Албатта хонед: чаро бояд иваз шуд?

Инсонҳое ҳастанд, ки иддао доранд асло дигар намешаванд ва бо ин ифтихор ҳам мекунанд. Бархе дигар дар ҳақиқат тағйир намеёбанд, дигар намешаванд. Чанде аз дӯстонро пурсидем, ки “Оё инсон дигар шавад ё нашавад?” Ҷавоби ҳамагии онҳо чунин буд: албатта, бояд дигар шавад. Бале, инсон бояд дигар шавад, зеро дигар нашуда рушд кардан номумкин аст. Бо дарназардошти ҳодисаҳои азсаргузаронидааш бояд нигоҳи инсон ба олам дигар шавад, балки пешрафт кунад, ҳатто рафтору хислатҳояш низ тағйир ёбанд. Бо оғози ҳар соли нав ё оғози соли нави таҳсил… агар нисбат ба соли гузашта нигоҳу биниши мо дигар нашуда бошад, нисбат ба як соли пеш рафторамон тағйир наёфта бошад, пас мо чизе наомӯхтаем. Худи омӯзиш ҳам танҳо соҳиби маълумот шудан нест, балки дар натиҷаи маълумоти гирифта тағйири рафторҳои мост.
Онҳое, ки даъво мекунанд: “ман дигар нашудам” ё “дигар намешавам” як навъ гирифто¬ри якравӣ ва побанди худхоҳии хешанд. Ҳол он ки дигар шудани инсон ногузир аст, хоҳ ба самти мусбат, хоҳ ба самти манфӣ.
Аз ҷониби дигар, дар ҳоле ки атрофиёнамон иваз мешаванд, яксон мондани мо яке аз мушкилиҳои асосии ин масъала аст. Барои мутобиқ ва ҳамоҳанг будан бо атрофиёнамон, балки барои муносибати дурустро ба роҳ мон¬дан бо онҳо, моро ҳам зарур меояд, ки баробари онҳо рафторамонро дигар кунем.
Вақте мегӯем, ки инсон бояд дигар шавад, албатта, манзур он нест, ки инсон арзишҳояшро дигар кунад. Яъне, як нафаре, ки дар гузашта инсони хубу хайрхоҳ буд, бо дигар шуданаш агар ба як нобакори гузаро табдил ёбад, ин аз дигаршавӣ дида, ақибравӣ аст. Яъне ба пеш не, ба қафо рафтан аст. Дигаршавӣ он аст, ки арзишҳоямон ҳамоне буданд мемонанд, вале нигоҳамон ба муҳити атроф, ба олам ва воку¬нишамон ба ҳодисаҳои рӯзгор тағйир меёбад. Ҳади аққал бояд ҳамин хел бошад.
Агар дигар нашудем, чӣ? Дигар нашудем, яъне ба сӯи пешрафт ки майл накардем, ба мисли картошкаи пӯсида хоҳем буд. Масалан, дигаршавии картошка: онро аз пӯсташ тоза кардан маънои ба хӯроки болаззате табдил ёфтани онро дорад. Картошка аввал пӯст канда мешавад, пора карда мешавад, пӯхта мешавад ё ба об андохта ҷӯшонда мешавад, дар ниҳоят барои хӯриши лазизе омода карда мешавад. Хоҳ он хӯриш бирён бошад, хоҳ хӯроки обдор. Аммо ҳар навъе ки набошад, картошка ҳамоно картошка боқӣ мондааст, балки болаззаттар шудааст. Ана, ба ҳамин монанд, маърифат ҳам дар натиҷаи дигаршавии инсон афзудани лаз¬зати ӯст. Агар инсон ҳам ба монанди картошка коркард шуда, мукаммал шуда, болаззат нагардад, яъне чи тавре ки ҳаст, ҳамон хел истодан гирад, пас боз ҳам ба монанди картошка ба пӯсидан сар мекунад. Картошкаҳое, ки дигар намешаванд, яъне барои хӯрише истифода намешаванд, ниҳоят пӯсида вайрон мегарданд, корношоям мешаванд. Аз ҳамин нуқтаи назар, агар дар ҳаёти мо дигаршавӣ ё тағйирёбӣ набошад, дар ҳақиқат мо то поёни умрамон белаззату бе кайфият хоҳем зиндагӣ кард. Зиндагиамон маъное ҳосил нахоҳад кард.
Яке аз амалҳои оқилона вобаста ба дигаршавӣ он аст, ки мо чиҳоро дигар карданамонро нағз таҳлил карда бароем, дар ҳамин роҳ кор кунем. Ҳатто аз ҳама хубаш метавонад ин бошад, ки бо атрофиён, аҳли оила, онҳое, ки моро самимона дӯст медоранд, рафтору муносибатамонро ташхис намоем.
Чӣ гуна дигар шавем? Албатта, ҷавоби ин савол метавонад гуногун, вале сода набошад. Ба ҳар сурат ба назари мо дар ин бобат формулаи асосӣ шояд он бошад, ки аввал фикрамонро, пасон рафторамонро дигар кунем. Қадами сеюм дар ин роҳ дигар шудани натиҷаҳои бадастовардаи мост. Пас, агар мо мехоҳем, ки ба самти мусбат дигар шавем, бояд рӯи фикррониамон кор кунем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ