Ҷинпин: Афғонистонро ба ташкили давлати фарогир ташвиқ кунем

Син Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ онлайнӣ суҳбат мекард, аз таҳримҳои ҷоришуда барои додугирифти иқтисодӣ дар ҷаҳони имрӯз интиқод кард.

Ӯ аз ҳеҷ кишваре ном набурд, вале гуфт, ҳамагуна монеа барои бозаргонӣ, тиҷорат ва фанновариҳо бояд бардошта шаванд ва ин фурсатҳо барои ҳама фароҳам шавад.

Раисҷумҳури Чин аз кишварҳои узви СҲШ даъват кард, ки “паҳлуи ҳамдигар истанд” ва нагузоранд, ки кишварҳои созмон мавриди таҳоҷуми кишварҳои дигар қарор гиранд. Ишораи раисҷумҳури Чин зоҳиран ба кишварҳои Ғарбӣ буд.

Тамаркузи Си Ҷинпин ҳам дар баромадаш бештар ба масъалаи Афғонистон буд ва ӯ гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чолишҳои пешомада дар Афғонистон бояд ҳамоҳанг кор кунанд.

“Бояд Афғонистонро ташвиқ кунем, ки давлати фарогир мустақар кунад. Давлате, ки дар ҳама масъалаҳо, аз ҷумла сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ миёнарав аст. Бояд ба ҳама гуна шаклҳои терроризм муқобила кунем. Талош кунем, ки Афғонистон масири сулҳу суботро тай кунад,”-афзуд раисҷумҳури Чин.

Си Ҷинпин ҳамчунин дар масъалаи пандемия ва пайомадҳои он батафсил суҳбат кард ва гуфт, Пекин дар панҷ соли оянда барои рушди тиҷорат дар кишварҳои ҳавзаи Шонгҳой миллионҳо доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Ҷинпин ҳамчунин аз ташкили ҳазорҳо ҷойи таҳсил барои шаҳрвандони узви кишварҳои СҲШ аз сӯи Чин хабар дод.

Раисҷумҳури Чин ҳамчунин гуфт, дар ҷаласаи имрӯз Эрон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмонҳои Ҳамкориҳои Шонгҳой қабул мешавад.

Дар ҷаласаи СҲШ, ки рӯзи 17-уми сентябр дар Душанбе оғоз шуд, Си Ҷинпин, раҳбари Чин ва Владимир Путин, президенти Русия онлайнӣ ширкат карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ