Эрон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай мегардад

Дар чорчӯби нишасти Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе санади “Дар бораи оғози ҷараёни қабули Ҷумҳурии исломии Эрон ба СҲШ” имзо шуд.
Бино ба хабари ТАСС, вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён гуфт, “Ин узвияти стратегӣ ба ҷараёни ҳамкории ҳамаҷонибаи Эрон бо ҳамсояҳо дар асоси сиёсате, ки ба Осиё нигаронида шудааст, таъсири амиқ мегузорад”.
СҲШ соли 2001 аз сӯи 6 кишвар – Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфт. Соли 2017 Ҳиндустон ва Покистон низ узви созмон шуданд.
Афғонистон, Белорус ва Муғулистон ҳамчун кишварҳои мушоҳидакунанда дар фаъолияти созмон иштирок мекунанд. Эрон низ қаблан чунин мақом дошт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ