Токио-2020. 3 нафар парашиновари ӯзбекистонӣ ба зинаи финалӣ баромад


Дар рӯзи аввали бозиҳои Паралимпияи тобистонаи XVI дар байни мардҳо аз рӯйи шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо усули «баттерфляй» дар синфи S13 Музаффар Турсунхӯҷаев ва Ислом Асланов, дар байни занон аз рӯйи шиноварӣ бо усули «баттерфляй» дар синфи S13 Шоҳсанамхон Тошпӯлодова, Нигорахон Мирзоҳидова, инчунин Муслима Одилова ба старт баромаданд.
И.Асланов бо вақти 26,35 сония ҷойи аввалро, М. Турсунхӯҷаев бо вақти 26,72 сония ҷойи сеюмро гирифтанд. Ҳар дуи инҳо ба зинаи финалӣ роҳхат гирифтанд.
Дар баҳси занҳо Ш.Тошпӯлодова бо вақти 30,79 сония ҷойи якумро ишғол кард ва ба зинаи финалӣ роҳхат ба даст овард.
Имрӯз баҳсҳои зинаи финалӣ баргузор мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ