Ҷоизаи «Golden Boy»-ро кӣ соҳиб мешавад?

Рӯйхати довталабони ҷоизаи Golden Boy то 40 бозигар кам карда шуд. Ҳоло мо исми муддаиёнро барои шумо ошно хоҳем кард.

Барои ҷоиза Ҷуд Беллингем («Боруссия» Дортмунд), Мирон Боадю («Монако»), Эдуардо Камавинга («Реал»), Шарл де Кетеларе («Брюгге»), Эрик Гарсия («Барселона»), Райан Гравенберх («Аякс»), Мэйсон Гринвуд («Манчестер Юнайтед»), Илайш Мориба, Йошко Гвардиол (ҳарду – «РБ Лейптсиг»), Габриэл Мартинелли («Арсенал»), Ҷамол Мусиала («Бавария»), Михаил Мудрик («Шахтер»), Нуну Мендеш («ПСЖ»), Педри («Барселона»), Ҷованни Рейна («Боруссия» Дортмунд), Букайо Сака («Арсенал»), Флориан Виртц («Байер»), Иля Забарний («Динамо» Киев) ва дигарон мубориза мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки Golden Boy ҷоизаи ҳарсолаест, ки нашрияи Tuttosport ба беҳтарин бозигари ҷавони то синни 21 -солаи Аврупо медиҳад. Одатан ғолиб дар моҳи ноябр эълон карда мешавад. Соли гузашта ҳамлагари «Боруссия» Эрлинг Ҳолланд ин ҷоизаро гирифта буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ