Сиёсатмадори собиқадори Тоҷикистон: Номи «Искандаркӯл” ба «Раҳмонкӯл» иваз карда шавад

Собиқ муовини раиси парлумон, сафири Тоҷикистон дар Русия ва сиёсатмадори кӯҳнакор дар тими раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев пешниҳод намудааст, ки номи “Искандаркӯл” ба «Кӯли Раҳмон» ё «Раҳмонкӯл» иваз карда шавад. Ӯ ин пешниҳодро дар як номаи сипосаш ба президент Эмомалӣ Раҳмон, ки дар нашрияи “СССР” чоп шудааст, зикр кардааст.
Бино ба хабари Азия-Плюс, Достиев ба таърихи юриши Искандари Мақдунӣ ба Осиёи Миёна, хиёнати Ороба, ки сари Спитаменро аз тан ҷудо карда, ба Искандар ҳадя овард ва духтараш Рухшонаро ҳам ба ин лашкаркаши истилогар бахшид, пардохтааст.
Ӯ онҳоеро, ки солҳои 90 -ум Тоҷикистонро ба домани ҷанг кашонданд, ба ҳамон Оробаҳои замони Искандар монанд карда, аз он изҳори ҳайрат кардааст, ки “Овоздорони” замон, ҳомиёни дин Александри хуни форсҳо рехтаро Ҳазрати Искандар номида, оробаҳои ватанфурӯш, аз тарси ҷон, аниқтараш, аз тарси бе мансаб мондан, кӯлро ба номи ҳамон хунхӯр – Искандаркӯл ном мегузоранд. Чӣ кори ғалатие, ҷои хуни рехтаи гургро ба номи гурги хунхӯр мондан? Ин кӯлро бояд тағйири ном кард!”
«Пас аз рӯи инсоф мебуд, агар бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кӯли мазкур номи «Кӯли Раҳмон» монем»,- гуфтааст Достиев.
Ба ақидаи собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия, бо табдили номи Искандаркӯл, “аввал ин ки, дар тӯли таърихи тоҷикон касе аз шоҳу амиру дигар роҳбарон, чун Пешвои миллат ҳастии худро барои аз нестшавӣ ҳифз сохтану пойдории давлати миллӣ набахшидааст ва арзандатарин аст. Дуввум, харитаи Ватани азизамон аз номи боз як аҷнабии ғосибу бадгуҳар — Искандари Мақдунӣ пок мегардад”.
«Дар интиҳо, ҳоло ки ба ғайр аз намояндаи миллати давлатсоз будан дигар ваколат надорам, хоҳиш мекунам, таклифамро қабул намоеду рӯйи харитаи кишвар, ҷойи Искандаркӯл, номи фарзанди асили миллат “Кӯли Раҳмон” ё “Раҳмонкӯл” сабт гардад», — навиштааст Достиев дар анҷоми номааш.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ