Шӯрои ҳамкории туркзабонҳо ба созмон табдил мешавад

Моҳи ноябри имсол Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон ба «Созмони кишварҳои туркзабон» табдили ном хоҳад кард.
Интизор меравад, ки Туркманистон низ узви комилҳуқуқи ин созмон шавад.
Дар ин бора нашрияи озарбойҷонии Report.az ​бо такя ба сарвазири Туркия Биналӣ Йилдирим хабар медиҳад.
Саммити VIII Шӯрои туркӣ рӯзи 12 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия дар назар аст.
Айни замон Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркия шомили шӯрои мазкур ҳастанд. Шӯро соли 2009 таъсис шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ