Ҷавонон ҳарҷониба фаъоланд


Имрӯзҳо дар саросари мамлакатамон шодиёнаҳо идома доранд. Яке аз идҳои бузургтарину азизтаринамон-30-солагии Иди Истиқлолияти кишварамон мебошад. Ҳар як шаҳрванди мамлакатамон бо Ватан-зодгоҳаш ифтихор дорад.
Солҳои охир аҳолии ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷи кишварамонро, аз ҷумла ҷавононро дастгирӣ мекунанд.
Маълум, ки бар асоси қарори рақами 250-и Девони Вазирон Шӯрои васигии Хазинаи дастгирии ҷавонон «Дафтари ҷавонон» ташкил гардидааст.
То ин вақт ба «Дафтари ҷавонон»-и ноҳияи Оқдарё 3258 ҷавон дароварда шуда, 3184 нафари онҳо аз дафтар бароварда шудааст. То имрӯз ба 725 нафар ҷавон (97,7%) 909203 миллион сӯм ёрии иқтисодӣ-иҷтимоӣ расонданд.
Инчунин, ба «Дафтари ҷавонон» воридшудагон:
367 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид;
ба 1770 нафар ҷавон  531 гектар замин ҷудо карданд;
157 нафар ба касбу ҳунар хононда шуданд;
610 нафар ба тадбиркорӣ хононда, ссертификат доданд;
ба 510 нафар 11585,1 миллиард сӯм кредит ҷудо гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ