Ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон сухангӯи нав таъин гардид

Бектош Сиёваш пас аз ба шаҳодат расидани Фаҳим Даштӣ сухангӯи расмии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таъин шудааст.
Бектош Сиёвашро аз хонаводаи тоҷикони Афғонистон ном мебаранд. Ӯ бародари журналист ва таҳлилгари масоили сиёсӣ Ямо Сиёваш аст. Ямо Сиёваш моҳи ноябри соли 2020 аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро бар асари таркиши бомб дар шаҳри Кобул ба шаҳолат расид.
Бектош Сиёваш бошад, рӯзноманигор ва донандаи чаҳор забони хориҷӣ аст. Ӯ муддати зиёд дар Парлумон ва дигар сохторҳои Афғонистон кор кардааст. Пас аз тасарруфи Кобул аз ҷониби террористон ва ифротгароёни толиб худро ба зодгоҳи падараш- Панҷшер расонд ва ба Ҷабҳаи муқовимат, ки онро Аҳмади Масъуд роҳбарӣ мекунад, пайваст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ