Имрӯз дар Душанбе ҷамъомади Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад

16 сентябр дар ҳошияи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва 20-солагии СҲШ ҷамъомади навбатии Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дод.
Дар кори ҷаласа иштироки аъзои қисмҳои миллии Шӯрои ҷавонони СҲШ дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҷавонони СҲШ моҳи майи соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия таъсис ёфтааст. Ба узвияти шӯрои мазкур ҷавонони ҳашт кишвари аъзои СҲШ шомил мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ