Ба кӣ хӯрдани ангур манъ аст?


Шарбати ангур маҳсулоти хеле болаззат аст. Вай аз глюкоза ва витаминҳо бой буда, дорои карбогидратҳои ба осонӣ ҳазмшаванда мебошад.
Ангур ҳангоми хушк (майиз) кардан, инчунин ҳангоми коркард хосиятҳои худро нигоҳ медорад.
Миқдори зиёди витамини С организмро бо саломатӣ қувват мебахшад ва ба азхудкунии калтсий мусоидат мекунад, ки дандонро мустаҳкам месозад. Инчунин, калие, ки ангур дорад, барои дил фоидаовар аст.
Барои шамолхӯрӣ шарбати ангур ба рафъи сулфа кӯмак мекунад. Инчунин хосиятҳои антиоксидантӣ дорад, ки дар пешгирии саратон кӯмак мерасонад.
Ангур – як пешобронкунандаи аълост, ки ба кам шудани туршии кислотаи пешоб ва осон шудани кори гурда мусоидат мекунад.
Инчунин бемориҳои хилофи истифодаи ангур мавҷуданд:

  • ба диабети қанд;
  • ба захми рӯдаю меъда;
  • ба вазни зиёдатӣ (фарбеҳӣ)
  • сиррози ҷигар ва ғ.
    Тухми ангур низ аз ҷиҳатҳои муфид дорад.
    Моддаҳои муфиди дар он мавҷудбуда (полифенол) моддаҳои антиоксиданти пурқувват буда, барои пайваст кардани радикалҳои озод, пешгирии пиршавии бармаҳал мусоидат мекунанд.
    Тарҷимаи Лола РАҲИМОВА
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ