Чаро дар Самарқанд аэропорти нав месозанд?Ё, нигоҳи нав ба саволи кӯҳна


Аэропорти навро аксарияти самарқандиён ва меҳмонони шаҳр аз гузоштани таҳкурсӣ то ба қад рост кардани он ҳам аз наздик ва ҳам аз барномаҳои телевизиону роликҳои гуногун дидаанд, албатта. Вале чуноне ки мегӯянд, «шунидан кай бувад монанди дидан». Иштирокчиёни пресс-туре, ки рӯзи 15-уми сентябр сарсадорати сохтмони вилоят ба сохтмонҳои калоне, ки компанияи «Enter Enjineering PTE Lmd» барпо мекунад, ташкил кард, бинои аэропортро на танҳо аз берун, балки аз дохили он низ мушоҳида карда, ба ин савол посухи мукаммалтаре гирифтанд ва бовар карданд, ки сохтмони аэропорти нав дар шаҳри бостонӣ тақозои ҳаёт буда, он нисбати аэропорти пешина хеле бартариҳо дорад ва албатта, замонавитарин аст. Аз рӯйи нақша он то охири сол ба истифодабарӣ супурда хоҳад шуд.
Аэропортро бар асоси супориши компанияи «Air Marakand» месозанд. Барои бунёди он аз масолеҳи бинокорӣ ва маҳсулоти беш аз 1500-то ва қариб 400-то фирма ва компания истифода мебаранд. Дар ин ҷо баробари шаҳрвандони Ӯзбекистон бинокорон ва мутахассисони соҳибтаҷрибае, ки аз Олмон, Россия, Туркия ва Сингапур омадаанд, меҳнат мекунанд, — гуфт корманди масъули компанияи бинокорӣ Рустам Ҳайдаров.
Дар аэропорт толори гусел ва пешвоз гирифтани мусофирон, хонаҳои истироҳатӣ, ҷой барои гузоштани 700-то автомобил ва дигар шароитҳои хубу замонавӣ барои парвози мусофирон мавҷуд мешавад.
Дар воқеъ, мусофирон то даромадгоҳи аэропорт бо автомобил омада, ба толори аэропорт дохил мешаванд, баъди қайди ҳуҷҷатҳо метавонанд аз қабати саввӯм бо роҳи махсус бевосита ба дохили самолёт дароянд. Акнун ҳоҷати ба майдони парвоз омада, бо автобус назди самолёт рафтан ва бо трап ба он баромадан лозим нест. Ин яке аз навгониҳои аэропорти нав аст, ки то ҳол на танҳо дар Ӯзбекистон, ҳатто Осиёи Марказӣ мушоҳида нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ