Нурониҳо – мураббии ҷавонон

Семинари навбатии Шӯрои ҷамоатчигии нурониёни вилояти Самарқанд дар ноҳияи Тайлоқ таҳти унвони «Ҳар як нуронӣ ба панҷ нафар ҷавон мураббӣ аст», баргузор гардид. Дар он ҷонишини сардори Садорати маҳалла ва дастгирии оила оид ба корҳои пиронсолон ва фахриён С. Усмонов, раису мутахассисони шӯроҳои ҷамоатии нурониёни шаҳру ноҳияҳо ва фаъолон иштирок доштанд.
Онҳо аввал дар «Маскани нурониҳо»-и ноҳия ҷамъ омада, ба фаъолияти марказ мароқ зоҳир карданд. Дар Боғи истироҳатии «Ёшлар»-и ноҳия бо намоишгоҳи ҳунари ташкилкардаи шӯъбаи таълими халқи ноҳия шинос шуданд ва баромади варзишгаронро тамошо карданд.
Дар ин тадбири «Ҳар як нуронӣ ба панҷ нафар ҷавон мураббӣ аст», меҳмонон сӯҳбати гирди мизи мудаввар оростанд.
Иштирокчиёни семинар қадамҷойи Тайлоқотаро зиёрат намуданд.
Дар маҳаллаи Шерпӯлод бо маркази маданияти нав шинос шуданд. Дар ин ҷо аз шароитҳое, ки барои санъаткорон муҳайё гардонида шудааст, ба ваҷд омаданд.
Меҳмнон дар рафти семинар бо фаъолияти занбӯрпарвари номи О. Илёсов ва хоҷагии фермерии наслгирии занбӯри асали «Орзу Олим Дилмурод»ошно шуданд.
Аз тамошои «Маркази ҳунармандӣ»-и маҳаллаи Ворсин хурсанд гардиданд. Инчунин, дар ин ҷо аз ӣтамошои асарҳои рассоми шинохта А. Умаров таассуроти калон гирифтанд.

Э.МАВЛОНОВ, аъзои Шӯрои ҷамоатии нурониҳои ноҳияи Тайлоқ,

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ