«Гунаҳкорони» эҳтимолии пандемияи коронавирус муайян гардиданд

Дар ғорҳои оҳаксанги Лаос кӯршапаракҳое ёфт шуданд, ки қариб ҳамон намуди коронавирусро, ки боиси пандемия дар саросари ҷаҳон шудааст, сироят менамоянд. Дар «Research Square» пешакӣ дар ин бора нашр шудааст. Дар он натиҷаҳои тадқиқоти муштараки олимони Институти Пастер ва Донишгоҳи Лаосро тасвир шудааст.
«Дар ин ҷо мо нишон медиҳем, ки ин гуна вирусҳо воқеан дар кӯршапаракҳои ғор, ки дар минтақаи оҳаксанги карст дар шимоли Лаос, дар нимҷазираи Ҳинду Чин зиндагӣ мекунанд, паҳн шудааст» гуфта мешавад дар тавсифи пешакӣ.
Интиқолдиҳандагон кӯршапаракҳои намуди Rhinolophus (кӯршапаракҳои наъл) буданд. Чунин мушҳо инчунин дар минтақаҳои карстии оҳаксанг зиндагӣ мекунанд, ки хоси Чин ва Ветнам мебошанд. Дар ҳайвонҳои ин маҳалли муайян се намуди коронавирус пайдо шуданд, ки тақрибан ба штамми Вуҳани SARS-CoV-2 шабеҳанд. Онҳоро ба таври шартӣ BANAL-52, BANAL-103 ва BANAL-236 номгузорӣ намуданд. Онҳо як қисми шабеҳи сафедаи spike доранд, ки коронавирус барои пайваст кардани ферментҳои ACE-2 дар бадани инсон ва сироят кардани ҳуҷайраҳо истифода мебарад.
«Маҳз ин вариантҳои коронавирус эҳтимолан ба пайдоиши штамми Вуҳан мусоидат кардаанд ва метавонанд хатари ояндаи интиқоли мустақим ба одамонро ба вуҷуд оранд» — гуфта мешавад дар таҳқиқот.
Дар маҷмӯъ, олимон 46 намуди кӯршапаракҳоро омӯхтанд; барои таҷрибаҳо дар музофотҳои Вьентьян ва Удомксай дар давраи моҳи июли 2020 ва январи 2021 645 ҳайвонҳо дошта шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ