Дар Душанбе Боғи «Созмони ҳамкории Шанхай» бунёд мешавад

16-уми сентябр дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии лоиҳаи Боғи «Созмони ҳамкории Шанхай», ки дар пойтахти кишвари ҳамсоя бо тарҳи замонавӣ ва санъати баланд бунёд мегардад, доир шуд.
Зикр шуд, ки Боғи «Созмони ҳамкории Шанхай» дар ҷаҳон аввалин иншоотест, ки барои доир кардани чорабиниҳои дастҷамъонаи намояндагони кишварҳои аъзои созмон, намоишҳои гуногуни сатҳи минтақавию байналмилалӣ, тадбирҳои гуногуни фарҳангӣ ва гузаронидани муколамаҳо миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бунёд мешавад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он дар оянда майдони мусоиди табодули таҷрибаву гуфтушунидҳоро фароҳам хоҳад сохт.
Боғи «Созмони ҳамкории Шанхай» аз ду ошёна иборат ва дар он барои ҳар кишвари аъзо гӯшаҳои алоҳида ташкил карда мешаванд.
Тибқи лоиҳа, дар боғ гӯшаҳои фарҳангӣ, намунаи расму оин ва суннатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҷой дода мешаванд.
Бояд гуфт, ки бунёди Боғи «Созмони ҳамкории Шанхай» дар шаҳри Душанбе дар оянда имкон фароҳам меорад, ки сокинону меҳмонони пойтахт бо фарҳангу анъанаҳои кишварҳои гуногун шинос шаванд.
Боғ ҳамчунин барои рушди муносибатҳои гуманитарию фарҳангии кишварҳои аъзои созмони бонуфуз мусоидат менамояд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ