Дар бораи фарохонии чилу сеюмин сессияи даъвати шашуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд

ҚАРОРИ ҳокими вилояти Самарқанд


Бар асоси моддаи 17-и Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон – “Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ” ҚАРОР МЕКУНАМ:
Чилу сеюмин сессияи даъвати шашуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд рӯзи 24-уми сентябри соли 2021 дар соати 10.00 фаро хонда шавад.
Масъалаҳои зерин ба тартиби рӯзи сессия дохил гардад:

  • Ҳисоботи раиси садорати осоиштагии санитарӣ-эпидемиологӣ ва саломатии ҷомеаи вилоят А. Баҳромов оиди натиҷаҳои омӯзиши иҷрои қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон – “Дар бораи осоиштагии санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ” дар бозорҳои деҳқонии шаҳри Самарқанд;
  • Гузориши раиси садорати мероси фарҳангии вилоят дар бораи муайянсозӣ, рӯйхатгирӣ, муҳофиза ва истифодаи босамар аз осори моддӣ ва мадании Самарқанд, нигоҳдории осори музейҳо;
  • Ҳисоботи раиси садорати хидматрасонии коммуналии хонаву ҷой Б. Неъматов дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрошёни истиқоматӣ ва такмили идораи зерсохтҳои коммуналии вилоят бар асоси Қарори раисҷумҳур – “Дар бораи такмили системаи идораи биноҳои бисёрошёни истиқоматӣ” (ҚР-5252);
  • дигар масъалаҳо.

  • Ин қарор дар расонаҳои хабарӣ эълон гардад.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ