Ба филиали донишгоҳ 673 донишҷӯ қабул гардид

4–5 сол пеш танҳо 9 фоизи хонандагон ба муассисаҳои таълими олӣ дохил мешуданд. Ба соли хониши 2021–2022 омада, 28 фоизи хатмкунандагони мактаб донишҷӯи донишгоҳҳо гардиданд. То соли 2030 ба 30 фоиз расидани ин нишондиҳанда дар назар аст.
Дар маросими кушодашавии филиали Донишгоҳи давлатии Самарқанд дар Каттақӯрғон ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар ҳамин бора сухан ронд.
– Акнун донишгоҳ дохил шудани ҷавонон осон, вале гирифтани диплом душвор шуданаш лозим аст,-гуфт ҳоким.-Дар баъзе муассисаҳои таълими олӣ, масалан, Донишгоҳи политехникии Турин танҳо ба 50–60 фоизи донишҷӯён диплом тақдим карда мешудааст. Ин филиал, ки имрӯз кори худро оғоз менамояд, боварӣ дорам, чун муассисаҳои таълими олии Турин, Оксфорд, Кембриҷ бонуфуз мегардад. Барои ин нағз хондани донишҷӯён, иштирок кардани онҳо дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриву байналхалқӣ ва дар анҷуманҳои илмӣ лозим аст.
5 соли охир дар вилоятамон 6 муассисаи таълими олии нав ташкил карда шуд. Имрӯзҳо дар ин муассисаҳо қариб 60 ҳазор ҷавонон таҳсил мегиранд.
Дар филиали донишгоҳ, дар шаҳри Каттақӯрғон дар солҳои хониши 2021–2022 аз рӯи 11 самт 673 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 359 нафарашон дар асоси гранти давлатӣ, 314 нафарашон дар асоси шартнома қабул карда шуданд. 559 нафари онҳо ҷавонони самарқандӣ мебошанд.
– Аз имтиҳонҳои тестӣ холи баланд гирифта, донишҷӯи филиали Каттақӯрғонии ДДС гардидам, – гуфт Мухлиса Очилова. – Кушодашавии ин муассисаи таълими олӣ имконияте барои мо, ҷавонон мебошад. Инчунин, дар наздикии ҷойи зистамон таҳсил гирифтанамон ҳам аҳамияти алоҳида дорад. Мо, акнун, аз ин имкониятҳо босамар истифода намуда, бояд хубтар хонем.
Барои таъмири ҷории бинои хонишӣ, ки бо 950 нишастгоҳ таҷҳизонида шудааст, хобгоҳи дорои 200 ҷойгоҳ ва барои бо мебелу техникаҳои компутерии замонавӣ, адабиётҳои хонишӣ ва дигар воситаҳои моддӣ-­техникӣ таҷҳизонидани онҳо ба миқдори 7,5 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ