Қадамҳои ислоҳот


Ин тараф замини хоҷагии қишлоқ танҳо дар асоси озмуни кушод ба иҷора дода мешавад
Дар вохӯрии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев бо тадбиркорон маълум гардид, ки ин тараф замини хоҷагии қишлоқ танҳо дар асоси озмуни кушод ба иҷора дода мешавад.
Озмун аз рӯйи ҳар як қитъа барои посух додан ба саволи “ба гирифтани замин кӣ бисёртар ҳақ дорад?” гузаронида мешавад.
Дар озмунҳо дар шартҳои баробар ҳам деҳқон ҳам фермер ҳам агрофирма ва кластерҳо иштирок мекунанд.
Замини ғайриқишлоқ бошад, танҳо тавассути ауксион (кӣ зиёд?) фурӯхта мешавад.
Дар аксар ҳолатҳо замини ба ауксион гузошташуда аз ҷойҳои ба тадбиркор маъқулбуда не, балки аз ҳудуди дур, канор, инфрасохтораш набуда интихоб карда шудааст.
Майдони хубро бошад, бо ҳар хел роҳҳо дар асоси қарори ҳокимҳо додаанд, ки ин ба ҳеҷ кас пӯшида нест.
Ин ҷониб замин танҳо ва танҳо ба таври кушоду рӯйи ростӣ тавассути ауксион дар сифати мулки хусусӣ фурӯхта ё ин ки ба иҷора дода мешавад.
Ҷ.ПУРАСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ