СПАД паноҳҷӯёни афғонро қабул намекунад

Намояндагони кишварҳои СПАД изҳор доштанд, ки паноҳандаҳои афғонистонӣ ва пойгоҳҳои низомии ИМА-ро дар қаламравашон ҷой намедиҳанд
Кишварҳои узви СПАД алайҳи ҷой додани паноҳҷӯёни афғонистонӣ ва пойгоҳҳои ИМА изҳорот доданд.
«Кишварҳои узви СПАД мухолифи дар қаламрави худ ҷой додани иншооти таъйиноти низомии ИМА ва дигар кишварҳои узви НАТО мебошанд», — изҳор доштанд намояндагони ин кишварҳо.
Ҳамчунин кишварҳои узв аз қабули фирориёне Афғонистон, ки дар гузашта бо ИМА ҳамкорӣ мекарданд, худдорӣ карданд. Аммо ин маҳдудият ба афғонистониҳои ниёзманди кумакҳои фаврии башардӯстона рабте надорад.
Ҳамоиши вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД 15 сентябр дар Душанбе баргузор шуд. Дар ин нишаст баррасии вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои аслӣ буд.
Кишварҳои узви СПАД бо нашри як изҳорот зарур донистаанд, ки ҳар хатари бархоста аз қаламрави Афғонистон ҷилавгирӣ шавад. Инчунин ба азми қотеъ барои истифода аз имконоти созмон дар таъмини амнияти кишварҳои узв таъкид шудааст дар изҳорот.
Дар зимн СПАД тайи ин изҳороташ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки кумакҳои башардӯстонаро ба ҷомеаи Афғонистон афзоиш диҳанд.
СПАД омодагиашро барои кумак ба Афғонистон дар масъалаи таъмини сулҳу субот ва рушди кишвари озод аз терроризму маводи мухаддир баён доштааст.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки кишварҳои узви созмон омодаанд, талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои эътидоли вазъ дар Афғонистон зери назару ҳамоҳангии СММ дастгирӣ намоянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ