Оиди фоиданокии себ ва дарахти он


Себ яке аз фоиданоктарин меваи рӯйи дунё ба ҳисоб меравад. Агар одам рӯзе 1-2 дона себ тановул карда истад, организмаш бо витамин ва микроэлементҳои зарурӣ таъмин мегардад. Агар дарахти себро хуб парвариш кунанд, ҳосилдориаш зиёд ва хуштаъм мешавад.
Ба қатори дигар меваҳо ба дарахти себ ҳам, нуриҳои азотдор, фосфордор, калийдор ва дигар микроэлементҳо дода мешавад. Кор пухта иҷро шавад, ҳосилдорӣ ва сифати мева беҳ мегардад. Дар охирҳои тирамоҳ ба замин фосфор (аммофос, суперфосфат), нурии калийдор андохта ба хок омехта кардан аз фоида холӣ нест. Нуриҳои азотдор, яъне селитраи аммиакдор, аммоний сулфат, карбомид, дар баҳор ва ё сари тобистон дода мешавад.
Ба ҳосилдорӣ нигоҳ карда нурӣ додан лозим. Аммо бисёриҳо ба ин амал намекунанд. Нуриҳои фосфордорро ба ҳар як гектар ба миқдори 300-500 килограммӣ, калийдорро ба миқдори 100-150 килораммӣ ва азотдорро ба миқдори 200-300 килограммӣ додан лозим.
Ҳоло дар савдо маҷмӯаи нуриҳои аз барг озуқагиранда ва дар об хуб ҳалшаванда ҳам ҳаст. Аз инҳо ҳам ба миқдори кам гирифта кор фармудан натиҷаи нағзро медиҳад.
Таҳияи Ҷ.АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ