод. Ҳоло онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ самаранок меҳнат мекунанд.
Мегӯянд, ки марг поёни зиндагӣ нест. Инсони бонангу номус, халқпарвар ва ватанпарвар, ки дар пайи обод кардани ватан бошад, ҳамеша дар қалбҳои мардум зинда мемонад. Зеро мардум ӯро ба некӣ ёд мекунанд. Устод Фарҳод Тӯрақулович Зеҳниев аз зумраи чунин инсонҳои нек аст, ки то ҳол фарзандон, дӯстон ва пайвандон хотираи шамъи ӯро фурӯзон нигоҳ медоранд:
Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мост.

Мирзо МАСЪУЛ

Дар акс: аз рост ба чап, Т.Зеҳнӣ, М.Муҳаммадиев, Ф.Зеҳнӣ ва Ҳ.Ҳамидзода

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ