Ваксинае, ки ҳам аз коронавирус ва ҳам аз зуком муҳофизат мекунад

Ширкати биотехнологии амрикоӣ «Moderna» рӯзи панҷшанбе, 9 сентябри соли ҷорӣ эълом дошт, ки дар болои ваксинае кор мекунад, ки метавонад ҳам аз коронавирус ва ҳам аз зуком муҳофизат кунад.
«Имрӯз мо дар бораи қадами аввалини худ дар барномаи нави ваксинаамон [аз бемориҳои роҳи нафас] эълон мекунем — офариниши ваксинаи яккомпонента, ки дар худ вояи иловагии COVID-19 ва вояи иловагии зукомро пайвастааст» — гуфт директори генералии «Moderna» Стефан Бансел дар баёнияи матботӣ, хабар медиҳад ТАСС.
Ваксинаи нави РНК версияи ҳозираи ваксинаи ширкатро аз коронавирус ва ваксинаи гриппро дар бар мегирад, ки он ҳам дар ҳоли такмилдиҳӣ аст.
Ваксинае, ки ширкати «Moderna» офаридааст, як нанобайчаи махсуси равғанӣ мебошад, ки дорои порчаи РНК аз коронавирус мебошад. Онҳо метавонанд ба ҳуҷайраҳои инсон ворид шуда, онҳоро маҷбур кунанд, ки миқдори зиёди пораҳои сафедии SARS-COV-2-ро ба вуҷуд оранд, ки ба вокуниши иммунӣ ба патогени COVID-19 оварда мерасонад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ