ҒОЛИБИ СЕ ОЗМУН

Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти кишварамон шоир ва мутарҷим, устод Асадулло Шукуров дар зинаи вилоятии озмуни “Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз” дар самти “Асарҳои бадеии шоиру нависандагон” барои тарҷимаи китоби шоири маъруф, Қаҳрамони Ӯзбекистон Эркин Воҳидов “Ҳангомаҳои Донишдеҳ” («Донишқишлоқ ҳангомалари”) ва китоби шеърии худ “Бодбараки хаёл” ҷои ифтихориро соҳиб гардида, ба зинаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта буд.
Дирӯз зинаи ҷумҳуриявии озмун, ки дар худ ғояи некӯи “Дар Ӯзбекистони нав озодона ва фаровон зиндагӣ кунем!”-ро ифода кардааст, ҷамъбаст гардид. Дар зинаи ҷумҳуриявӣ шоири шинохта Асадулло ШУКУРОВ дар самти “Асарҳои бадеии шоиру нависандагон” дар қатори ғолибон ҷой гирифт ва сазовори тӯҳфаҳои хотиравӣ гардид.
Ғайр аз ин, А.Шукуров дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар соҳиби нишони “30-солагии Истиқлолияти Ӯзбекистон” гардид. Инчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии “Барои Ватан зиндагӣ намоем” (“Ватан учун яшайлик”), ки ҳар сол аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон байни эҷодкорон гузаронида мешавад, ҷоизадор гардид.
Устодро бо ин комёбиҳои пай дар пай муборакбод менамоем ва таманнои онро дорем, ки чунин дастовардҳо бардавом бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ