Нахустин мулоқоти расмии Толибон бо намояндагони Чин

Муовини раҳбари сиёсии Толибон ва як ҳайат аз Чин дар мулоқоти расмӣ дар Кобул равобити дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар гуфт, ки Мавлавӣ Абдул Салом Ҳанафӣ, муовини сиёсии ин идора, бо ҳайати Чин дар Кобул расман мулоқот кардааст, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Вай афзуд, ки дар ин дидор амнияти сафорат ва дипломатҳои Чин, инчунин вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шудааст.
Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон гуфт, ки сафири Чин ба кумакҳои башардӯстонаи кишвараш ба мардуми афғон таъкид кардааст.
Ин нахустин дидори расмии Толибон аст, ки дар шаҳри Кобул ба вуқуъ пайваст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ