Вазири корҳои хориҷии Покистон ҷомеаи ҷаҳонро ба чӣ даъват кард?

Исломобод аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват мекунад, ки бо ҳаракати радикалии «Толибон», ки дар Афғонистон ба қудрат расидаанд, муколама кунанд. ТАСС хабар дод, дар ин бора дирӯз, 23 август зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ хабар дод.
«Ҷомеаи байналмилалӣ бояд бо толибони афғон дар тамос бошад», — иқтибос овардааст суханони Қурайширо шабакаи телевизионии Jeo TV.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Покистон, дар ояндаи наздик ӯ барои баррасии вазъияти Афғонистон ба Эрон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сафар мекунад. Вай ҳамчунин иброз дошт, ки Покистон ният дорад ба сулҳ дар ин кишвар мусоидат намояд ва умедвор аст дигар давлатҳои минтақа низ ҳамин тавр хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ