Озмуни «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз»: рағбати муносиб ба эҷодкорони фаъол ва фидокор

Бо назардошти аҳамияти бузурги истиқлолияти сиёсӣ, таърихӣ ва маънавиву тарбиявии он, ба мақсади мунтазам ва самарабахш давом додани татбиқсозии вазифаҳои асосии мо дар даврони нав, васеъ ва бо тамоми халқ таҷлил кардани иди истиқлол дар сатҳи олӣ, инчунин, бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти мамлакат аз 20‑уми декабри соли равон озмуни анъанавии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» гузаронида мешавад.
Дирӯз зинави вилоятии озмуни «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз», ки дар худ ғояи некӯи «Дар Ӯзбекистони нав озодона ва фаровон зиндагӣ кунем!»-ро ифода кардааст, ҷамъбаст гардид.
Дар тадбир, ки бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Самарқанд, Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят, шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шӯъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Садорати маданияти ҳокимияти вилоят, Иттиҳодияи эҷодии «Тасвирий ойна», Телерадиокомпанияи вилоят ва Иттиҳодияи бадеии эҷодкорон гузаронида шуд, 18 нафар ғолиб аз рӯйи шаш номинатсия муайян ва бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.
– Озмуни «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз», ки ҳар сол ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ гузаронида мешавад, барои эҷодкорони фаъол, ташаббускор ва фидокор рағбати муносиб аст,  – гуфт ҷоизадори ҷойи якуми номинатсияи «Асарҳои бадеии шоиру нависандагон» З. Эшонқулова.  – Бигзор истиқлолияти Ватани маҳбубамон пойдор бошад ва мо эҷодкорон бо асару мақолаҳои беҳтарини худ баҳри ғанӣ гардидани бойгонии адабиёт, ривоҷи соҳаҳои маънавияту маърифат саҳм гузорем.
Дар тадбир ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов иштирок ва сухан кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ