Самарқандие, ки адиби бузургро рўҳбаланд намуд

Самарқанди бостон дар ҳар давру замон ҳамеша фарзандони маърифатпарвару соҳибназарро ба воя расонидааст, ки онҳо дар рушду равнақи илму маданият, маърифату маънавият ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Яке аз чунин зиёиёни Самарқанд муаррихи шинохта ва олими музейшинос Нўъмон Маҳмудов мебошад. Як хислати нодири ў аз он иборат аст, ки набзи ҳаёти ҷамъиятиро тез ва дуруст дарк мекунад. Аввали солҳои 80‑уми асри гузашта ў идрок мекунад, ки нависандаи бузург, адиби дўстдоштааш Сотим Улуғзода ба таъқиби ноҳақ афтода буд, ба дастгирии маънавӣ мўҳтоҷ аст. Нӯъмон Маҳмудов қалам ба даст гирифта, ба адиби арҷманди хеш номае менависад, ки он аз қаъри қалби пурэҳсосаш ба рўи коғаз омада буд.
Ин нома барои Сотим Улуғзода хеле таъсирбахш гардид. Аз мактуби ҷавони самарқандӣ устод Улуғзода мутаассир мешавад ва ҷавобан мактуб навишта, аз ҳамон вақт иқтидору иродаи қавии Нўъмон Маҳмудовро пай мебарад. Дар номаи ҷавобӣ С. Улуғзода, аз ҷумла, чунин навиштаанд:

«Дер боз чунин як номаи хушсаводонаву саршор аз самимияту ихлос, қадрдонӣ ва хайрхоҳии дўстона нагирифта будам. Хеле мутаассир шудам. Воқеан барои нависанда чӣ чизи гаронбаҳотар аз ин аст, ки хонандааш гўяд «бале!», ва он ҳам хонандае ҳамчун шумо сухандон ва нуктасанҷ! Бисёр ташаккур. Агар ин қаламкаши солхўрда ақаллан ба даҳяки он чӣ дар бораи ҳусни асарҳои ў фармудаед, меарзида бошад, валлоҳ ки дар олам беҳуда назистааст.
Вуҷуди ҳамчун Нўъмон Маҳмудов хонандагони қадршинос нависандаро рўҳбаланд ва водор мекунад, ки имрўз аз дирўз ва фардо аз имрўз беҳтар нависад.
Саломат ва хушбахт бошед.

Бо эҳтиром С. Улуғзода
30.VIII.1980. Душанбе»

Номаи Нўъмон Маҳмудов чӣ мазмун дошт?
Дар мактуби худ ў таъкид мекунад, ки асарҳои Сотим Улуғзода дар адабиёти тоҷик, дар ҳаёти иҷтимоӣ-­фарҳангии халқи тоҷик давраи наверо ташкил мекунанд.
Давраи аввалро устод Айнӣ бо асарҳои худ кушода буд. Ў бо ибораи шоир, «зи лавҳи гўрҳо», «зи ҳар тазкираю девон», «аз шаш ҷиҳати таърих» сарнавишти халқи тоҷикро ҷуста, бо асарҳои безаволи худ аввалин бор таърихи бои халқамонро ба олам, ба худи мо нишон дод.
Ба қавли Нўъмон Маҳмудов устод Сотим Улуғзода «бо асарҳои пурмазмуни баландғояи худ давраи сифатан наверо кушод». Нависандаи бузург «тавассути образҳои мушаххаси шахсони таърихӣ ва бадеӣ хирадмандӣ, озодипарастӣ, бо ору номусии халқи худро дар давоми таърихи ҳазорсолаи ў нишон дод». Аз ҳар асари адиб меҳру муҳаббати беинтиҳое ба халқи хеш эҳсос мешавад. Асарҳои С. Улуғзода рўҳи миллии халқамонро пурра ва дақиқ ифода мекунанд.
Суханро давом дода Н. Маҳмудов ба Улуғзода мегўяд: «Шумо аз ҷумлаи он шахсонед, ки дар ҳаққи онон шоир Лоиқ гуфтааст:
Мард он ки барои номуси халқ,
Бо бешу ками ҷаҳон ситезад.
Он ҷо, ки бирехт хуни нофаш,
Бояст ки хуни дил бирезад.
Н. Маҳмудов таъкид мекунад, ин мис­раъҳои шоир ҳам ба худи Улуғзода ва ҳам ба образҳои барҷастаи офаридаи ў: Ибни Сино, Темурмалик, Восеъ, Виркан ва дигарҳо мувофиқ меоянд.
«Ҳақ ба ҷониби олими шинохта Муҳаммадҷон Шукуров, ки образи Восеъро яке аз образҳои беҳтарини насри имрўзаи тоҷик шуморидааст», – қайд мекунад Н. Маҳмудов. Ва фикрашро давом дода, мегўяд: «Асари Шумо «Ривояти суғдӣ»-ро гимни озодихоҳӣ, ватанпарварӣ, назарбаландӣ ва покизагии халқамон номидан мумкин аст».
Сипас, дар номаи худ Н. Маҳмудов суханҳоеро менависад, ки ба адиби солхўрда таъсирбахш буданд: «Барои нависанда беҳтарин мукофот он аст, ки китобҳояшро оммаи васеи хонандагон чӣ гуна қабул мекунанд. Ба ин маънӣ Шумо мукофоти олиро соҳибед – асарҳоятонро оммаи васеи хонандагон бо завқу шавқи том мутолиа мекунанд, аз ғояҳои онҳо рўҳ мегиранд, ба муаллифи онҳо мадҳу сано мегўянд. Шумо ҳақиқатан нависандаи халқӣ ҳастед».
Дар охири номааш Н. Маҳмудов махсусан таъкид мекунад, ки «Халқи тоҷик фарзандони бузурги аслии худро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунад, номи муқаддаси онҳоро абадан мепарастад. Чӣ тавре ки устод Айнӣ бо асарҳои шоистаи худ дар дили халқамон маъво гузошт, Шумо низ бо асарҳои безаволи хеш абадан дар қалби халқ ҷой гирифтед».
Баъд аз ин мукотиба, ки ба нависанда рўҳ бахшида буд, Улуғзода бо илҳому азму ғайрат ба навиштани романи бузурги худ «Фирдавсӣ» шурўъ кард ва дар муддати муайян онро ба итмом расонид. Чун китоб аз нашр баромад, яке аз нусхаҳои аввалинро ба Нўъмон Маҳмудов фиристод. Зимнан, дар он адиби бузург чунин суханҳоро навишта буд:
«Ба дўсти нодида Нўъмон Маҳмудов барои ёдгорӣ бо эҳтиром тақдим шуд. С. Улуғзода. 22. II. 88»

Заррух БЕҲБУДӢ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ