Дар Самарқанд рафти иҷрои барномаи инвеститсионӣ чӣ хел аст?

Мувофиқи қарори Президенти мамлакатамон аз 28‑уми декабри соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои ривоҷ додани инфрасохтори иҷтимоӣ ва коркардабарории Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2021–2023» дар Барномаи инвеститсионии соли ҷории вилоят ҷамъи маблағи лоиҳавӣ, ки қиматаш 825,1 миллиард сӯмро ташкил мекунад, 130 объект дохил карда шудааст. Инчунин, дар асоси Баёни раёсати Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон 33 объект ба барнома ҳамроҳ гардидааст. То имрӯз тамоми ҳуҷҷатҳои сметавию лоиҳавии ин объектҳо таҳия шуда, хулосаи экспертезӣ бароварда шудаанд. Дар натиҷаи эълони тендер ғолибон муайян ва байни дархостдиҳандаву ташкилотҳои пудратӣ шартномаҳо баста шуда, дар объектҳо корҳои сохтмониву монтажкунӣ давом доранд.
Инчунин, аз рӯйи қарори Президенти мамлкатамон аз 2‑юми апрели соли 2021 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагии дар амал иҷро кардани барномаҳои «Қишлоқи обод» ва «Маҳаллаи обод» таъмир ва тармими 59 объекти иҷтимоӣ дар назар гирифта шуданд. Маблағи умумии онҳо 87,264 миллиард сӯмро ташкил мекунад. Дар он сохтани 27 мактаб, 17 объекти тандурустӣ ва 15 объекти таълими томактабӣ дар назар дошта шудааст. Ҳоло дар ҳамаи ин объектҳо корҳои сохтмониву бунёдкорӣ ва ободонӣ пеш бурда мешаванд.
Дар ҷамъомаде, ки парерӯз дар Хонаи матбуоти вилоят баргузор гардид, сармеъмори вилоят Ҳаёт Мирзоев оиди рафти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар объектҳои иҷтимоӣ дар асоси Барномаи инвеститсионии соли равон дар вилояти Самарқанд маълумот дод.
– Дар тамоми объектҳое, ки корҳои сохтмону мотажкунӣ идома доранд, якҷоя бо инспексияи назорати сохтмон сифати кори бинокорон, дар асоси меъёрҳои бинокорӣ сохтан, риояи қоидаҳои бехатарии техникӣ, бардоштани гирди объектҳои бинокорӣ бо деворҳои муваққатӣ ва ғайра ба таври доимӣ зери назоратанд, – гуфт Ҳ. Мирзоев дар рафти анҷумани матбуотӣ бо журналистон. – Рафти иҷрои барнома бо Вазорати сохтмон ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе ба тарзи видеоселекторӣ муҳокима мешавад.
Дар ин анҷумани матбуотӣ сардори иснпекисияи назорати сохтмони вилоят Фарҳод Сувонқулов низ баромад кард.
Ба саволҳои журналистон оиди азнавсозии системаи канализатсия, нотамом мондани корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаҳои намунавии объектҳое, ки ҳамчун асари нодири санъат минбаъд сохта шуданд, Ҳ. Мизоев ҷавоб гардонд.

Б.ҶУМЪАЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ