Қабули сайёр ҳафт соат давом кард

Қабули сайёри навбатии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар ноҳияи Пайариқ гузаронида шуд.
Дар қабул якҷоя бо аҳолии ноҳия муроҷиаткунандагон аз ноҳияҳои Қӯшработ ва Иштихон низ иштирок карданд.
– Дар иҷрои масъалаҳое, ки ҳалли қонунӣ доранд ва бо ваколтаҳои мо дахлдоранд, албатта ёрӣ мерасонем, — гуфт дар аввали қабул Э.турдимов. – Ба одамони пасмондае, ки тамоман сиҳатанд ва замини наздиҳавлигӣ доранду ёрии моддӣ мепурсанд, ёрдам карда намешавад. Марҳамат, ба касе, ки кор мекунам мегӯяд, нияти тадбиркорӣ карданро дорад, ёрӣ мерасонем, дастгирӣ мекунем. Ба тадбиркорӣ, касбу ҳунар мехононем. Дар худи ҳамин ҷо ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ низ гузаронида мешавад. Агар бекор бошед, бо ҷойҳои вакант шинос шавед, ба худ кори муносиб пайдо карда метавонед.
Дар қабули сайёр якҷоя бо ҳоким роҳбарои секторҳои вилоят, мудири Қабулхонаи халқ, сарварони садорат ва идораҳо, ҳокимони ноҳияҳои Пайариқ, Иштихон ва Қӯшработ муроҷиаткунандагонро қабул карда, муаммо ва масъалаҳои онҳоро шуниданд.
Бояд гуфт, ки пештар дар қабули сайёри роҳбарон муроҷиаткунандагон асосан аз рӯйи масъалаҳои шахсӣ муроҷиат мекарданд. Акнун адади чунин муроҷиатҳо хеле кам шудааст. Дар ноҳияи Пайариқ низ шаҳрвандоне, ки бо муаммо ва мушкили маҳалла ва деҳаи худ омада буданд, бисёриро ташкил мекарданд. Онҳо асосан аз рӯйи масъалаҳои таъмири роҳҳо, гузоштани трансформатор ва чароғҳои шабона дар паҳлӯи роҳҳо, иваз кардани симчӯбҳои кӯҳна, таъмини оби ошомиданӣ ва саривақтӣ овардани баллонҳои гази моеъ муроҷиат карданд.
– Дар қабули сайёр аз рӯи иваз кардани симчӯбҳои кӯҳнаи барқи маҳаллаамон муроҷиат кардам ва дар ҳалли ин масъала ёрӣ пурсидам, — гуфт сокини маҳаллаи Қирқовули ноҳияи Пайариқ Ӯткир Қосимов. – Ҳокими вилоят ба идораҳои масъул супориш дод ва гуфтанд, ки то охири сол ин муаммо ҳал карда мешавад.
Дар қабули сайёр аз рӯйи гирифтани хонаву ҷой дар асоси субсидия, масъалаҳои ёрии тиббӣ низ муроҷитаҳо бисёр шуд. Баъзе масъалаҳо дар ҷойи худ ҳал гардида, доир ба иҷрои муроҷиатҳое, ки ҳалли онҳо вақт талаб мекунад, ба масъулон супориш дода шуд ва муддати муайян муқаррар гардид.
Дар рафти қабули сайёр, ки ҳафт соат давом кард, беш аз ҳазор муроҷиати 612 шаҳрванд шунида шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ