Ҳамён


Ҳикоя


Баъзан дар рӯзгор чунин мешавад, ки банохост ягон шиноси деринаатонро дида, аз дидори дӯсти нек курта-курта гӯшт мегиред. Рафтори хубаш ба шумо намунаи ибрат мешавад.
Бо дидани ҳамкурсам Нурмуҳаммади ургутӣ, ки дӯстонам “Княз” ном мегиранду 30 сол қабл аз ин донишгоҳро хатм намуда будем, кайфиятам хуш гардид. Баъд аз вохӯрӣ хостем, аз Хиёбони донишгоҳ, ки вақти донишҷӯӣ доимо сайру гашт намоем. Бо ин мақсад ба автобус савор шуда, риштаи сӯҳбатро давом додем. Ба хиёбон расидем. Ман аз ҷайбам пул бароварда. Ба чиптафурӯши автобус дода, интизори бақияаш шудам.
-Ака. Ин пули ҳазориатон даридагӣ, дигарашро диҳед!
Ба пулҳоям нигоҳ кардам, ки боз чанд сӯми даридаву ба муомила норавобуда дорам. Аз миёнаш беҳтаринашро дода, аз чиптафурӯш бақия гирифтам ба ҷайбам гузоштам. Дӯстам хандид:
-Пулҳо боз ғиҷим шуда, медаранд. Шумо ҳам мисли ман пулҳоятонро ба ҳамён нигоҳ доштанро ёд гиред.
Ман ҳамён надоштам ва каме хиҷолат шуда, сабаби хандаашро пурсидам.
-Як воқеаи аз сарам гузашта ба ёдам омад — гуфт ӯ. – Ба ин чанд сол шуд. Пештар ман ҳам пулҳоямро доимо дар ҷайбам нигоҳ медоштам. Пулҳои даридагӣ ба дастам ояд, аҳволаш бадтар мешуд. Рӯзе савори автобус шудаму хостам роҳкиро бидиҳам. Дар дастам фақат пулҳои даридагиву ғиҷим шуда монда буд. Умед доштам, ки чиптафурӯш пулро мегирад. Лекин ӯ пулҳоро ба ман гардонду хост, ки иваз карда диҳам.

  • Укаҷон дигар пул надорам, — шармида – шармида рӯ овардам сӯи ӯ. — Ман ҳар рӯз ба ин автобус савор мешавам, пагоҳ пулҳои надаридагӣ медиҳам, — гуфтам каме хиҷолат шуда.
  • Хайр майлаш, — гуфт ӯ дилу бедилон…
    Баъди ин воқеа ман ба пулҳо бо назари дигар нигоҳ мекардагӣ шудам, ба қавле худамро туву пулро шумо мегуфтам. Онро эҳтиёт карда, ба рӯяш дигар наменавистам. Барои нигаҳдории он ҳамёни чармин харидам. Гӯё аз ин кори ман пулҳо хурсанд гашта бошанд, ба кисаи ман хайру барака даромад…
  • Пулҳои даридаро партофтед, — бо кунҷковӣ пурсидам ман.
  • Не. Онҳоро дар Бонки Марказӣ ба пулҳои коршоям иваз кардам.
  • Офарин ба ҳавсалаатон, — гуфтам ман ва аз он лаҳза меҳрам ба сӯм” — ҳои худӣ — воҳиди асъори миллиамон дучанд афзуд.

Ҷамшеди АСРОР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ