Ҳеҷ кӯдак аз эътибор дур нест


Зиндагӣ неку бади худро дорад. Инро баъзе кӯдакон аз рӯзи ба дунё омадани худ ҳис мекунанд. Чунки онҳо маъюб ё ки бо нуқси дигар таваллуд мешаванд. Ба онҳо нигоҳ карда, дили сангин ҳам об мешавад. Сабаби маъюб ва бо беморӣ ва нуқсдор таваллуд шудани кӯдакон мавзӯи алоҳидаест. Мутахассисон онро аз никоҳи байни хешовандон, моддаҳои нашъамандӣ ё ки машрубот истеъмол кардани волидайни онҳо медонанд. Шояд ба падару модароне, ки духтар ё писари худро ба чунин никоҳ маҷбур мекунанд, чунин кӯдакони бегуноҳро бояд нишон дод, то ки онҳо аз раъйашон баргарданд.
Дар вилояти Самарқанд дар 3 — то ташкилоти таълими томактабии ихтисосонидашуда чунин кӯдаконро таълиму тарбия медиҳанд.
Рӯзи 15-уми сентябр вакилони ВАО дар пресс-туре, ки садорати таълими томактабии вилоят ташкил кард, бо фаъолияти боғчаҳои рақами 78 ва 60-и шӯъбаи таълими томактабии шаҳри Самарқанд шинос шуданд. Дар онҳо ба бачаҳои аз 2 то 7-солаи дар нутқ, шунавоӣ, биниш, инкишофи рӯҳӣ ва ақлӣ нуқс дошта, фалаҷи серебралӣ ва ғайра таълиму тарбия медиҳанд.
Дар кӯдакистонҳои рақами 78 беш аз 70 нафар корманд ба 85 нафар тарбиятгиранда ва рақами 60 беш аз 80 нафар, аз ҷумла 38 нафар тарбиячӣ, 14 нафар шифокор ба 101 нафар бача таълиму тарбия медиҳанд.
Журналисту блогерҳо дар ин муассисаҳо бо ҷараёни машғулоти бачаҳо шинос шуданд.
-Дар соҳаи таълими томактабӣ 25 сол, дар ин боғча бошад, 3 сол ин ҷониб кор мекунам. Боғча моҳи феврали соли ҷорӣ ба бисёрсоҳавӣ табдил ёфт. Бачаҳо дар боғча, ки дорои 180 ҷой аст, 5 рӯз 10,5 соатӣ (аз 7:00 то 19:00) ё 5 рӯз 24 соатӣ зиндагӣ мекунанд. Бо бачаҳое, ки дар нутқ ва шунавоӣ нуқсон доранд, барои омӯзондани номи бача ҳафтаву моҳҳо машғулот мебарам. Дар асоси алифбои дактил навиштанро ёд медиҳам. Бо ҳар як бача рӯзе на кам аз 20 дақиқа таълим медиҳем, — гуфт сурдо педагоги боғчаи рақами 78 Замира Ҳасанова.
Ташкилоти таълими томактабии махсуси ихтисосонидашудаи бисёрсоҳавии рақами 60-ум дар ҳудуди маҳаллаи Ал- Хоразмӣ воқеъ будааст.

  • Ташкилоти мо бачаҳоро ба 5 рӯз, 10,5 соатӣ қабул мекунад. Дар боғча барои гирифтани таълиму тарбия шароитҳои хуб фароҳам оварда шудааст. Ошпазони ташкилот барои онҳо хӯрокҳои бомаза мепазанд. Ба мо бинои иловагӣ лозим. Зеро хонаҳои бинои ҳозира зиёд нест. Аз мутасаддиён дар ин масъала кӯмак доданашонро мепурсем. Ташкилотамон соли 2016 аз рӯйи номгӯйи “Намунавитарин муассисаи таълими томактабии орододашуда” ғолиб гардид. Ҳамон сол тарбиятгари ташкилот дар зинаи ҷумҳурии озмун-азаназгузаронии “Yil tarbiyachisi” ҷойи дуюмро гирифт, — гуфт директори он Замира Одилова.
    Дар саҳначаи орододаи боғчаи мазкур бачаҳо бо ёрии тарбиятгаронашон бо иҷрои рақсҳо консерти хурдакак намоиш доданд. Баъд мутахассисони садорат ва роҳбари боғча ба саволҳои журналистон ҷавоб доданд.
    Ҳукуматамон ба тарбия ва таълими ин хел бачаҳо низ эътибор медиҳад. Ба тарбиятгар ва сурдо-педагог, дефектолог ва дигар мутахассисон назар ба ташкилотҳои таълими томактабӣ зиёдтар маошмедиҳад.
    Мақсад, дар мамлакати мо, ки нияти барпо кардани ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дорад, ҳеҷ як кӯдак аз эътибор дур намонад. Ҳар шахсе, ки дар ин кӯдакистонҳо мешавад, ба ин боварӣ ҳосил мекунад. Ҷамшед ОБИДОВ.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ