Боҷхоначиён амалиёти иваз кардани маҳсулоти 11,9 млрд. сӯминаро фош намуданд

Боҷхоначиёни мамлакатамон найранги навбатиро, ки бо мақсади саркашӣ аз пардохти маҳсулоти аз хориҷ овардашуда содир гардидааст, барҳам доданд.
Дар давоми тадбирҳои зудамали васеъмиқёси аз ҷониби Кумитаи боҷхонаи давлатӣ ва садоратҳои он дар вилоятҳои Фарғона, Навоӣ, Намангон ва Самарқанд гузаронидашуда, ба кӯшишҳои қабл аз расминамоӣ иваз намудани боигариҳои моддӣ-маънавӣ, ки ба ҳудуди ҷумҳурият ба тариқи импорт ворид карда шудааст, хотима гузошта шуд.
Гап дар ин, ки ба номи яке аз субъектҳои тадбиркории дар вилояти Тошканд аз рӯйхат гузаронидашуда контейнери бор оварда шуд ва дар он мавҷуд будани маҳсулоти косметикӣ ва воситаҳои пардоз қайд гардидааст. Он барои расмикунонӣ ба пости боҷхонаи фаъолияти иқтисодии берунаи “Қӯқон” фиристода шуд.
Аммо ҳини аз назар гузаронидани маҳсулоти контейнери мазкур бошад, ба ҷойи воситаҳои косметикӣ ва пардоз мавҷуд будани саҳл камтар аз 1,5 тонна маҳсулоти шишагӣ ва зиёда аз 21 тонна хокаи либосшӯӣ аниқ карда шуд. Аз ин бармеояд, ки маҳсулот дар давоми роҳ иваз карда шудааст.
Сипас, дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби гурӯҳи зудамал гузаронидашуда ронандае, ки контейнери борро овардааст, пайдо карда шуд. Тибқи нишондоди ӯ, маҳсулоти контейнер дар яке аз анборҳои ноҳияи Тектемири пойтахт фароварда шудааст.
Аз рӯйи ҳолат тадбирҳои зудамали кофтуковии ҳатмӣ гузаронида шуда, анбори мазкур аз назар гузаронида шуд. Аммо маълум гардид, ки маҳсулот ба воситаи нақлиёти дигар бор карда, аз ин ҷо низ бурда шудааст.
Ходимони зудамал бошад, воситаи автонақлиётиеро, ки маҳсулоти мазкурро бурдааст, аниқ намуданд. Бинед, ки маҳсулот ба анбори яке аз тадбиркорони ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд бурда фароварда шудааст.
Дар натиҷаи аз назар гузаронидани анбори мазкур, дар ин ҷо мавҷуд будани камтар аз 461 намуди 721 дона воситаҳои косметикӣ ва пардоз, инчунин маҳсулоти шишагӣ ва хокаҳои либосшӯӣ маълум гардид.
Арзиши умумии маҳсулоти мазкур бошда, 11 млрд. 881 млн. 700 ҳазор сӯмро ташкил медиҳад.
Ҳоло аз рӯйи ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти боҷхона кори ҷиноӣ боз карда шудааст.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки аз аввали сол ин ҷониб дар зиёда аз 7700 ҳолатҳои қонуншикании боҷхона амалиёти гирифта бурдани ноқонунии маҳсулоти 547 млрд. сӯмина барҳам дода шуд.
Хизмати ахбори Садорати боҷхонаи вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ