КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАРҲАНГӢ БА ОХИР РАСИД

Шаҳри бостонии Хива мизбонии форуми байналмилалии “Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ”-ро бар дӯш дошт.
Шоми 14 сентябр майдони ҳавоии байналмилалии шаҳри Урганҷ намои идона касб карда буд. Дар ин ҷо зери садои карнаю сурнай ва доира маросими бошукӯҳи истиқболгирии иштирокчиёни форуми “Осиёи Марказӣ – дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ” баргузор шуд. Баъд қатори мошинҳо ба самти шаҳри Хива ҳаракат намуд ва он ҷо низ меҳмононро бо суруду таронаҳои диловез пешвоз гирифтанд.
Субҳи рӯзи панҷшанбе дар меҳмонхонаи “Фаровон”-и ин шаҳр вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков бо сухани муқаддимавӣ форумро ҳусни ифтитоҳ бахшид. Таъкид гардид, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ ташаббуси дар шаҳри Хива таъсис додани чунин як форуми байналмилалиро дар миён гузоштааст ва он ҳоло бо иштироки намояндагони 46 кишвари олам ва вакилони созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон баргузор гардидааст.
— Дар баргузор намудани ин форум ғайр аз ЮНЕСКО инчунин СҲШ, ICOMOS (Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ), ICCROM (Маркази пажӯҳишӣ оид ба ҳифз ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ) низ нақши муассир бозидаанд, – изҳор кард Озодбек Назарбеков.
Баъд вазири туризм ва варзиш Азиз Абдуҳакимов паёми хоси Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёевро ба иштирокчиёни форум қироат намуд. Дар паём, аз ҷумла омадааст, ки садаҳои IX-XII ба ҳайси “Қарни тиллоии фарҳанги исломӣ” эътироф шудаанд ва давраи Ренессанси якум ба ҳисоб мераванд. Дар ин давра Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотуридӣ, Бурҳонуддин Марғинонӣ, Абул Мӯин Насафӣ барин уламои бузург зодаву парварда шудаанд, ки ифтихори олами ислому маънавият мебошанд.
“Муҳаммад Хоразмӣ, Аҳмад Фарғонӣ, Абурайҳон Берунӣ, Абӯалӣ Сино, Маҳмуд Замахшарӣ аз алломаҳое мебошанд, ки бо эҷод ва кашфиёти бузургашон дар тараққии олам саҳми беназир гузоштаанд”.
Дар паёми Президент инчунин доир ба алломаҳое сухан меравад, ки дар давраи Ренессанси дуюм – асри XV нақши муассир бозидаанд. Онҳо Мирзо Улуғбек, Қозизодаи Румӣ, Ғиёсиддин Кошӣ, Алӣ Қушчӣ барин олимон, Лутфӣ, Атоӣ, Саккокӣ, Ҳофиз Хоразмӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ ва Бобур Мирзо мебошанд.
Он нукта низ дар паёми Шавкат Мирзиёев зикр шудааст, ки дар чорроҳаи тамаддун ва маркази Шоҳроҳи абрешим воқеъ гаштани Ӯзбекистон, фароҳам омадани имкониятҳои зиёд барои қавму миллатҳое, ки дар ин сарзамин дар фазои дӯстиву рафоқат ва амну субот сокин мебошанд, туҳфаи Худованд аст. Маҳз онҳо бо фарҳангу маърифати худ онро шукӯҳи хос бахшидаанд.
Ноиби директори генералии ЮНЕСКО оид ба фанҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ Габриэла Рамос дар бораи он ҳарф зад, ки ин нишасти фарҳангӣ то чӣ андоза аҳамияти калонро молик мебошад.
— Мавриди омӯзиш, нигаҳдорӣ ва оммавигардонӣ қарор додани мероси фарҳангии Ӯзбекистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле ногузир шумурда мешавад. Бар асоси ҳамкориҳои миёни Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО дар ин ҷода олимону коршиносон талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Қарор аст, ки дар чаҳорчӯби ҳафтаи мероси фарҳангии Конгресси панҷуми ҷомеаи ҷаҳонӣ баъзе чорабиниҳои муҳимро низ баргузор хоҳем кард. Яке аз ин чорабиниҳо “Мероси фарҳангии Ӯзбекистон – асоси Ренессанси навин” унвон гирифтааст, – гуфт Габриэла Рамос.
Дар пайи суханронии ин хонум Директори генералии ICOMOS Салом бинни Муҳаммад ал-Малик ва Дабири кулли СҲШ Владимир Норов (аз тариқи онлайн), директори генералии ICCROM Веббер Ндоро, намояндагони вазоратҳои фарҳанги Озарбойҷон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Дабири кулли Шӯрои давлатҳои туркӣ ба минбар баромада, роҷеъ ба нақши ин кишварҳо ва созмонҳо дар бобати омӯзиш, ҳифз ва оммавигардонии мероси фарҳангӣ, дар ин замина фаъолиятҳои беҳбуди робитаҳои фарҳангӣ маълумот ироа намуданд.
Дар маҷлиси умумии форум ва иҷлосияҳои алоҳида перомуни барқарор намудани анъанаҳои пешин, таҳ-қиқи дастхатҳои нодири маҳфуз, татбиқи стратегияи эҳёи бозори бизнесу туризми рақобатпазир дар Осиёи Марказӣ ва амсоли он якчанд маърӯзаи илмӣ-пажӯҳишӣ ироа гардид.

Гуфта шуд, ки ташкил ва тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ таҷдиди назар мехоҳад, зеро ҳанӯз баъзе мушкилоту монеаҳое мавҷуданд, ки барои амалӣ сохтани ин муқаддасот ва пешниҳоду тавсияҳо халали ҷиддӣ эҷод менамоянд.
Ногуфта намонад, ки форуми байналмилалии Хива дар чунин чаҳор бахш ба кори худ идома дод:

  1. Саҳми тиҷорат, табодули илмӣ ва амалӣ дар пешрафти Осиёи Марказӣ;
  2. Саҳми мероси фарҳангӣ ва илмии Осиёи Марказӣ дар ривоҷи фанҳои иҷтимоӣ ва гуманитарии муосир;
  3. Мероси Осиёи Марказӣ – асоси мустаҳками баргузории мулоқот ва ҳамкориҳо дар минтақа;
  4. Мубориза аз роҳи ҳамкорӣ дар ҷодаи фанҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ ва табодули таҷриба ҷиҳати коҳиши таъсири пандемияи COVID-19 ба рушди устувори Осиёи Марказӣ.
    Иштирокчиёни форум ба чунин натиҷа расиданд, ки омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ намудани мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ тақозои давру замон аст ва беҳуда Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев доираҳои фарҳангии минтақа ва мамолики дигарро ба гирдиҳамоии Тошканду Хива водор нанамудааст.
    Хусусан, дар маърӯзаҳои Президенти академияи улуми Қирғизистон М.Ҷуматаев, Президенти пажӯҳишгоҳи форси Британия Ч. Мелвилл, устоди Донишгоҳи фанҳои амалии Дрезден А.Родан-Понс, олими юнонӣ М.Илиакис, мутахассиси шаҳрсозӣ Е.Хайбертс, доктори санъатшиносӣ, директори галереяи санъати тасвирии Ӯзбекистон К.Оқилова, доктори меъморӣ, профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Осимӣ Солия Мамаҷонова, профессори Пажӯҳишгоҳи меъморӣ ва санъати Озарбойҷон Эртегин Саломзода ва дигарон дар иштирокчиёни форум таассуроти хеле хуб боқӣ гузошт.
    Дар чаҳорчӯби форуми байналмилалии Хива дар маҷмааи “Нуруллобой”, воқеъ дар наздикии Ичан-Қалъа маросими ифтитоҳи фаъолияти Қумитаи байналмилалии машваратӣ баргузор шуд. Дар таркиби он ҳашт нафар коршиносону мутахассисони хориҷӣ ва даҳ нафар маҳаллӣ, инчунин се нафар аз созмонҳои байналмилалии ICO-MOS, IKKROM ва CRA-terre шомил карда шудаанд. Дар ин маросим муовини Сарвазир – вазири туризм ва варзиш Азиз Абдуҳакимов, директори Маркази мероси умумҷаҳонии ЮНЕСКО Жёти Хосограхар (онлайн), Веббер Ндоро, вакили ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон Александрос Макаригакис ва меҳмонони дигар ширкат суханронӣ намуданд.
    Баъд аз сохтумони маҷмааи “Нуруллобой” боздид сурат гирифт. Он дар аввалҳои асри XIX оғоз ёфта, то соли 1912 идома кардааст. Гуфта мешавад, ки яке аз дигаргуниҳои охири ин сарой ба давраи хонигарии Исфандиёрхон марбут мебошад.
    Ин ёдгории таърихӣ, ки бо деворҳои ғафсу мустаҳкам иҳота гирифта шудааст, як қисми таърихи шаҳри Хиваро ташкил менамояд. Дар он ёдгориҳои зиёди меъморӣ мавҷуданд, ки ба Мероси башарӣ ва Осиёи Марказӣ ворид шудаанд. Ин ёдгориҳои қадимии қалъа дар масири солҳои дароз бунёд ёфтаанд ва баъзан онро ба асри XIV марбут медонанд.
    Ин бор низ шаҳри Хива ба сифати пойтахти фарҳангии олами турк эълон карда шуд.
    Дар форум мавҷудияти шаҳрҳои Хива, Самарқанд, Бухоро, Марв, Тараз, Хуҷанд, Нишопур, Балх ва Қашқар ба ҳайси марказҳои тиҷорат ва илму фарҳанги Осиёи Марказӣ таъкид гардид ва аҳамияти он дар рушду ривоҷи тамаддуни ҷаҳонӣ бори дигар эътироф карда шуд.
    Дар поёни форуми Хива Қатънома қабул карда шуд.
    Иштирокчиёни форум 16 сентябр дастаҷамъона ба шаҳри Нуқус рафтанд. Дар пойтахти Қароқалпоқистон тайи ду рӯз конфронс ва намоиши ҳунари бахшиҳо барномарезӣ шудааст.

Мирасрор АҲРОРОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ