Умре дар ҷодаи бошараф ва мушкилписанд

Эй ки пурсӣ, ки беҳтарин кас кист?
Гӯям аз қавли беҳтарини касон.
Беҳтарин он касе бувад, ки зи халқ
Беш бошад ба халқ нафърасон,
– фармудааст Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ. Имрӯз дар Ӯзбекистони соҳибистиқлоламон аз ҷониби Президенти мамлакат ғояи «Мақсад аз ислоҳот – ризогии одамон», ки бо фикри мазкур пурра ҳамоҳанг аст, пеш гузоштаву мутобиқи он қатъиян амал карда мешавад. Яке аз чунин инсонҳои фидоие, ки дар соҳаи илм хизматҳои фаровон карда, ризогии халқро мақсади асосии худ қарор додааст, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори фанҳои филологӣ, соҳиби ордени «Эл-юрт ҳурмати» Муслиҳиддин Муҳиддинов мебошад.
Устоди шогирдони зиёд Муслиҳиддин Муҳиддинов ҳамчун давомдиҳандаи сулолаи Эшони Валихони Ургутӣ, ки бо номи «Эшони Ургутӣ» машҳур буда, намояндаи бузурги тариқати нақшбандия ба ҳисоб меравад, дар соҳаи илму маърифат дастовардҳои бузургро ноил гардид. Эшони Валихон соли 1915 аз олам гузашта, фаъолияти илмиву маърифатии ӯро писараш Эшони Муҳиддинхон, сипас наберааш Эшони Қутбиддинхон идома доданд. Фаъолияти меҳнатии худро Муслиҳиддин Муҳиддинов дар собиқ Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд оғоз намуда, то соли 1992 ҳамчун омӯзгор, дотсент, проректор оид ба корҳои таълимӣ-­тарбиявӣ адои вазифа намуд. Пас аз муттаҳид гардидани он бо Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дар ҳамин даргоҳ кори худро идома дод. Дар вазифаҳои гуногун фаъолият нишон дода, маҳорату қобилияти баланди худро зоҳир намуд. Аз ҷумла, ҳамчун муҳаррири рӯзномаи «Университети Самарқанд», котиби шӯрои илмии ихтисосонидашудаи ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ дар назди донишгоҳ, раиси шӯрои илмӣ, проректори якум оид ба корҳои маънавӣ-­маърифӣ кор кард. Дар айни ҳол низ ҳамчун профессори кафедраи таърихи адабиёти ӯзбек ва раиси шӯрои илмии дараҷаҳои илмии назди донишгоҳ фаъолият дорад. Устод дар тадқиқоти илмии худ ба талқини ғояи инсони комил дар адабиёти мумтоз эътибори калон медиҳад. Мавзӯи мазкур дар диссертатсияҳои номзадиву докторӣ, инчунин чандин китобу рисолаҳои илмии ӯ, мисли «Олами маъно дар талқинҳо», «Дар эҷоди Алишер Навоӣ ва салафҳои ӯ талқини инсони комил», «Тасвири инсони комил дар достонҳои аввалаи «Хамса»-ҳо», «Инсони комил – идеали адабиёт», «Гулшани қалбҳои нурбор» инъикос ёфтааст.
Ӯ ҳамоно дар пайи ҷустуҷӯҳои илмӣ, устодӣ ба ҷавонон, афзудани шаъну шӯҳрати донишгоҳи қадрдон мебошад.
– Самарқанди бостонӣ аз қадим маскани илму фарҳанг буд ва хоҳад монд. Ин сарзамин гаҳвораи алломаҳои зиёд аст ва дар замони соҳибқирон Амир Темур ва набераи ӯ Мирзо Улуғбек Самарқанд ба яке аз марказҳои илмии давр мубаддал гардида, дар ин ҷо Қозизодаи Румӣ, Ғиёсуддини Ҷамшед, Салоҳиддини Мусавӣ барин олимон зиндагӣ ва эҷод намудаанд. Классикони машҳури адабиёти тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ҳам дар Самарқанд таҳсил гирифтаанд. Дар мамлакати мо ҳурмату эҳтиром ба аҳли илму дониш баланд аст. Чунончи, Фирдавсии покзод фармуда:
Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Бидуни муболиға Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз мад­расаи олияи Мирзо Улуғбек сарчашма гирифтааст ва имсол 600‑солагии он тантанавор ҷашн гирифта хоҳад шуд, – қайд намуд Муслиҳиддин Муҳиддинов. – Ман аз он ифтихор дорам, ки дар ин боргоҳи илм таҳсил гирифтам ва як умр ба насли наврас сабақ омӯзондам. Қариб 60 соли ҳаёти камина бо донишгоҳ вобаста мебошад. Ҳоло шогирдони бешумор дар соҳаҳои гуногун адои вазифа дошта, барои гул-гулшукуфии Ӯзбекистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд ва дар байни онҳо арбобони давлат, сафирон, адибон, академикҳо низ ҳастанд.
Моро низ устодон омӯзонда, бо илму маърифат ошно намудаанд. Таълими онҳоро гирифта, дар роҳи ҳаётамон сабақи одамият, илми зистанро ёд гирифтем. Акнун омӯхтаҳои худро мутобиқи қонунҳои ҳаёт ба авлоди оянда, шогирдон меомӯзонем. Ба ҳар рӯзи худ шукрона меорам, ки ҷавононро бо адабиёт ошно менамоем, то ки аз накӯиҳо боғ бунёд гардад. Суханони Президентамон Шавкат Мирзиёев маънои амиқе дорад, ки гуфта: «Адабиёт дили халқ, маънавияти мардумро нишон медиҳад. Дар замони мураккаби имрӯза барои ба қалби одамон роҳ ёфтан, ба сӯйи мақсадҳои нек онҳоро ба илҳом овардан аз қувваи пуртаъсири адабиёт бояд истифода бурд». Аз ин рӯ, мо педагогҳо бояд мероси нодири маънавиеро, ки симоҳои барҷастаи адабиёти мумтози миллиамон боқӣ гузоштаанд, ба авлоди оянда дар ҳоли пурра бирасонем. Ба зиммаи мо масъулияте бор мебошад, ки барои Ӯзбекистони нав кадрҳои мутахассиси комил ва соҳибилмро расонем. Дуруст, касби мо хеле пурмашаққат аст, аммо дар баробари ин шарафнок буда, аҷру савоби беқиёс дорад. Аз он мамнунам, ки дар чунин соҳаи муҳим фаъолият дорам.
Дар ҳақиқат, педагогҳое, ки чунин роҳи пурмашаққат ва дар айни ҳол шарафнокро интихоб кардаанд, аз худ гулдастаи маърифат гузоштаанд. Аз ҷумла, Абдулло Авлонӣ гуфтааст: «Саодати ҳар як миллат, осоиштагии ҳар як давлат ва роҳати ҷавонон ба тарбияи хуб вобаста аст». Барои ба камол расидани инсон, дар вуҷуди ӯ ҳиссиёти наҷиби илмдӯстӣ, одамият, меҳру мурувват, зистан бо орзуву ниятҳои некро ҷой намудан, ҳамчунин, шаҳрванди сазовори ҷамъият шуда, мавқеи мустаҳкамро соҳиб шуданаш хизматҳои устод бемисл аст.
Дар шахсияти ин устоди шогирдони бешумор дӯстдории илм ва ташнагӣ ба донишу маърифат муҷассам аст. Ӯ тамоми умр ва ҳастии худро дар роҳи илм сарф намуда, доир ба адабиёти мумтоз, хусусан, мероси Навоӣ корҳои пурарзиши тадқиқотӣ анҷом дод. Имрӯз низ ҷустуҷӯҳои илмиро идома дода, ба олимону тадқиқотгарони ҷавон роҳнамоӣ мекунад.

Ф.ШУКУРЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ