Дар бораи мукофотонидан бо нишони хотиравии «Ӯзбекистон Республикаси мустақиллигининг 30 йиллиги»

Халқи мо санаи бузург ва пуршарафи таърихи Ӯзбекистони нав – 30‑юмин солгарди истиқлолияти Ватанамонро бо хушнудии зиёд пешвоз мегирад.
Кори азими дар давраи гузаштаи бунёди давлати нави демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мамлакат амалишуда, ба даст овардани натиҷаҳои баланд, бешубҳа саҳми ҳамватанони мо, ки дар соҳаҳо ва ҷабҳаҳои гуногун фидокорона кор мекунанд, назаррас аст.
Эътирофи хидматҳои барҷастаи чунин одамон дар назди халқ ва муносиб ҳавасманд гардондани онҳо дар бедор намудани ҳамватанони мо, хусусан ҷавонон, ба ноил шудан ба марраҳои баланд, дар қалби онҳо пурзӯр гардондани ҳисси муҳаббат ва садоқат ба Ватан аҳамияти муҳим дорад.
Ба мақсади бо нишони хотиравии «Ӯзбекис­тон Республикаси мустақиллигининг 30 йиллиги» сарфароз гардондани ҳамватанонамон, ки ба рушди ҳамаҷонибаи мамлакат, афзун гардондани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ҳиссаи бузург мегузоранд барои мустаҳкамсозии иқтисодиёти давлат ва баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ ибрату намуна мебошанд, дар таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ризоияти байнимиллӣ ва таҳаммулпазирӣ, тарбияи насли солим ва баркамол дар рӯҳи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ фидокории алоҳида нишон додаанд:
1. Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон рӯйхати сарфарозгардонӣ бо нишони хотиравии «Ӯзбекистон Республикаси мустақиллигининг 30 йиллиги»-ро, ки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва идораҳои дигари ҷумҳуриявӣ, инчунин Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд пешниҳод намудаанд, баррасӣ ва тасдиқ кунад.
2. Раиси Сенати Олий Маҷлис, Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, роҳбарони вазорат, идораҳо ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, Раиси Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, роҳбарони дигари масъул супурдани нишонҳои хотиравии «Ӯзбекистон Республикаси мустақиллигининг 30 йиллиги»-ро аз номи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар вазъияти тантанавӣ дар чорабиниҳо, ки ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлолият гузаронда мешаванд, таъмин намоянд.
3. Ба Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва воситаҳои ахбори оммавии дигар васеъ равшан намудани чорабиниҳо бахшида ба супурдани нишонҳои хотиравии «Ӯзбекистон Республикаси мус­тақиллигининг 30 йиллиги» тавсия дода шавад.
4. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурияти Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурияти
Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри Тошканд,
23 августи соли 2021.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ