Сирпиёз


Оё шумо хусусиятҳои мӯъҷизавии онро медонед?
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст
Сирпиёз аз замонҳои қадим барои табобати зуком истифода мешавад. Ҳазорсолаҳо боз сирпиёзро ҳамчун дору истифода бурдани мисриён, юнониҳо ва ҷопонҳо бесабаб нест. Дар таркиби сирпиёз ба миқдори зиёд сулфати олтингугурт мавҷуд аст. Ин модда таъм ва бӯйи онро таъмин мекунад. Он дар мубориза бо ҳама гуна бемориҳо ба илтиҳоби бофта кӯмак мекунад ва раванди ҳазми хӯрокро ба мӯътадил менамояд. Зидди саратон, гипертония ва микробҳо мубориза мебарад. Сирпиёз зебоии мӯй ва пӯстро таъмин мекунад.
Хӯрдани сир бо риояи фасли сол, мизоҷ ва дар ҳадди эътидол, хусусан бо сирко барои дардҳои гуногуни пайвандҳо нафъ дорад.
Равғане, ки дар он сир ҷӯшонида шуда бошад, ба буғумҳои дарднок бимоланд, дарди онҳоро дур мекунад.
Сирпиёзро кӯфта, бо навшодир даромехта, ба доғҳои касалии пӯст бимоланд, онҳоро нобуд мекунад, ба шарте, ки доғ кӯҳна набошад.
Бо мудовамат хӯрдани сир дар ҳадди эътидол бо сирко, ҳамаи кирмҳои меъда (гиҷҷа)-ро мерезонад.
Сирпиёзро кӯфта бо асал даромехта бимоланд, шукуфаҳои пӯстро дафъ мекунад.
Равғане, ки дар он сир ҷӯшонида шуда бошад, рӯзе ду маҳал як қошуқӣ бихӯранд, қулинҷи балғамиро дафъ мекунад.
Сирпиёзро дар меъёри эътидол бо сирко бихӯранд ва мудовамат бар он намоянд, санги гурдаро майда карда мерезонад.
Сирпиёзро кӯфта, бо асал сиришта ба қӯтур бимоланд, сиҳат мебахшад, вале пӯстро захмгин мекунад.
Равғанеро, ки дар он сирпиёз ҷӯшонида шуда бошад, ба хуни дар дасту по шахшуда бимоланд, вазъи онро беҳ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ