Дар Уляновск миёни кишварҳои узви ИДМ Фестивали VIII байналмилалии варзишии мактабиён гузаронида мешавад

Аз 11 то 16 сентябри соли равон дар шаҳри Уляновски Русия Фестивали VIII байналмилалии варзишии мактаббачагон миёни кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад. Дар назар аст, ки дар фестивал зиёда аз 400 варзишгари ҷавон дар ҳайати дастаҳои мунтахаби 11 кишвар: Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Русия ва Украина ширкат намоянд. Аз соли 2018 инҷониб дар Фестивал дастаҳои мактабӣ азҷамъиятҳои халқҳои ИДМ, ки дар Русия ба сар мебаранд, иштирок мекунанд.
Тавре хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, чун анъана, дар доираи фестивал мусобиқаҳо оид ба футбол, волейбол, баскетбол 3 × 3, тенниси рӯи миз, бадминтон ва шоҳмот баргузор мешаванд. Илова бар ин дар озмунҳо барои иштирокчиён барномаи фарҳангӣ ва маърифатӣ ташкил карда мешавад: экскурсияҳо ба ҷойҳои ҷолиби диққат, гузоштани гулҳо дар маҷмааи ёдгории Ҷанги Бузурги Ватанӣ, намоиши филмҳо ва маҳорати варзишгарони маъруф.
Ташаббуси баргузории Фестивали байналмилалии варзишии мактаббачагон аз ҷониби Федератсияи Умумирусиягии намудҳои варзиши мактабӣ соли 2012 пешниҳод шуда, аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонӣ, Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ, Россотрудничество ва Вазорати варзиши Федератсияи Русия дастгирӣ карда мешавад. Аз соли 2013 ин чорабинӣ ҳамасола дар минтақаҳои гуногуни Русия баргузор мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ