Хабари мухтасар дар бораи ҷамъомади умумии ҳаждаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон

26 августи соли  2021 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади умумии ҳаждаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кор шурӯъ кард 
Дар ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, аъзои ҳукумат, роҳбарони вазоратҳо, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. 
Ба кори ҷамъомади умумӣ Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева раҳбарӣ кард. 
Кори ҷамъомади умумӣ дар веб-сомонаи Сенати Олий Маҷлис ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бевосита намоиш дода шуд.
Дар ҷамъомади умумии понздаҳуми палатаи болоии парлумон қайд карда шуд, ки кумитаҳои Сенат оид ба масъалаҳои буҷа ва ислоҳоти иқтисодӣ, занон ва баробарии гендерӣ, Комиссия оид ба мусоидат ба ҷоннокгардонии фаъолияти мақомоти намояндагии ҳокимият дар маҳалҳо якҷоя бо кормандони масъули Девони Вазирон ва ҳокимияти вилояти Тошканд дар муддати як моҳ оид ба ҳалли мушкилот чораҳо меандешанд ва бинобар натиҷаҳои он маълумот тақдим менамоянд.
Дар бораи натиҷаҳои омӯзиши мазкур дар ҷамъомади умумии ҳаждаҳуми Сенат раиси Кумитаи палатаи болоии Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои занон ва баробарии гендерӣ М. Қодирхонова маълумот дод.
Дар ҷамъомади умумӣ ахбори вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2021 шунида шуд. 
Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба татбиқи сиёсати хориҷии мамлакатамон, ҳифзи манфиатҳои давлатии Ӯзбекистон ва ҳуқуқи шаҳрвандон нисбати давлатҳои хориҷӣ, инчунин, дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ корҳои муайян амалӣ намудааст. Ҳамзамон ба танзими фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо оид ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Ҳамин тавр, бо иштироки фаъолонаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар нимаи аввали соли 2021 зиёда аз 40 боздид ва мулоқоти сарвари давлат бо роҳбарони кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ташкил карда шуд.
125 ташрифи намояндагони вазорату идораҳо, ҳокимияти минтақаҳои Ӯзбекистон дар мамлакатҳои хориҷӣ бо мақсади таҳкими алоқаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкорӣ баргузор гардид.
Вазорат якҷоя бо намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷа 473 шартномаи содиротӣ ба маблағи умумии 411,5 миллион доллари ИМА ба имзо расонд. Маблағҳои кӯмаки бепули техникӣ ва грантҳо дар ҳаҷми  88,27 миллион доллари ИМА ҷалб карда шуданд. Бо мақсади самараноктар мусоидат ба содироти маҳсулоти ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ 706 чорабинии гуногун, презентатсияҳо баргузор гардида, 719 мавод дар васоити ахбори оммаи хориҷӣ нашр карда шуданд.
Дар баробари ин дар ҷараёни омӯзиш, ки Сенат баргузор намуд, инчунин, ҳангоми муҳокимаи он дар Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ мавҷуд будани як қатор мушкилот ва камбудиҳо дар фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид гардид.
Аз ҷумла, зарурати ташкили кори мунтазам бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо оид ба назорти сифат ва саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории пешниҳоднамудаи намояндагиҳои дипломатӣ таъкид карда шуд.
Мавҷуд набудани системаи муқарраршудаи таҳлилӣ ва тадқиқоти маркетингии бозорҳои пешомадноки савдои хориҷӣ, инчунин фаврӣ тақдим намудани натиҷаҳои онҳо ба вазоратҳои дахлдор, идораҳо, сохторҳои тиҷоратӣ ва корхонаҳои пешбари содиркунанда қайд карда шуд.
Зарурати такмил додани интизоми молиявӣ ва барқарор намудани назорати самарабахш аз рӯйи масрафи маблағҳои буҷетӣ дар вазорат таъкид шуд.
Инчунин фактҳои сари вақт иҷро нашудани як қатор қоидаҳои қарори Сенат ва қарорҳои кумитаҳои Сенат, ки бинобар натиҷаҳои шунидани иттилоот дар бораи ҳолати иҷрои «харитаҳои роҳ», ки бинобар ҷамъбасти ташрифҳо дар сатҳи олӣ, ҳисоботи сарони ҳайатҳои дипломатии Ӯзбекистон дар хориҷа имзо шудаанд, таъкид гардиданд. 
Ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва идораҳои дигари дахлдор, инчунин ба Шӯроҳои маҳаллии вакилони халқ оид ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.

Бинобар масъалаи баррасишуда қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Пас аз ин сенаторон натиҷаҳои дархости парлумонӣ, ки ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мушкилоте, ки дар раванди ҷалби васеи аҳолӣ, хусусан ҷавонон, ба шуғл бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш пайдо шуданд, фиристода шудааст, баррасӣ намуданд.
Дар натиҷаи корҳои мувофиқи вазифаҳои дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба васеъ ҷорӣ кардани тарзи ҳаёти солим ва рушди минбаъдаи варзиши оммавӣ»  гузарондашуда, қарори «Дар бораи чораҳои ташкилии ҷорӣ кардани низоми баҳодиҳӣ ба сатҳи тайёрии ҷисмонии аҳолӣ» пешбинишуда зиёда аз 56 ҳазор чорабиниҳои оммавии варзишӣ оид ба давидан, гаштан, велосипедронӣ, бадминтон, стритбол, Workout ва дигар намудҳои варзиш ташкил карда шуданд. Дар ин мусобиқаҳо 4 миллиону 700 ҳазор нафар иштирок карданд. Иштироки тақрибан 3 миллиону 3 ҳазор нафар дар 31 чорабинии солимгардонӣ таъмин карда шуд.
Илова бар ин, инвентаризатсияи 5 359 толори муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд, ки дар 4 235-тои онҳо барои варзиш пас аз дарсҳо шароит фароҳам оварда шудааст.
Бо мақсади тарғиби пиёдагардии ҳаррӯза ва давидан дар байни аҳолӣ дар шабакаи Интернети Google Play веб-портали «Тарзи ҳаёти солим» www.1hls.uz ва замимаи мобилии он таъсис дода, ба кор дароварда шуд.
Ҳамзамон бо мақсади фароҳам овардани шароит барои шуғл варзидан бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо таблиғгарони варзиш таъин карда шуданд.
Ба шарофати фароҳам овардани шароит шумораи аҳолие, ки мунтазам бо варзиш шуғл меварзанд, аз 19 фоизи соли 2020 то 21,3 фоиз афзоиш ёфт.
Дар ҷаласа сенаторҳо қайд карданд, ки дар баробари корҳои анҷомдода камбудиҳо низ ҷой доранд.
Ҳамин тавр, бинобар набудани меъёрҳои возеҳи баҳисобгирии ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҳалҳо воқеан баҳо додан ба нишондиҳандаҳо дар ин самт имконнопазир аст.
Ҳодисаҳои ба таври сунъӣ афзоиш ва аз будаш зиёд нишон додани нишондиҳандаҳои фарогирии аҳолӣ аз ҳисоби шомил кардани шаҳрвандон, ки ба чорабиниҳои якдафъаинаи оммавии варзишӣ ҷалб карда мешаванд, ба рӯйхати бо тарбияи  ҷисмонӣ ва варзиш мунтазам шуғлварзандагон мушоҳида мешаванд.
Чунин иқдомҳо ба монанди «5000 қадам барои саломатӣ» ба маъракаи якдафъаина табдил меёбанд, ки хусусияти мунтазамӣ надоранд. Роҳбарони аввали минтақаҳо дар ин иқдомҳо танҳо барои нишон додани худ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок мекунанд. Ин аҳвол дар бобати ба тарбияи ҷисмонӣ  ва варзиш чалб намудани аҳолӣ ягон самара намебахшад.
Дар 199 маҳаллаҳои вилояти Навоӣ, 98 — вилояти Тошканд,  48 — вилояти Хоразм, 40 — вилояти Сурхондарё роҳҳҳои велосипедронӣ, пиёдагардӣ, давидан вуҷуд надоранд.
Роҳҳои пиёдае, ки кормандони масъул дар баъзе минтақаҳо ба сифати «долонҳои саломатӣ» пешниҳод мекунанд, ба андоза ва талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ нестанд.
Инчунин майдончаҳои машқ дар 477 минтақаҳои вилояти Тошканд, 235 — Сурхондарё, 124 — Хоразм, 50 — Андиҷон ташкил карда нашудаанд. Дар ноҳияҳои вилоятҳои Хоразм, Навоӣ, Андиҷон, инчунин шаҳри Тошканд барои мини-футбол майдонҳо вуҷуд надоранд.
Боз як ҷиҳат.  Идоракунии самарабахши иншооти варзишӣ дар асоси шарикии давлатию хусусӣ ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудааст.
Аз сабаби сифати пасти корҳои сохтмону таъмир дар иншооти варзишӣ, ки ба барномаҳои сармоягузорӣ шомиланд, ин иншоотҳо пас аз ба кор даромадан корношоям мемонанд.
Ҳамин тариқ, ҳавзе, ки соли 2016 дар ноҳияи Поп сохта шудааст, дар тӯли 2 сол кор накард. Аз буҷети маҳаллӣ ба миқдори 500 миллион сӯм маблағҳои иловагӣ ҷудо карда, камбудиҳои сохтмон бартараф карда шуданд.
Бинобар ҷамъбасти баррасии фаъол қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул шуда, оид ба ҳамкории наздики парлумон ва ҳукумат дар ҳалли камбудиҳои ҷойдошта мувофиқа ҳосил шуд.
Бо ҳамин рӯзи якуми кори ҷамъомади умумии ҳаждаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба охир расид.


27 августи соли 2021 дар Тошканд кори ҷамъомади умумии ҳаждаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон идома ёфт
Аввал сенаторон ахбори директори Агентии кадастри назди Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи ҳолати иҷрои ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ дар соҳаи мазкур шуниданд.
Таъмини истифодаи оқилона ва самарабахши замин дар мақсадҳои муқарраргардида, ҳифзи замин, пурра пеш бурдани Низоми ягонаи кадастрҳои давлатӣ вазифаҳои муҳимтарини давлат ба шумор меравад.
Дар солҳои охир ба истифодаи оқилона ва ҳифзи ин захира, таъмини қонуният дар соҳаи муносибатҳои замин эътибори алоҳида дода мешавад. Аз ҷумла, аз ҳисоби ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотӣ рӯшодӣ ва шаффофияти тартиботи заминҷудокунӣ баланд шуда, саддҳои бюрократӣ дар маҳалҳо барҳам дода мешаванд.
Мутаассифона дар муносибатҳои замин то ҳол ҳолатҳои дуздӣ, коррупсия ба назар мерасанд. Ҳар рӯз дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мо дар бораи фурӯши ғайриқонунии замин маълумот ба даст меорем. Чун пештара ҳолатҳои дуздӣ, худсарона азхуд кардан ва ғайриқонунӣ фурӯхтани захираҳои замин ҷой доранд.
Аз ҷумла, бино бар маълумоти прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2020 ба суд 46 парвандаи ҷиноӣ нисбати 67 шахси мансабдори агентии кадастр фиристода шуд, ки зарар 550 миллион сӯмро ташкил дод. Ба ғайр аз ин, дар тӯли шаш моҳи охири соли 2021 нисбати 48 нафар кормандони агентии кадастр 24 парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Дар натиҷа ба манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба миқдори 1,3 миллиард сӯм зарар расонда шуд.
Танҳо дар соли 2020 дар қариб 50 ҳазор ҳолат дар саросари ҷумҳурӣ 11200 гектар замин худсарона ғасб карда шудааст, ки дар 3200 гектари онҳо ғайриқонунӣ манзилҳои истиқоматӣ сохта шудаанд. 99 фоизи онҳо заминҳои ҳосилдиҳандаи обёришавандаи таъиноти кишоварзӣ мебошанд.
Дар тӯли ҳафт моҳи охири соли 2021 дар 11 ҳазору 214 ҳолат, инчунин беш аз 2000 гектар замин худсарона ғасб карда шудааст.
Масалан, дар вилояти Намангон 1800 ҳолати худсарона аз худ кардани замин, дар шаҳри Тошканд – 1661, дар вилояти Тошканд – 1464 ва дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон – 874 ҳолат ба мушоҳида мерасад. Ин нисбат ба дигар минтақаҳо хеле баландтар аст.
Аз ҷониби мақомоти дахлдор ҳамагӣ 1188 ё ки 10,5 фоизи қонуншиканиҳои мазкур барҳам дода шуданд.
Дар пойгоҳи кадастрӣ ҳуқуқи моликияти беш аз 2 миллиону 746 ҳазор объектҳои ғайриманқул, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, муқаррар карда нашудааст. Қисми асосии чунин ҳолатҳои ногувор ба вилояти Қашқадарё – 517792, вилояти Самарқанд – 462558, вилояти Сурхондарё – 339393 ва вилояти Намангон – 315452 рост меояд.
Ба ғайр аз ин, дар мамлакат 1123 кӯча дар натиҷаи ба охир расонда нашудани кор оиди ба феҳристи давлатӣ ворид намудани номи объектҳои ҷуғрофӣ бе ном мондаанд. Ин дар навбати худ дар муайян намудани нишонии шаҳрвандон аз ҷониби ташкилотҳои мухталиф, аз ҷумла хидматҳои ёрии таъҷилӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мушкилиҳо пеш меоранд, ки боиси эътирози адолатноки аҳолӣ мегардад.
Талаботи Низом дар бораи тартиби ба иҷораи дарозмуҳлат додани замин ба хоҷагиҳои фермерӣ аз тарафи ҳокимиятҳои ноҳиявӣ ва шуъбаҳои кадастрӣ пурра иҷро нашудааст. Ба ғайр аз ин то 5 августи соли 2021 дар ҷумҳурӣ аз 90690 хоҷагии фермерӣ бо 2916-тоаш шартномаҳои иҷора пурра расмӣ гардонда нашудаанд. Ин дар навбати худ ба низоъҳои мухталифи замин байни хоҷагиҳои фермерӣ ва ҳокимиятҳои ноҳиявӣ меорад.
Аз ҷониби агентиҳои кадастр дар таъмини рӯшодӣ ва шаффофияти фаъолияти худ низ ба камбудиҳо роҳ дода шудаанд. 55,5 маълумоти умумӣ, ки бояд ба пойгоҳи кушоди маълумоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (data.gov.uz) ҷойгир карда шаванд, сари вақт ҷойгир карда нашудаанд.
Дар ҷамъомади умумӣ ба Агентии кадастр оид ба коркарди чораҳои дахлдор бобати барҳам додани камбудиҳои дар ин соҳа зоҳиргардида тавсия ва пешниҳод дода шуданд.
Аз рӯйи масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.

Сипас масъалаи амалӣ намудани назорати парлумонӣ барои иҷрои чорабиниҳо оид ба татбиқи қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 18 майи сои 2018 «Дар бораи минтақаи инноватсияҳои экологӣ ва технологияҳо эълон кардани минтақаи Арал» баррасӣ гардид.
Бо назардошти он, ки фоҷиаи баҳри Арал бинобар миқёси оқибатҳои ногувори гуманитарӣ, экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ натанҳо минтақавӣ, балки мушкилоти сайёра ба ҳисоб меравад, яке аз вазифаҳои муҳим коҳиш додани таъсири ногувори он, нигоҳ доштани генофонд дар минтақаи Арал мебошад. Дар ин самт Ӯзбекистони нав баробари амалӣ намудани ислоҳоти васеъмиқёс оид ба таъмини суботи экологӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаи назди Арал дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ташаббусҳои зиёд пеш мегузорад.
Бо ташаббуси Президент дар иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 18 майи соли 2021 қабул кардани қатъномаи махсус «Дар бораи минтақаи инноватсияҳои экологӣ ва технологӣ эълон намудани минтақаи назди Арал» мисоли равшани ин ба ҳисоб меравад. 
Ба мақсади таъмини татбиқи амалии вазифаҳои устувор, ки дар қатънома муайян шудаанд, 29 июли соли 2021 қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба татбиқи қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид», аз 18 майи соли 2021 «Дар бораи минтақаи инноватсияҳои экологӣ ва технологӣ эълон намудани минтақаи назди Арал» қабул гардид.
Бо қарори мазкур «Харитаи роҳ» барои солҳои 2021-2024, ки аз 71 чорабинӣ бинобар 7 самт оиди васеъ ҷорӣ намудан ба соҳаи иқтисодиёти назди Арал технологияҳои замонавии сарфакунандаи захира ва самарабахши инноватсионӣ, таъмини устувории экологӣ, баргузории тадқиқотҳои илмӣ ва ба амал ҷорӣ намудани коркардҳои илмию инноватсионӣ, инчунин рушди ҳамкории байналмилалӣ тасдиқ шудааст.
Баробари ин барои татбиқи вазифаҳое, ки дар қатъномаи махсус бо қарор муайян шудаанд, 65 лоиҳаи афзалиятноки инноватсионӣ тасдиқ гардиданд, ки татбиқи онҳо дар солҳои 2021-2024 ба нақша гирифта шудааст, ки ба туфайли он 4500 ҷойи нави корӣ созмон дода мешаванд.
Ба ғайр аз ин, ба палатаҳои Олий Маҷлис, аз он ҷумла Сенат тавсия дода шуд, ки барои самарабахшии корҳо, ки дар доираи қарори мазкур ва қатънома амалӣ мегарданд, назорати самарабахш ва мунтазами парлумонӣ муқаррар намояд. Ба ин муносибат амалӣ гардондани мониторинги иҷрои саривақтӣ ва хушсифат аз ҷониби вазорату идораҳо, инчунин, мақомоти маҳаллии ҳокимият чорабиниҳое, ки бо қарори мазкур пешбинӣ шудаанд, сари вақт зоҳир намудан ва барҳам додани мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми таҳлили амиқи иҷрои онҳо аз ҷониби аъзои Сенат, инчунин шунидани ахбори иҷрокунандагони масъул бинобар масъалаи татбиқи чорабиниҳо ва самарабахшии онҳо муҳим мебошанд.
Дар ҷамъомад самтҳои асосии амалӣ гардондани назорати парлумонӣ муайян шудаанд.
Ба ғайр аз ин, мувофиқи мақсад будани гузарондани мониторинги беист ва низомнок барои иҷрои чорабиниҳо, фиристодани дархостҳои парлумонӣ ба Ҳукумат ва кормандони масъул, дар маҳалҳо бо иштироки депутатҳо ва сенаторон ташкил кардани омӯзиш, дар байни аҳолӣ тавзеҳ додани моҳият ва аҳамияти қатънома, самарабахшии корҳо, ки дар доираи вазифаҳои онҳо амалӣ гардонда мешаванд ва дар ВАО васеъ тарғиб намудан қайд гардид.
Ба кумитаҳои дахлдори Сенат, инчунин, оид ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ барои татбиқи чорабиниҳо, ташаккул ва мутобиқсозии манбаъҳои дохилии маблағгузории чорабиниҳо, рушди пойгоҳи институтсионалии ҷорӣ кардани инноватсия ва технологияҳои экологӣ дар минтақаи назди Арал вазифаҳо гузошта шуданд. Ба корҳое, ки бояд дар чунин самтҳои муҳим мисли таъмини устувории экологӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, рушди илм гузаронда шаванд, эътибор дода шуд.
Ба ғайр аз ин, дар рафти ҷамъомад сенаторон масъалаеро, ки дар рафти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев бо соҳибкорон, ки 20 августи соли ҷорӣ баргузор гардид, ба миён гузошт, васеъ баррасӣ намуданд, ки дар он боз ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, нисбати аз минтақаҳои дигар барои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ҷалб намудани соҳибкорон, ба онҳо додани имтиёзу сабукиҳои гуногун эътибори

алоҳида дода шуд.
Ба ғайр аз ин, ба Девони Вазирон супурда шуд, ки дар муҳлати як моҳ «Харитаи роҳ»-и рушди устувори бисёрҷонибаи минтақаи назди Аралро таҳия намуда, дар он лоиҳаҳоеро ба назар гирад, ки субъектҳои соҳибкорӣ аз дигар минтақаҳо таҳти шиори «Тиҷоратро дар Қароқалпоқистон ба роҳ мон» татбиқ менамоянд, инчунин оид ба додани имтиёзу сабукиҳои гуногун ба онҳо пешниҳод тақдим намояд.
Аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Пас аз ин сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи фаъолияти суғурта»-ро баррасӣ карданд.
Қонуни мазкур ба танзими фаъолияти суғурта, ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ба соҳаи мазкур, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии истеъмолгарон дар соҳаи суғурта нигаронда шудааст. Инчунин баланд бардоштани маданияти суғуртаи аҳолӣ якҷоя бо афзун гардондан ва таъмини устувории намудҳои суғурта пешбинӣ мешавад.
Дар Қонун ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокдорони касбии бозори суғурта (ташкилотҳои суғурта, брокерҳои суғурта, аджастерҳо, ассистансҳо, актуариҳо, сювейерҳо) дақиқ  муайян шудаанд.
Инчунин мувофиқи қонунгузорӣ ҷараёни ба имзо расондани шартномаҳои суғурта дар шакли электронӣ ба воситаи интернет мустаҳкам карда мешавад.
Як қатор меъёрҳои нави ҳуҷҷат бо он ҷиҳаташ муҳим аст, ки ба мустаҳкам намудани ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони хидмати суғурта ва дигар субъектҳои фаъолияти суғурта, баланд бардоштани саводнокии суғуртаи аҳолӣ ва таҳкими боварии онҳо ба суғуртакунӣ, таъмини рӯшодӣ ва шаффофияти бозори суғурта нигаронда шудааст. Инчунин қайд кардан ҷоиз аст, ки қонуни ҳамаҷониба таҳияшуда ба таҷрибаи санҷидашудаи миллӣ ва тамоюлҳои байналхалқӣ дар соҳаи суғурта асос меёбад.
Умуман, Қонун ба ҳалли бисёр вазифаҳо дар соҳаи суғурта нигаронда шудааст. Аз ҷумла, Қонуни мазкур чунин масъалаҳо мисли ҷоннокгардонии фаъолияти иштирокдорони касбии бозори суғурта, инчунин рушд ва васеъ гардондани инфрасохтори бозори суғурта бо роҳи баланд бардоштани нақши иштирокдорони касбии бозори умумии суғурта, таҳкими ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони хидмати суғурта ва дигар субъектҳои фаъолияти суғурта, баланд бардоштани саводнокӣ ва боварии аҳолӣ ба онҳо, таъмини рӯшодӣ ва шаффофияти бозори суғуртаро фаро мегирад.
Қонунро сенаторон маъқул донистанд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кооперативи кишоварзӣ»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Таъкид гардид, ки қонуни мазкур ба мақсадҳои танзими муносибат дар соҳаи ташкили фаъолияти кооперативҳои кишоварзӣ, азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии онҳо хидмат мекунад.
Кооперативи кишоварзӣ яке аз шаклҳои кооперативи истеҳсолӣ ба ҳисоб рафта, ташкилоти  тиҷоратӣ мебошад.
Бо қонун тамоюлҳои аосии фаъолияти кооперативҳои кишоварзӣ мустаҳкам карда мешаванд. Ба ғайр аз ин, механизмҳои созмон додани кооперативи кишоварзӣ, аз ҷумла тартиби созмон додан ва қайди давлатии кооператив, ҷудо кардани қитъаҳои замин ба кооперативҳои кишоварзӣ ва истифодаи онҳо, инчунин талабот ба оинномаи кооперативи кишоварзӣ муқаррар карда мешаванд.
Баробари ин нормаҳое, ки ба тартиби таъсис додани мақомоти идоракунӣ, мақомоти иҷроия, шӯрои назоратии кооператив ва ваколатҳои онҳо, тартиби даъвати ҷамъомад ва қабули қарор алоқаманданд, пешбинӣ шудаанд.
Қонун асосҳои ҳуқуқии манбаъҳои ташаккули мулки кооперативи кишоварзӣ, бадалҳои пайӣ ва фонди пайӣ, тақсими фоида ва зарар масъулияти молии кооператив ва аъзои онро мустаҳкам менамояд.
Ба ғайр аз ин, масъалаҳои узвият ба кооперативи кишоварзӣ кушода дода мешаванд. Аз ҷумла, таъкид меёбад, ки аъзои кооперативи кишоварзӣ метавонанд шахсони ҷисмонӣ, ки ба синни 16 расидаанд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, ки ба талаботи оинномаи кооперативи кишоварзӣ мувофиқат мекунанд, шаванд.
Инчунин механизмҳои амалӣ намудани назорат барои фаъолияти кооперативи кишоварзӣ муқаррар карда мешавад. Аз ҷумла, оинномаи кооперативи кишоварзӣ метавонад созмон додани комиссияи тафтишотии кооператив, яъне интихоби ревизорро пешбинӣ намояд.

Ба туфайли татбиқи Қонуни мазкур асоси ҳуқуқии ташаккули муносибатҳои кооперативӣ дар кишоварзӣ фароҳам оварда шуда, фаъолияти кооперативҳо ривоҷ меёбад, ҳуқуқии муносибатҳо байни субъектҳои хоҷагидорӣ ба танзим оварда мешавад.
Қонунро сенаторон маъқул донистанд.
Пас аз ин Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи барқарор намудани Рӯзи кормандони мақомоти Хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баррасӣ гардид.
Дар ҷамъомади умумӣ таъкид гардид, ки нақши Хидмати бехатарии давлатӣ дар таъмини сулҳ, ҳаёти осоишта ва бехатари аҳолии мамлакатамон беназир аст.
Мувофиқи қонуни мазкур Рӯзи кормандони мақомоти Хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор намудани 26 сентябр пешбинӣ шудааст.
Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев 5 апрели соли 2018 Қонун «Дар бораи Хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул шуд. Бо ҳуҷҷат асоси мустаҳками ҳуқуқии фаъолияти Хидмат фароҳам оварда шуда, механизмҳои зарурии ташкиливу ҳуқуқӣ муайян шуданд. Ба туфайли ин мақомоти шаффоф, ки манфиатҳои давлат ва халқро ҳимоя карда, ба сиёсати Президенти мамлакат оид ба демократикунонии низоми ҳокимияти давлатӣ ва идора мувофиқат менамояд, созмон дода шуд. 
Аз ин рӯ бо Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муқаррар кардани Рӯзи хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 2 октябри соли 2018 5 апрел ҷашни касбии Хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар шуда буд.
Имрӯз ба сифати Рӯзи хидмати бехатарии давлатӣ (30-солагии Хидмат) ҷашн гирифта шудани 5 апрел ҳангоми ба ҳисоб гирифтани фаъолияти мақомоти бехатарии давлатӣ зиддият пеш меорад, чунки дар тӯли солҳои гузашта (солҳои 2006-2011 ва 2016) ба ҷашнҳои тантанавии Хидмат шарикони хориҷии Хидматҳои бехатарии давлатӣ даъват шуда, ба онҳо нишонҳои хотиравӣ супурда мешуданд.
Аз ин рӯ баъд аз ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон 26 сентябр таҷлили ҷашни 30-солагии Хидмати бехатарии давлатӣ мантиқан дуруст аст.
Дар натиҷаи қабули Қонуни мазкури Қонун «Дар бораи барқарор намудани Рӯзи хидмати бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», ки 2 октябри соли 2018 қабул шудааст, беэътибор дониста мешавад ва 26 сентябр дар мамлакатамон ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти бехатарии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷашн гирифта мешавад.
Маъқул дониста шудани Қонуни мазкур имконияти баланд бардоштани рӯҳи маънавиву психологии кормандони Хидмати бехатарии давлатиро фароҳам оварда, ҳисси ифтихорро барои Хидмат пурзӯр гардонда, анъанаҳои «Устоз – шогирд»-ро байни насли наврас нигоҳ дошта, эҳтирому эъзозро ба собиқадорони Хидмат бедор карда, инчунин имижи мақомоти бехатарии давлатиро байни шарикони хориҷӣ мустаҳкам менамояд. 
Қонунро сенаторон маъқул донистанд.
Сипас дар ҷамъомади умумӣ Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон» баррасӣ гардид.
Қонун ба такмил додани ҳуҷҷатҳои дахлдори меъёрӣ, дастгирии минбаъдаи субъектҳои соҳибкорӣ, нарм гардондани таъсири ногувори пандемияи коронавирус ба иқтисодиёт, зиёд гардондани миқдори мутахассисони соҳибмаълумот, ки дар ташкилотҳои буҷетии ноҳияҳои дурдаст кор кардан мехоҳанд ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ хидмат мекунад.
Аз ҷумла, Қонун давраи истифодаи имтиёзҳои муваққатиро барои дастгирии сайёҳӣ, ки яке аз соҳаҳои дар давраи пандемия мушкилоти иқтисодӣ дошта ба ҳисоб меравад, то 1 январи соли 2022 дароз мекунад.
Қонун, инчунин, озод намуданро аз пардохти боҷ барои харид ё ки муваққатан ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон овардани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки ба ҳаракат танҳо бо муҳаррики электрикӣ оварда мешаванд, «электромобилҳо» пешбинӣ менамояд.
Ба ғайр аз ин, то 1 январи соли 2024 ба субъектҳои навтаъсиси соҳибкорӣ, ки намуди фаъолияти ҳамчун «нуқтаи афзоиш» барои ҳар як ноҳия ва шаҳри Ҷумҳурии Қароқалпоқистон муайяншударо амалӣ менамоянд, барои андози даромад ва об 50 фоиз таҳфиф дода мешавад.

Ҳуҷҷат, инчунин, ставкаҳои ҷудогонаи андозро барои баъзе ҳудудҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар дигар мамлакатҳо воқеъ гардидаанд, муқаррар менамояд.
Аз ҷумла, андози даромад, андози даромади шахсони ҷисмонӣ, андози иҷтимоӣ (ба ғайр аз ташкилотҳои буҷа) ва андози гардиш ставкаи андоз ба миқдори як фоиз барои ноҳияи Сӯх, ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чунғара»-и ноҳияи Риштон, ҷамоати шаҳрвандони «Шоҳимардон», «Ёрдон» ва «Ҳосилот» (кӯчаи Тоштеппа)-и ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғона муқаррар карда мешавад.
 Бо Қонуни мазкур нарм гардондани таъсири ногувори пандемияи коронавирус ба соҳаҳои иқтисодиёт ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ, ба низом даровардани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаҳои дахлдор ба танзим меорад, даъват шудааст.
Қонунро сенаторон маъқул донистанд.
Баъд аз ин, сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»-ро баррасӣ намуданд.
Тибқи Қонун ба баъзе ҷараёнҳои соҳаи мудофиа навигарию дигаргуниҳо ворид карда мешаванд. Аз ҷумла, дар моддаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбии умумӣ», ба мақсади фароҳам овардани имконияти даъват ё адои хидмат барои даъватшудагон — бачаҳои корношоями шароити моддии оилаашон хуб бино ба ризоияти волидайн дар захираи даъвати сафарбаркунӣ, ворид намудани дигаргуниҳо дар мадди назар аст.
Тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чорабиниҳо доир ба такмил додани тартиби даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон», аз 6 марти соли 2020, низоми ба вуҷуд овардани  комиссияи сазовор доир ба даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбии ҳатмӣ, хидмати муқобил, қабул шудан ба хидмат ба захираи даъвати сафарбаркнунда ба амал татбиқ шуд.
Ин ворид намудани дигаргуниҳоро ба як қатор моддаҳои Қонун «Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбии умумӣ», яъне моддаҳои 18, 20, 21, 38 ва 46 тақозо дорад.
Ба ҷуз ин, маҷмӯи қоидаҳои муваққатӣ доир ба ҷавобгарии моддии хидматгузорони ҳарбӣ барои зарари ба давлат расонда, таҷдиди назар шуданд, ки тибқи қарори Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва Хидмати бахатарии миллӣ аз 12 майи соли 2006, меъёрҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбии умумӣ» пешбинӣ шудаанд.
Қабули Қонун ба такмили минбаъдаи қонунгузории кишвар дар соҳаи мудофиа, такмил ва унификатсияи ҳолатҳои қонунгузорие, ки ба адои хидмати ҳарбии шаҳрвандон иртибот доранд, ҳамчунин, шарҳи яксони мафҳум, истилоҳот ва номҳое, ки дар соҳаи мазкур истифода мешаванд, хидмат мекунад.
Қонун бехатарии шаҳрвандон, ҷамъият, давлат, ҳамчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро низ ҳангоми иштирок  дар мудофиаи кишвар таъмин менамояд.
Қонунро сенаторон пазируфтанд.
Дар маҷлиси пленарӣ Қонун «Дар бораи ворид намудани дигаргунию иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Шӯрои олии судяҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Солҳои охир дар кишварамон доир ба такмили минбаъдаи низоми судӣ, пурзӯр намудани чорабиниҳо оиди ҳифзи боэтимоди ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, таъмини босамари адолати судӣ ва баланд бардоштани нақши иттиҳоди судӣ, аз ҷумла, таъмини истиқлоли воқеии судяҳо корҳои пайгирона идома доранд.
Тавре ки маълум аст, суд нуқтаи олии адолат аст. Ба туфайли чунин муносибат ҳаҷм, миқёс ва самаранокии корҳо дар ин росто солҳои охир ба таври назаррас вусъат пайдо кард ва ба сатҳи нав баромад. Аз ҷумла, доир либерализатсияи низоми судӣ, мубориза алайҳи коррупсия ва таъмини истиқлолияти низоми судӣ чораҳои муҳим андешида мешаванд.
Таъкид гардид, ки ба Қонуне, ки сенаторон муҳокима мекунанд, дигаргунию иловаҳои зерин ворид карда мешванд:
роҳандозии равшан намудани ҷараёни интихоби номзадҳо ба ҷойи холии судягӣ тавассути шабакаҳои иттилоотии Интернет (аз он ҷумла веб-сайт);

коркард ва татбиқи меъёрҳои дақиқе, ки ошкороию шаффофияти арзёбии фаъолияти пурсамари судяҳоро тавассути рейтингҳои электронӣ таъмин менамояд;
қайд гардид, ки тағйироту дигаргуниҳое, ки ба ваколатҳои ҷонишини раиси шӯрои олии судяҳо ва дигар қоидаҳои муҳим дахл доранд, ворид карда шаванд.
Қонуни қабулгардида ба такмили минбаъдаи механизми таъмини корпуси судӣ бо кадрҳои сазовортар дар асоси ошкороию шаффофият мусоидат мекунад, дараҷаи дастёбиии шаҳрвандонро ба суди одил аз ҳисоби таъмини истиқлолияти судяҳо баланд мебардорад ва ба рушди минбаъдаи  механизми саривақт муайян намудании ҳолатҳои коррупсионӣ ва пешгирии онҳо хидмат менамояд. 
Қонунро сенаторон маъқул донистанд.
Сипас, Қонун «Дар бораи ворид намдудани тағйироту иловаҳо ба асноди қонунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати ҷорӣ гардидани шароити мусоидтар дар мавриди муроҷиат ба суд ва тартиби содатари кор ба ҷараёни шаҳрвандӣ» баррасӣ гардид.
Дар натиҷаи ислоҳот ба фаъолияти судҳо технологияи ахбору коммуникатсияҳои замонавӣ бештар ҷорӣ гардид. Бар асари фароҳам овардани шароити мусоид сатҳу дараҷаи  ноил гардидани шаҳрвандон ба суди одил назаррас баланд гардид. Ҷорӣ гардидани технологияҳои ахбору коммуникатсияҳои замонавӣ дар фаъолияти  судҳо ба баланд бардоштани нуфузу мавқеи мамлакат дар рейтингҳои байналхалқӣ саҳм мегузорад.
Имрӯз ҳарчанд бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои ахбор дар низоми судӣ сохтори «E-XSUD» роҳандозӣ гардидааст, барои ба тартиб андохтани қонун ва асноди зерқонун, ташкили низоми кор дар асоси муроҷиати шахсони ҷисмонию ҳуқуқӣ талаб ин аст, ки меъёрҳои дақиқи ҳӯқуқӣ рӯйи кор оянд. 
Тибқи Қонун ба панҷ кодекс, яъне Кодекси ҷинояту протсесуалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кодекси протсессуалӣ, Кодекси протсессуалии иқтисодӣ, Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ ва Кодекс дар бораи корбарии суди маъмурӣ як қатор дигаргунию иловаҳо ворид карда мешаванд.
Хусусан, бино ба рақами суд аз он ки имконияти тавассути сохтори ахбори «E-XSUD» гирифтани ҳуҷҷатҳои даркорӣ пайдо шудааст, дар мазмуни шикоятҳои апеллятсия ва кассатсия қоидаи «агар дар қарори бино ба кор қабулкардаи суд нусхаҳои аз ҷоинби суд тасдиқгардида илова нашуда бошад» бекор карда мешавад.
Институти корбарӣ ба таври сода, ки дар кодекси протсессуалии иқтисодӣ ҷорӣ карда шудаасту имрӯз натиҷаи матлуб медиҳад, ба Кодекси протсессуалии шаҳрвандӣ низ ба кор бурда мешавад.
Ҳамчунин, бобати коҳиш додани садҳои бюрократӣ ва ҷорӣ кардани тамоюлҳои идораи замонавӣ дар фаъолияти мақомоту созмонҳои давлатӣ хидмат менамояд. Дар баробари ин, баъзе холигоҳҳои қонунгузориро пур карда, ба афзун гардидани нуфузи рейтингҳои байналхалқии мамлакат мусоидат менамояд.
Қонунро сенаторон пазируфтанд.
Сипас, сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистонро «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо  ба баъзе асноди қонунии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мавриди муҳокима қарор доданд.
Тавре ки таъкид гардид, дар мамлакатамон доир ба таъмини волоияти қонун, ба рӯйи об баромадани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон чорабиниҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мегарданд.
Идома пайдо кардани ин ҷараён ба тартиб андохтани қонун ва асноди зерқонунро тақозо дорад. Қонун аз 14 модда иборат аст. Тибқи он ба 7 кодекс ва 5 қонун тағйирот ва дигаргуниҳо ворид карда мешаванд.
Бино ба таъкидоти сенаторон, мулкдор ё оператор бо ҳуҷҷат  маълумотро доир ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути истифода аз технологияи ахбор, аз ҷумла ба кор андохтани шабакаҳои ахбори интернети ҷаҳонӣ, ҳамчунин бино ба тартиби пойгоҳи маълумот оиди Шахс пайдо мекунад.
Тибқи Қонун «Дар бораи Гвардияи миллии Ӯзбекистон» муайян карда шудааст, ки дар баробари хидматчиёни ҳарбӣ, дар қисмҳои Гвардияи миллӣ ходимони махсуси унвондор низ метавонанд фаъолият нишон диҳанд. Вале дар бисёр қонунҳо доир ба хидмтчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ ва ходимони мақомоти дохилӣ меъёрҳо вуҷуд дошта бошанд ҳам, оиди ходимони Гвардияи миллӣ чизе гуфта нашудааст.

Ин аст, ки ба қонунҳои «Дар бораи таъмини шаҳрвандон бо нафақаи  давлатӣ», «Дар бораи дафн кардан ва кори дафн», Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ, Кодекси буҷет ва андоз тағйироту иловаҳои дахлдор ба ходимони Гвардияи миллӣ ворид карда мешавад.
Ҳамчунин, меъёри вобаста ба вайрон кардани қонунгузорӣ оиди ҳисобу китоби бухгалтерия бо дигар асноди меъёрӣ мутобиқ кунонида мешавад. Яъне, ба Кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ  ва Қонун «Дар бораи ҳисобу китоби бухгалтерия» дигаргунӣ ворид карда мешавад.
Тағйиротҳои воридгардида ба дахлнопазирии ҳаёти шахсии инсон ва озодии ӯ хидмат мекунад. Ҳушдор медиҳад, ки маълумот ҷамъ кардан дар бораи шахс, коркард ва иншор кардани онҳо хилофи қонун аст.
Қонунро сенаторон маъқул карданд.              
Сипас сенаторон масъала дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Зангиота, Юқори Чирчиқ, Ӯрта Чирчиқ ва Қибрайи вилояти Тошканд ва ноҳияҳои Сергелӣ, Бектемир, Мирзо Улуғбек ва Яшнободи шаҳри Тошканд, инчунин вилояти Тошканд ва шаҳри Тошкандро баррасӣ намуданд.
Соли ҷорӣ сарвари давлат ба шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд бо мақсади шинос шудан бо рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маҳалҳо, ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ, мулоқот бо халқ якчанд маротиба ташриф овард.
Дар рафти ташрифҳо оиди тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои Зангиота, Юқори Чирчиқ, Ӯрта Чирчиқ ва Қибрайи вилояти Тошканд ва ноҳияҳои Сергелӣ, Бектемир, Мирзо Улуғбек ва Яшнободи шаҳри Тошканд, инчунин вилояти Тошканд ва шаҳри Тошканд ташаббусҳо зоҳир шуданд.
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки шумораи аҳолии шаҳри Тошканд то 1 июли соли 2021 2737,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шумораи аҳолӣ нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба 42,8 ҳазор зиёд шуда, зичии аҳолӣ ба 1 км. кв 7564 нафарро ташкил медиҳад. Ин дар навбати худ сабаби пайдо шудани масъалаҳои инкишофи шаҳри Тошканд дар оянда, васеъ гардондани ҳудуди он мебошад.
Афзоиши солонаи шумораи аҳолии Тошканд андешидани чораҳоро оиди сохтмони объектҳои нави соҳаи иҷтимоӣ дар шаҳр, созмон додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ, афзун гардондани объектҳои фарҳангию фароғатӣ тақозо мекунад. 
Ба ин муносибат бо қарори Сенат, ки дар ҷамъомади умумӣ баррасӣ гардид, аз вилояти Тошканд ба шаҳри Тошканд гузарондани 7853,3 гектар замин, аз шаҳри Тошканд ҳудудҳои вилояти Тошканд – 171,3 гектарро пешбинӣ менамояд.
Ҳамин тариқ аз ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд 1827,1 гектар (аз онҳо 424,2 гектараш заминҳои кишоварзӣ) заминҳо ба таркиби ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд, аз ноҳияи Юқори Чирчиқи вилояти Тошканд 490,0 гектар (аз онҳо 154,2 гектараш заминҳои кишоварзӣ) – ба таркиби ноҳияи Бектемири шаҳри Тошканд, аз ноҳияи Ӯрта Чирчиқи вилояти Тошканд 1134,2 гектар (аз онҳо 587,2 гектараш заминҳои кишоварзӣ) – ба таркиби ноҳияи Бектемири шаҳри Тошканд, аз ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд 2294,6 гектар (аз онҳо 1090,9 гектар заминҳои кишоварзӣ) ба таркиби ноҳияи Мирзо Улуғбеки шаҳри Тошканд, аз ноҳияи Қибрайи вилояти Тошканд 2107,4 гектар (аз онҳо 1002,6 гектар заминҳои кишоварзӣ) – ба таркиби ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд, аз ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд 33,8 гектар майдонҳои замин – ба таркиби ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд, аз ноҳияи Бектемири шаҳри Тошканд 137,5 майдонҳои замин – ба таркиби ноҳияи Юқори Чирчиқи вилояти Тошканд дода мешаванд.
Ба ғайр аз ин ба мақсадҳои дигар ҷудо намудани заминҳои таъиноти кишоварзӣ (заминҳои обёришаванда), ки ба таркиби шаҳри Тошканд дода мешаванд, дар тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, амалӣ гардонда мешавад.
Депутатҳои халқӣ, ки аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар ҳудудҳои дахлдори вилояти Тошканд, ки ба шаҳри Тошканд гузаронда мешаванд, интихоб шудаанд, мутаносибан депутатҳои халқии шаҳри Тошканд пиндошта мешаванд.
Қабули қарори ҷудогонаи ҳукумат оид ба беҳтар гардондани инфрасохтори муҳандисиву коммуникатсионӣ ва роҳӣ, сохтмони объектҳои соҳаи иҷтимоӣ дар ҳудудҳои аз вилояти Тошканд ба шаҳри Тошканд додашуда низ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи қарори ҳукумат аҳолие, ки дар ҳудудҳои вилояти Тошканди ба шаҳри Тошканд додашаванда зиндагӣ мекунанд, бо роҳи гузарондани инвентаризатсия аз рӯйи нишонии нав аз нав қайд карда шуданд.
Параметрҳои пешгӯии буҷаи маҳаллӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳрҳо аз нав баррасӣ гардида, тағйиротҳои дахлдор ворид карда мешаванд. Ба ҳуҷҷатҳои кадастрии амволи ғайриманқули аҳолӣ ва шахсони юридикӣ тағйирот ворид карда мешаванд. Масъалаҳои қайди воситаҳои нақлиёти аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, тағйир додани рақамҳои давлатӣ ва додани шаҳодатномаҳо ҳал хоҳанд шуд.
Аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлис қабул гардид.
Дар ҷамъомади умумӣ инчунин масъалаи равон намудани дархости парлумонӣ ба Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳолати иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои мақомоти дигар баррасӣ гардид.
Кумитаи Сенат оид ба масъалаҳои суду ҳуқуқ ва мубориза бо коррупсия ҳолати иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари мақомот инчунин таҷрибаи истифодаи ҳуқуқи соҳаи мазкурро омӯхт.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар фаъолияти мақомоти Бюро баъзе камбудиҳои низомнок ҷой доранд.
Таҳлил нишон дод, ки то 1 январи соли 2020 дар мурофиаи мақомоти бюро 3788927 ҳуҷҷатҳои иҷрои судҳои ҷиноӣ, маъмурӣ, шаҳрвандӣ, иқтисодӣ ва мақомоти дигар ба маблағи умумии 48,7 триллион сӯм қарор доштанд.
Дар тӯли сол 2698476 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 34,5 триллион сӯм ба охир расонда, қатъ карда шуданд. Аз онҳо амалан 15,1 триллион (31 фоиз) сӯм (56 фоиз) аз рӯи 2124591 ҳуҷҷатҳои иҷро рӯёнда шуданд. Аз он ҷумла 742476 ҳуҷҷатҳои иҷро ба маблағи 7,6 триллион сӯм бо вайрон карда шудани муҳлат иҷро шуданд.
То 1 январи соли 2021 1090451 ҳуҷҷати иҷро ба маблағи 14,2 триллион сӯм боқӣ мондааст. Аз онҳо 368250 (40 фоиз) ба маблағи 3,2 триллион сӯм – ҳуҷҷатҳои иҷрои муҳлаташ ба ду моҳ тахирёфта мебошанд.
Ба ғайр аз ин зикр гардид, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ба як иҷрогар моҳе 19 ҳуҷҷати иҷро, дар як сол – 227 ҳуҷҷати иҷро рост меояд.
То 1 январи соли 2021 дар мақомоти Бюро умуман 2320 иҷрокунандагони давлатӣ кор мекарданд. Ба ҳар як иҷрокунандаи давлатӣ таъмини иҷрои ба ҳисоби миёна дар як моҳ 470 парванда гузошта шудааст.
Баробари ин дар амалиёти истифодаи ҳуқуқ инчунин як қатор мушкилот ва камбудиҳо ҷой доранд. Масалан, дар мурофиаи Бюрои иҷрои маҷбурӣ ҳуҷҷатҳои иҷро аз судҳо оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ дар бораи вохӯрӣ бо ситонанда дар рӯзҳои муқарраршудаи ҳафта ҷой доранд.
Аммо дар Қонун «Дар бораи иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои мақомоти дигар» модда дар бораи тартиби вохӯрӣ ва иҷро вуҷуд надорад. Инчунин дар қонунгузории меҳнат механизм пешбинӣ нашудааст. Дар натиҷа иҷрокунандагони давлатӣ маҷбуранд ҳатто рӯзҳои истироҳат барои иҷрои парвандаҳои иҷрои мазкур ба кор бароянд.
Ба ғайр аз ин дар моддаи 80-уми Қонун «Дар бораи иҷрои ҳуҷҷатҳои судӣ ва ҳуҷҷатҳои мақомоти дигар» 6 навбати ситонанда пешбинӣ шудааст. Аммо шаҳрвандон ва соҳибкорони ситонанда дар талаби дуюм ва шашум нишон дода шудаанд. Аз ин рӯ қарздорие, ки бояд ба манфиати шаҳрвандон ва соҳибкорон рӯёнда шавад, рӯёнданашуда боқӣ мемонанд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин масъалаҳо зери танқид гирифта шуданд.
Бинобар натиҷаи баррасӣ сенаторон қарори дахлдори Сенатро оиди фиристодани дархости парлумонӣ ба Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карданд.
Сенаторон ҳисоботи Кумитаи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои буҷа ва ислоҳоти иқтисодиро дар бораи фаъолият дар соли 2020 ва нимсолаи якуми соли 2021 шуниданд. 
Таъкид гардид, ки Кумита дар доираи иҷрои фаъолият вазифаҳоеро, ки дар Қонун «Дар бораи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон», Стратегияи амалиёт, фармон ва қарорҳо, муроҷиати Президент ба Олий Маҷлис ва низом дар бораи кумита муайян шудаанд, корҳои муайянро амалӣ намудааст. Аз ҷумла, оид ба баррасии пешакии қонунҳо таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ, амалӣ намудани назорати парлумонӣ, ташкили мизҳои мудаввар ва конфронсҳои байналхалқӣ 76 чорабинӣ гузаронда шуданд.

Инчунин 23 қонуни аз Палатаи қонунгузорӣ расида баррасӣ гардида ва ба шӯрои Сенат хулосаи кумита дар бораи маъқул донистани 22-тои онҳо ва рад кардани як қонун, чор маротиба ҳисобот ва 24 маротиба иттилои роҳбарони вазорат, идора ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо шунида шуданд. Дар асоси пешниҳоди кумита оид ба барҳам додани мушкилот ба Ҳукумат дархости парлумонӣ фиристода шуд.
Қариб 4700 муроҷиат, ки аз Сенат расидааст, аз ҷониби кумита баррасӣ гардида, беш аз 15 ҳазор сенаторон дар маҳалҳо ва қариб 12 ҳазор ё ки 80 фоизашон мусбат ҳаллу фасл гардиданд.
Дар давраи ҳисоботӣ бори аввал 10 қонуни марбут ба буҷа ва муносибатҳои молиявӣ баррасӣ гардида, 12 чорабинии назоратию таҳлилӣ гузаронда шуданд.
Ахбори вазири молия дар бораи иҷрои буҷаи давлатӣ (4 маротиба), иттилои ҳокимони вилоятҳои дахлдор дар бораи иҷрои буҷаҳои маҳаллӣ (4 маротиба), вазирони хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва муовини якуми ҳокими вилояти Навоӣ шунида шуданд.
Пешниҳоди Кумита оид ба корҳои дар ин самт иҷрошуда аз он ҷумла оид ба Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати такмил додани фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон», дар тағйиротҳои ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ воридкардашуда инъикос ёфтаанд.
Бинобар самти сиёсати пулу вом 4 чорабинии назоратию таҳлилӣ ташкил карда шуда, 2 ҳисоботи Раиси Бонки марказӣ шунида шуда, мониторинги иҷрои 1 қонун гузаронда шуд.
Пешниҳоди кумита инчунин дар фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва лоиҳаи Стратегияи миллии баланд бардоштани дастрасии молиявӣ барои солҳои 2021-2023 инъикос ёфтаанд.
Аз ҷониби кумита пешакӣ 13 қонун оиди амалӣ намудани ислоҳот  дар соҳаҳои иқтисодиёт баррасӣ гардида, барои муҳокимаи ҷамъомади умумии Сенат тақдим гардид. Мониторинги ҳолати иҷрои 3 қонунҳо гузаронда, «мизҳои мудаввар», семинарҳо ва конфронсҳо оид ба рушди соҳаҳои иқтисодиёт, соҳибкории хусусӣ ташкил карда шуданд.
Пешниҳод ва тавсияҳои кумита оиди озодгардонии иқтисодиёт ва васеъ ҷорӣ кардани механизмҳои бозаргонӣ дар се фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон инъикос ёфтаанд.
Инчунин ҳолати таъмини татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ, ҷалби воситаҳои иловагӣ ба буҷаи вилояти Андиҷон, ҳолати рушди маҷмӯъгии вилояти Тошканд ва таъмини кафолати ҳуқуқ барои замин дар вилояти мазкур мувофиқи Кодекси замин мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар фаъолияти кумита мушкилоте, ки ҳаллашонро интизоранд, вуҷуд доранд.
Дар масъалаҳои сиёсати пулу вом бояд: 
идома додани раванди хусусигардонии бонкҳои давлатӣ бо роҳи фурӯши ҳиссаи давлатӣ дар бонкҳо ба сармоягузорони бонуфузи хориҷӣ дар асоси озмуни шаффоф;
коркард ва омӯзиши татбиқи стратегияи миллӣ оид ба ҷорӣ кардани назорати ба «хавф» дар бонкҳо асоснокшуда, такмил додани идораи корпоративӣ, баланд бардоштани оммавияти хидмати молиявӣ, бо истифодаи андозаҳои байналмилалӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин.
Дар масъалаҳои баланд бардоштани самарабахшии ислоҳоти иқтисодӣ ба сифати вазифаи устувор муайян намудани коркарди барномаҳои рушди макроиқтисодӣ дар солҳои 2022-2026, рушди соҳибкорӣ тавассути мустаҳкам кардани алоқаҳои кооператсионӣ бо мамлакатҳои ҳамсоя мувофиқи мақсад мебуд.
Дар ҷамъомади умумӣ дар бораи тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани низоми карантин ва ҳифзи растаниҳо дар ҷумҳурӣ» қарор қабул гардид, ба таркиби Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва тасдиқи қарори шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тағйирот ворид карда шуданд.
Дар рафти ҷамъомади умумӣ 18 масъала, аз он ҷумла 8 қонун баррасӣ гардид.
Бо ҳамин ҷамъомади умумии ҳаждаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро ба анҷом расонд.

Хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ