Марде, ки дар Амрико масҷидро тарконид, ба ҳабси абад маҳкум шуд

Эмили Клэр Ҳаррии 50-сола, маъруф бо лақаби Майкл Гарри, 5 августи соли 2017 барои бомбгузорӣ кардани маркази исломии Дор-ул-Форуқ дар Блумингтон, Миннесота ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Таркиш баъд аз 5 -и субҳ вақте рух дод, ки тақрибан 20 нафар дар масҷиди минтақаи марказӣ барои намоз ҷамъ шуда буданд. Клэр Гарри тирезаи утоқи намозро шикаста, ба он як маводи тарканда партофт ва сипас фирор кард. Дар натиҷаи таркиш ва сӯхтори ба амал омада касе осеб надидааст.
Довар Донован Франк, ки ин парвандаро баррасӣ мекард, ин ҳамларо «як амали террористии омодашуда ва тарҳрезишуда» тавсиф кард.
Клер Хари ҳамчун раҳбари як гурӯҳи ҷиноӣ эътироф шуд, ки алайҳи аҳолии маҳаллӣ амали террористӣ анҷом додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ