Шифохонаи табиат


Зира — Ин тухми растаниест аз арпабодиён бориктар ва ба ранг гуногун мешавад: сиёҳ, сабз, зард ва сафед. Баргаш гирдшакл, қуббаи он монанди шибит аст, хушбӯй, дар аксари маҳалҳо месабзад. Ҳар як намуди зира бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ низ дорад. Даштии он ҳамчун даво аз бӯстонӣ қавитар ва кӯҳиаш аз даштӣ пурқувваттар аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар севум хушк аст, вале ба қавли баъзе табибон, гармӣ ва хушкиаш дар дараҷаи севум мебошад. Хислатҳои шифобахши он: зираро як шаб дар сирко тар карда, баъд дар бинӣ бирезанд ё он сиркоеро, ки зира дар он тар карда шуда бошад, дар бинӣ кашанд ва ё даруни биниро аз он зираи таркардашуда пур кунанд, хуни биниро мебандад.
Зираро як шабонарӯз дар об тар карда, баъд он обро дар чашм чаконанд, хунравии онро қатъ мекунад, пардаи дар он афтодаеро, ки чашмро торик мегардонад, пок месозад, реши чашмро шифо мебахшад, нуқтаҳои сурхи даруни чашмро мебардорад, кабудии хуни дар зери пӯст мурдаро дафъ менамояд (барои охиринаш хусусан, ки бо равгани зайтун даромехта чаконанд, беҳтар аст).
Зираро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, назлаҳоро мебандад ва дарди дандонро таскин медиҳад, хусусан бо қоқутӣ ҷӯшонида бошанд, дар ин бобат қавитар мегардад.
Зираро бо обе, ки сирко омехта бошанд, биёшоманд, душвории нафас, нафаси роста (ростнафас) ва дилтапак (дилбози)-ро, ки сабабаш сардӣ бошад, шифо мебахшад.
Хӯрдани зира ҷигар, меъда, гурда ва рӯдаҳоро қувват мебахшад; иштиҳоро ба ҳаракат меоварад, бодҳои дохилиро таҳлил медиҳад; хиккак (ҳиқичоқ)-и рутубӣ ва бодӣ, ҳазм наёфта фуромадани таом, дарди рӯдахо аз бисёрии бод, варами сипурз, исҳоли рутубӣ — ҳамаашро шифо мебахшад: пешобро меронад, чакмезакро ба ибро меоварад.
Зираро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм клизма кунанд, бодҳои зарарноки рӯдаҳо, меъда ва гурдаро таҳлил медиҳад, яъне пароканда месозад.
Зира барои одамони хунукмизоҷ, пирон ва балғаммизоҷон бисёр фоида дорад. Чун инро бо хӯришҳои хушбӯйи таом, масалан, бо шибит ва дорчинӣ, ҳангоми пухтани гӯшти бадҳазм дохил намоянд, онҳоро сабукҳазм, қавӣ мегардонад, дарунро мулоим менамояд, пешобро меронад ва бодҳоро таҳлилдиҳанда мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ