«Ваксинаи помидорӣ»: олимони рус дар бораи он чӣ назар доранд?

Иммунологи рус, номзади илмҳои тиб Николай Крючков дар бораи маърӯзаи «ваксинаи помидорӣ», ки аз ҷониби Маркази геномика ва биоинформатикаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон офарида шудааст, шарҳ дод.
Иммунолог дар мусоҳиба бо «Комсомольская правда» гуфт, ки таҷрибаҳо бо ваксинаҳои сӯзандору аз солҳои 90-ум оғоз ёфта, то имрӯз идома доранд, «зеро онҳо умедбахш ҳисобида мешаванд.»
Вай панҷ ҷанбаи мусбати «фитоваксина»-ро номбар кард:

  • Қулайӣ ва бедардӣ. Сӯзандору додан шарт нест — тавре ки мегӯянд, хӯрдӣ ва ҳамааш баҷост.
  • Таъсири манфӣ ниҳоят кам — аксуламалҳои пас аз ваксиназанӣ бешубҳа нисбат ба эмкуниҳои классикӣ заифтар хоҳанд буд.
  • Барои ташкили утоқи эмгузаронӣ, ҷалби кормандони тиббӣ, таъмини тамъизӣ ва шароити дигари тартиботи тиббӣ хароҷот талаб карда намешавад.
  • Барои фароҳам овардани шароити махсуси нигаҳдорӣ ва ҳамлу нақл ба мисли ваксинаҳои анъанавӣ хароҷот вуҷуд надорад.
  • Истеҳсоли оммавии арзон. Рӯёндани сабзавот ва меваҳои «ваксинавӣ» нисбат ба истеҳсоли ваксинаҳо дар биореакторҳо ё дигар таҷҳизот хеле арзонтар аст.
    «Худи растаниҳо табиатан пардаҳои муҳофизатӣ доранд, ки ба шарофати он маводи ваксина воқеан дар шакли биокапсулаҳо ба бадани мо ворид мешавад. Аз ин ҳисоб сафедаҳое, ки барои ҳосилкунии иммунитет заруранд, дарҳол дар қисмҳои болоии рӯдаи ҳозима ҳазм нашуда, балки ба он амиқтар ворид мешаванд, ки ин ҳам як бартарӣ аст ”, — илова намуд коршинос.
    Дар айни замон таҷрибаҳо оид ба коркарди ваксинаҳое, ки ҳам дар саросари ҷаҳон ва ҳам дар Ӯзбекистон истеъмол карда шаванд, идома доранд. Аммо, чунин ваксина то ҳол дар амалияи клиникӣ истифода нашудааст. Боиси хушнудист, ки олимони ӯзбек бо ҷомеаи илмии ҷаҳон ҳамқадаманд. Таҳқиқот идома дорад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ