Хуб мешуд, мутасаддиён эътибор диҳанд

Дар ҳудуди маҳаллаамон 7 деҳа мавҷуд буда, «драйвер»-и мо боғпарвариву чорводорӣ ҳисоб меёбад. 40 дарсади аҳолӣ бо боғпарварӣ машғуланд. Хонадоне, ки ним гектар боғ дорад, дар як сол камаш 30–40 млн. сӯм даромад мегирад.
Алҳол ҳама бо ҷамъоварии ҳосил ва мавиз кардани он саргарманд.
Бояд гуфт, ки ҳамаи 7 деҳа дар асоси нақша бо баллонҳои гази моеъ таъмин карда мешаванд. Ҳоло дар оварда расонидани баллонҳои газ таъхир мешавад. Аз мӯҳлати муқарраршудаи он 20 рӯз гузарад ҳам, одамон дар интизори баллонҳоанд. Ҳамин ҳолат ба муаммо табдил ёфтааст. Мавсими зимистон наздик меояд. Агар дуто трансформатор васл карда нашавад, дар расонидани қувваи барқ қатъшавиҳо рӯй доданаш аз эҳтимол дур нест. Доир ба ин масъала муроҷиат карда будем. Натиҷаашро мунтазирем. Аз гузошта шудани баъзе симчӯбҳо аз 50 сол ҳам зиёдтар вақт гузашт. Баъзеи онҳо ба пӯсидан сар кардаанд. Агар онҳо иваз карда нашаванд, дар зимистон афтоданашон мумкин аст.
Идораи маҳалла низ дар ҳолати абгор мебошад. Ҳисоб карда дидем, ки барои таъмираш 100 млн. сӯм лозим. Барои ёфтани маблағ чорабиниҳо меандешем.
Боз як гап. Барои дар ҷояш ҳал кардани моҷарову низоъҳои оилавӣ кӯшиш дорем. Барои нигоҳ доштани оилаҳо ҳаракат мекунем. Аммо чунин ҳолатҳое низ ҳастанд, ки оиларо нигоҳ дошта намешавад. Барои мисол, шавҳар дар хориҷа кор мекунад, зан бошад дар деҳа бо фарзандонаш мондааст. Бачаҳо солҳо падарашонро, зан бошад ҳамсарашро надидаанд. Келин падаршӯ ва модаршӯяшро партофта, ба хонаи падараш рафтааст. Дар ҳалли чунин вазъият саргарангем. Дар айни ҳол 50 нафар ба хориҷа ба кор рафтаанд.
Бинобар ин, пешниҳоде доштем. Ҳудуди мо калон аст. Дар як рӯз гирд гашта баромада намешавад. Барои аз як деҳа ба дигараш рафтан ҳам нақлиёт даркор. Маоши раиси маҳалла кам. Росташ, аз худамон зиёдатӣ намекунад. Ба ин масъала мутасаддиён эътибор нигаронанд, хуб мешуд.

Шодиёр НИШОНОВ, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Дӯстлик»-и ноҳияи Иштихон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ