Лимӯ (лимон) асабҳоро ором мекунад


Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва якум хушк аст
Хуштаъмии лимон ба одамон завқ мебахшад. Бӯйи лимон хусусияти ором кардани асабро дорад. Занҳои ҳомиладор гули лимонро бӯй кунанд, барои сабук гузаштани токсикоз кӯмак мерасонад. Дар таркиби лимон равғани эфир, кислотаҳои органикӣ, қандҳо, каротин, пектин, флавоноид, оҳан, фосфор, калий, калтсий, магний ва як қатор витаминҳо мавҷуд аст.
Шароби лимӯро бинӯшанд, ахлоти сӯхта ва часпакро, ки савдовӣ бошад, дафъ мекунад.
Оби лимӯро ба рӯй бимоланд, онро аз доғҳо пок мекунад.
3,12 ё 6,24 грамм тухми лимӯро кӯфта бо оби гарм ё бо шароб бинӯшанд, кунд шудан, яъне нобурро шудани дандонҳоро дафъ мекунад.
Нӯшидани лимӯчойи бо шакар ширин карда, дарди сареро, ки сабаби он хилтҳои гарм бошад, дафъ мекунад.
Нӯшидани шарбати лимӯ сулфаи гармро дафъ мекунад.
Лимӯро дар чой бо шакар ё қанди сафед ширин карда нӯшанд, ҷигари гармро қувват мебахшад.
Шарбати лимӯ иштаҳаро мекушояд ва барои шамолкашии ангина, фарингит, грипп ва роҳи нафас истифода бурда мешавад.
Барги лимӯ меъда ва узвҳои дохилиро қувват медиҳад, гипертония, диабети қандро табобат мекунад.
Равғани лимӯ асабҳоро ором мекунад, фалаҷро шифо мебахшад.
Пӯсташро дар даҳон доранд, бӯйро хориҷ мекунад. Ба либос афтидани парвона (куя)-ро пешгирӣ мекунад. Он инчунин дар пухтани қандолатҳои гуногун истифода бурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ