Кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон таҳлил гардид

Дирӯз сессияи чилуякуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид.
Сессияро раиси шӯро, ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов сарварӣ кард.
Дар сессияи навбатӣ масъалаҳои муҳими бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии вилоят вобаста муҳокима карда шуд.
Аз ҷумла, ҷонишини ҳокими вилоят, сарвари Садорати инвеститсияҳо ва савдои хориҷӣ О. Хӯҷаев аз рӯйи масъалаҳои муҳими ҷалби инвеститсияҳо ба вилоят, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва афзунсозии ҳаҷми экспорт, ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ ва васеъсозии самаранокии ҳамкории байниминтақавӣ бо кишварҳои хориҷӣ ҳисобот дод.
Зикр гашт, ки соли 2021 татбиқи 54 лоиҳаи инвеститсионии арзишаш 447,2 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар нимаи аввали соли равон дар вилоят ба миқдори 84,2 миллион доллари амрикоӣ сармояҳои хориҷӣ аз худ карда шуд. 47 дарсади сармояҳои хориҷӣ ба Хитой, 17 фоиз ба Озорбойҷон ва 10 дарсадаш ба Туркия рост меояд.
Аз аввали сол бо Россия, Украина, Қазоқистон, Венгрия, Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон форумҳои тиҷоратии байниминтақавӣ гузаронида шуда, бобати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои савдо-­иқтисод ва сармоягузорӣ чораҳои муҳим татбиқ гардиданд.
Раиси суди маъмурии вилоят Т. Файзиев аз рӯйи корҳое, ки бобати таъмини суди одилона дар вилоят дар нимсолаи аввали соли 2021 аз тарафи суди маъмурии вилоят амалӣ гардидаанд, ахборот дод.
Таъкид гардид, ки дар нимаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи судҳои маъмурии байниноҳиявӣ 626 парвандаи маъмурӣ, ки вобаста бо муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд, баррасӣ шуд. Аз онҳо 170 парванда қаноатманд карда шуд, 342 муроҷиат рад гардид, 58 парванда боздошта шудааст ва 56 парвандаи дигар ҳоло дида нашудааст. Аз ҷумла, вобаста ба ҳақиқӣ ҳисоб накардани қарорҳои ҳокимони шаҳру ноҳияҳо 213 парванда дида шуда, аз онҳо 40‑тояш қаноатманд карда шуд ва 148‑тояш рад гардид.
Тибқи тартиби кори сессия доир ба корҳое, ки бобати ҳалли масъалаҳои дар муроҷиатҳои шаҳрвандон ба миён гузошташуда амалӣ мегарданд, ҳисоботи сарвари Сарсадорати таъмини шуғл И. Ҷабборов ва сарвари Сарсадорати Бонки марказии вилоят О. Тӯхтаев шунида шуд.
Фаъолияти роҳбарони садорат бо муроҷиатҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ таҳлили танқидӣ гардида, аз рӯйи масъалаҳое, ки бояд эътибор дода шаванд, тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Таъкид шуд, ки дар кор бо муроҷиати шаҳрвандон на ба ҳисобот, балки ба ризоияти мардум ноил гардидан аҳамияти муҳим дорад.
Муқарар карда шуд, ки минбаъд бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳои дар рафти ҷамъомади видеоселекторӣ, ки рӯзи 23‑юми июли соли ҷорӣ таҳти раёсати сарвари давлат гузаронида шуд, баён гардидаанд, дар сессияҳои Шӯро корбарии ҳокимиятҳои вилоят, садорат ва идораҳо доир ба ҳалли муроҷиати шаҳрвандон муҳокима карда мешавад.
Дар сессия регламенти намунавии Шӯрои намояндагони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо, инчунин, Низоми намунавӣ дар бораи комиссияи доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо тасдиқ гардид.
Мувофиқи он комиссияҳои доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят аз нав тартиб ва ҳайати шахсӣ тасдиқ карда шуд.
Дар Шӯро комиссияи доимӣ доир ба масъалаҳои сиёсати ахборот ва таъмини ошкороии мақомоти давлатии маҳаллӣ ташкил карда шуд ва чун раиси комиссия депутати аз ҳавзаи интихоботии Ҷозмон‑58 интихобгардида, директори Телерадиокомпанияи вилояти Самарқанд Мирзо Ихтиёров тасдиқ шуд.
Инчунин, дар сессия бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 9‑уми августи соли 2021 «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани сохтори таъмини кафолатҳои ҳуқуқҳои кӯдакон» ба сохтори ташкилии дастгоҳи идораи ҳокимияти вилоят тағйирот ворид карда шуд.
Комиссияи байниидоравии вилоят доир ба корҳои ноболиғон аз нав чун Комиссия доир ба масъалаҳои бачагон ташкил карда шуд.
Зикр гашт, ки фаъолияти котиботи ҳифзи кӯдакон дар дастгоҳи ҳокимияти вилоят ба роҳ монда мешавад.
Ғайр аз ин, комиссияи доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят доир ба масъалаҳои кор бо ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва дигар институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ аз нав чун Комиссияи доимӣ доир ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, зану духтарон ва баробарии гундерӣ номгузор шуд.
Ба комиссия депутати аз ҳавзаи интихоботии Янгиқӯрғон‑11 интихобгардида, саршифокори Диспансери эндокринологии вилоят Гулзода Неъматова чун сарвар таъин гардид.
Дар сессия доир ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳо қабул шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ